САҲИФАИ АСОСӢ
“РЕШАҲОИ НОАЙЁН” ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 13 Июль 2018
- Просмотров: 1366
Гумраҳе дар ботлоқи гумраҳон,
Мезанад даст, мезанад по ҳар замон.
Динфурӯш мазҳабфурӯши беимон,
Ҳамчу хар афтода дар гил ногумон.
Тамошои филми “Решаҳои ноайён”, ки шоми 18 июни соли равон аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионҳои кишвар намоиш дода шуд ва аз кору пайкори сиёҳи як тан аз хоинони ватан, воизи шинохтаи даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки имрӯз аз карда пушаймону иқрор ба гуноҳи худ аст, бешак ҳар фарди мусалмонро ба андеша водор месозад.
ТОБИСТОН ХУШ МЕГУЗАРАД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1376
Тобистон вақти бозӣ, вақти озодона интихоб намудани машғулияти дӯстдошта, вақте ки имконияти барқарор намудани кӯшишу ғайрати давоми сол сарфшуда ва саломатист. Тобистон фурсати муоширати озоданаи кӯдакон аст. Ҳамин аст, ки баъди дар муассисаҳои таълимии ноҳия хотима ёфтани дарсҳо Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия, ки таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб меравад дар ин давра дари худро ба рӯйи бачаҳо боз кардааст. Имрӯзҳо инҷо маҳфилҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, яккахонию дастаи созӣ-овозӣ, чеварони миллию рассомӣ, кулолгарию омӯзиши компютерӣ, шашкаю шоҳмот, сайёҳони ҷавон ва амсоли ин фаъолият менамояд, ки кӯдакон дар онҳо иштирок намуда, ройгон касбҳои дилхоҳи худро меомӯзанд. Ба ҷуз машғулият инчунин онҳо метавонанд дар озмунҳои гуногуни тарбиявӣ ширкат варзидаву ба сайёҳат раванд. Ҳамин аст, ки сафи падару модароне, ки хоҳиши ҷалб намудани фарзандони худро ба маҳфилҳои МЭКН доранд, меафзояд.
Зуҳро СОҲИБНАЗАРОВА.
МОҲИПАРВАРӢ: ПЕШРАФТИ СОҲА ТАБЪИ ДИЛ НЕСТ!
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1430
Дар ноҳия хоҷагиҳои моҳипарварӣ ноҳия тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар асоси «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» фаъолият намуда, имрӯз дар пешкаши сокинони ноҳия гардонидани моҳӣ то андозае саҳм гузоштаанд. Вале корҳои иҷро шуда барои пешрафти соҳаи моҳипарварӣ кифоят намекунад. Дарёи Элок бошад ба ривоҷи соҳа имконият медиҳад.
ВАЗОРАТ ҶАЛАСАРО ДАР ФАЙЗОБОД ГУЗАРОНД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1400
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор»-ро, ки 9 зертобеъ дорад, дар Файзобод гузаронд.
ЗАҒИРИ ФАЙЗОБОД КАЙ ТАМҒАИ САНОАТӢ МЕГИРАД?
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1507
Хонаи тоҷикро бе шакароб тасаввур кардан метавон? Ҳар гоҳ ки модарон хамир мекунанд, фатир ҳам мешӯранд, то шакароб тайёр кунанд. Агар он дӯғӣ нею бо обу равғани зағир омода гардад, чӣ қадар таъми хуш медиҳад?! Ё вақте гардсӯз (ордбирён) ба сифати субҳона бо равғани зағир пухта мешавад, лаззаташ дар даҳон мешинад ва бӯйи хуши он дер гоҳ боқӣ мемонад. Оши ба равғани зағир ҳам ҳузуру ҷони касест, ки гирифтори дарди фишорбаландӣ набошад.
ПАЙДОИШ ВА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1397
-ДУНЁИ АНДЕША-
Мафҳуми террор, ки имрӯз чун истилоҳ қабул гардидааст, аз вожаи лотинӣ «terror» гирифта шудааст. Дар забони тоҷикӣ он маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Ибтидои пайдоиши онро дар шакли терроризм гурӯҳе ба замони атиқа маҳсуб медонанд. Баъзе онро зуҳуроти охири асри 20 меҳисобанд.
МАЪЮБОН ЗЕРИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТАНД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1286
Ҳамасола дар кишвари мо 8 июлро ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил менамоянд. Аз рӯйи омори пешниҳодшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар айни ҳол дар саросари мамлакат 150 ҳазор ашхоси маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 26 ҳазори онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи мо ашхоси маъюб дар қайди бахши ҳифзи иҷтимоӣ меистанд. Ҷамоати шаҳраки Файзобод 212 нафар маъюб дорад.
ҲУҚУҚИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛИСТ
- Подробности
- Категория: ҲУҚУҚ
- Опубликовано 10 Июль 2018
- Просмотров: 1689
Чанде пеш дар толори Қасри фарҳанги ноҳия мизи мудаввар оид ба “Нақшаи миллиии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Шарҳи умумии даврӣ барои солҳои 2017-2020” бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода доир гардид.
ҲУНАРМАНДОНИ СЕРМАҲСУЛ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 09 Июль 2018
- Просмотров: 1510
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Дар ҳашт деҳаи ҳудуди ҷамоати калонтарини ноҳия - ҷамоати деҳоти Мискинобод низ ҳунармандон ба офаридани асбобҳои мусиқӣ - най, ғижак, рубобу дутор, думбра, дойра, ҳамчунин табақ, қошук, кафлес ва ғаӣра машғуланд.