Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ

Бо омадани баҳори гулпӯшу Наврӯзи аҷдодӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати бештару фарогире дорад. Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ободкориҳо ба чашм мерасанд.

Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияамон бунёди даҳҳо иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қисме аз он ба анҷом расид.

Сари ҳар қадам   дар ҳудуди ноҳия, шафати шоҳроҳ чашми роҳгузарон ба иншооти навқоматросткарда бар мехӯрад. Гуфтан мумкин, Файзободи азизи мо бо шарофати Истиқлолияту сулҳу ваҳдати миллӣ рӯз аз рӯз ободтару зеботар мегардад. Кӯчаву гулгаштҳои маркази ноҳия ҳусни тоза гирифта, шабона пурра чароғон   гаштааст. Хонаҳои баландошёнаву муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо таъмиру тармим шуда, дилкашу зебо ба чашм мерасанд. Чанд рӯзи охир сокинони диёр бо тамоми ҳастӣ кӯшиш намуданд, ки бо дастовардҳои хуб шукӯҳу шаҳомати тантанаҳои Наврӯзи байналмилалиро таъмин намоянд. Ин ободкориҳои мардуми бонанги ноҳия армуғонест ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.