Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ОҲАНГАР ВА НАВРӮЗ

«Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».

(Саъдӣ).

Олами рангину ҳунар барои Зиёратшоҳ аз овони хурдсолӣ ошност. Ҳангоми бозӣ бо ҳамсолон барои аз чашми онҳо ниҳон шудан ба дӯкони оҳангарии Бобо Аслон (бо номи Усто Аслон маъруф буд) сар дарун мекард ва борҳо иттифоқ меафтод, ки бозию ҳамсолонро фаромӯш карда, соатҳо ба асбобу олатҳои тайёру нимтайёри дӯкон чашм дӯхта, ҳаракатҳои мавзуну муназзами бобо ва шогирдонашро тамошо кунад. Ана оғоз аз ҳамон лаҳзаҳо меҳри касби оҳангарию сохтани олатҳои оҳангарӣ дар дили Зиёратшоҳи наврас маъво пайдо кард. Пас аз даргузашти Усто Аслон фарзанди бузурги ӯ Усто Сайёд ин анъанаи аҷдодиро идома дод, ки Зиёратшоҳ барҳақ худро шогирди падари бузургворашон Усто Сайёд медонад.

Имрӯз Зиёратшоҳ ин анъанаи авлодиро дар дӯкони оҳангарӣ, ки воқеъ дар замини наздиҳавлигиашон аз бобою падар мерос мондааст, идома медиҳад. Дар ҳақиқат, ҳунарманд ҳар ҷо ки бошад, соҳибэҳтиром аст. Мардуми   Дубедаю   маркази ноҳия ва ҳам деҳоти дурдасти ноҳия аз муштариёни доимии коргоҳи оҳангарии Зиёратшоҳанд. Зеро ноҳияи мо ноҳияи аграрӣ ва чорводорӣ аст, ки сокинони он ба асбобу олатҳои оҳангарии дӯкони Зиёратшоҳ эҳтиёҷи доимӣ доранд. Аз ин рӯ ҳамеша дари дӯкони Зиёратшоҳ серодам аст. Усто Зиёратшоҳу ду писари ӯ ҳамавақт машғули коранд. Чунки ба қавли усто мақсади аввалиндараҷаи онҳо хизмат ба сокинони диёру баровардани ҳоҷату мушкили онҳост. Олотҳои оҳангарии дост, каланд, хоркаш, наъл барои асп ва даҳҳо навъи дигари он талабгорону харидорони зиёд доранд. Хусусан барои наъли асп аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба дӯкони Усто Зиёратшоҳ эҳтиёҷмандон меоянд ва сифати наълҳои сохтаи ӯ аллакай дар тамоми ҷумҳурӣ овоза дорад. Маҳсули дасти Усто Зиёратшоҳ борҳо дар намоишгоҳҳо ва озмунҳои ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуда соҳиби баҳои баланд гардидааст. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии намоиши маҳсули дасти мисгарон оҳангарон, ки чанде пеш дар Боғи Ирами пойтахт доир шуд, бо асбобу олатҳои сохтаи худ иштирок намуда, сазовори ҷойи фахрӣ ва сипосномаи озмун гардид. Дар ҳамаи чорабинию ҷашнҳои сатҳи ноҳиявӣ бошад, маҳсули дастони пурэъҷози ин ҳунармандӣ мардумӣ зебу зинат ва маъракаоро   мебошад.

Ҳини суҳбат Усто Зиёратшоҳ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯз ин ҳунари аҷдодӣ дар умум дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

-Тасаввур кунед, ки,- мегӯяд ӯ,- дар тамоми ноҳия танҳо як дӯкони оҳангарӣ мавҷуд аст. Албатта ин як дӯкон барои баровардани эҳтиёҷоти мардуми ноҳияамон, ки аслан деҳқон ва чорводоранд, кифоя нест. Дуруст аст, ки бо пешравии техникаи муосир мушкилот як дараҷа ҳалли худро меёбад, аммо он маҳсулотеро, ки мо оҳангарон барои деҳқону чорводор омода месозем, ҳамеша ниёзманди худро дорад. Ба ҳамин хотир аст, ки чандин шогирдони омода намудаи ман имрӯз дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дигар ҷойҳо дӯконҳои оҳангарӣ сохта кору фаъолият доранд. Боиси қаноатмандист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша ба фаъолияти мо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Масалан, вазъияти дӯкони оҳангарии маро, ки дар замини наздиҳавлигии хонаи истиқоматиамон ҷой дорад, дида ба ман   барои ташкили сехи оҳангарӣ ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ замин ҷудо намуданд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои роҳбарияти ноҳияамон ман ҳам бо фарзандону шогирдони худ ҳама кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозем, ки ҷашнҳои барои ҳар кадоми мо муқаддас Наврӯз ва ҷашни дарпешистодаи Истиқлолиятро бо намоиши асбобу олатҳои нав ва хушсохти оҳангарӣ пешвоз бигирем. Ҳамзамон ман кӯшиш менамоям, ки дар тарбияи шогирдон ба хотири ривоҷи бештари ин касби бобоӣ саҳми бештаре дошта бошам.

Ҳ. БУЗУРГ.