ВАРЗИШ
ИДИ МАЙДОНДОРӢ
- Подробности
- Опубликовано 20.03.2020 14:40
Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ҷашни Наврӯзро бе сабқату тадбирҳои мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию човандозӣ, роҳнавардию пойга, аспдавонӣ, гурӯғлисароӣ, шатранҷбозию чавгони болои алаф ва дигар намудҳои дилтасхиркунанда тасаввур карда наметавонистанд.
Аз рӯи анъанаҳои асотири қадима дар Наврӯз паҳлавони сол муайян карда мешуд. Ба ҳамин хотир дар ҷашни Наврӯз беҳтарин паҳлавонон аз Афғонистону Ҳиндустон, Покистону Эрон ва соири кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти унвони ифтихории ғолиби якка ва тавонои сари сол ба диёри ҳамешабаҳори мо ташриф меоварданд.
Тибқи одоби майдондорӣ аз як ҷониб соҳибони майдон – ашхосе, ки таҷлилгари мусобиқоти ҷашнӣ маҳсуб мешуданд ва аз ҷониби дигар меҳмонон-саф меоростанд. Дар нахустин дидорбиниҳо сабқати паҳлавонони вазнҳои хурд доир мегардид, рӯзи дигар маҳоратсанҷӣ миёни паҳлавонони вазнҳои миёна ва рӯзи анҷоми сабқат паҳлавонони сангинвазн бо ҳам қувваозмоӣ мекарданд.
Мардум аз қадимулайём бо қиссагӯи, ба мисли лаклакбозӣ, аспсаворӣ, хирсбозӣ, фасонагӯӣ, гурӯғлисароӣ, нақлу қисса, ривоятҳои аҷоиб доир ба хусусиятҳои родмардони асил ва паҳлавониҳои Рустаму Сӯҳроб, Исфандиёр ва Сиёвуш оммаи васеи шунавандагон ва тамошобинонро ҷамъ меоварданд.
Тӯҳфаҳо барои ғолибони тадбири ҷашнӣ аз уштур, асп, барзагов, гӯсфанд, буз иборат буданд ва дар баъзе ҳолатҳо соҳибмаърака хоҳарон ва ё духтарони ба балоғат расидаи арӯсиро низ чун подоши заҳмати аз ҳама паҳлавони нерӯманд пешниҳод мекарданд. Аз рӯи анъана шахсеро ба сифати «ҷорчӣ» таъин намуда, як ҳафта қабл аз ифтитоҳи чорабинии ҷашни Наврӯз дар бозор, масҷиду ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам мардумро барои иштирок дар ин тадбири авлодӣ даъват мекарданд. Бо ҳамин васила аз атрофу акноф беҳтарин паҳлавонон, човандозон, аспдавонон бо ҳам меомаданд.
Дар оғози ҷашни Наврӯз рӯзи нахуст шуғли мардумии бузкашӣ бо тамоми рукну салосат ва санъати волои мардумӣ фораму хотирмон сипарӣ мегардид. Рӯзҳои дуюму сеюм машғулиятҳои аспдавонӣ, пиёдапойга, рӯзҳои чаҳорум ва панҷум сабқати суннатии гӯштингирӣ, рӯзҳои шашуму ҳафтум камонкашӣ аз ғулак ба таври росто, аз ҷой истода ва баъд аз болои асп, дар сари дав камонкашӣ аз ғулак баргузор мешуд. Ҳоло, дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, қадру манзалати варзишгарон нисбати солҳои зимомдории давлати абарқудрати шӯравӣ хеле боло рафтааст. Агар солиёни пешин пирӯзии як нафар паҳлавони пилтанро бо як ҷуфт калӯш ва ё як ҷома қадршиносӣ менамуданд, пас ҳоло барои ғолибияти маъракаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон то се, ё чор мошини гаронарзиш қадр карда мешавад. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба ба расмият пазируфта шуд. Акнун ҷашни Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21–уми март шурӯъ гардида, расо 45 рӯз давом мекунад. Яъне як соли тӯлонӣ паҳлавонони ҳузарб ва майдондида барои истиқболи ин ҷашни фархунда ва ҷаҳонии Наврӯз омодагӣ мегиранд. Роҳбари хирадманди мо барои поси суннатҳои аҷдодиамон, ки асоси ҳама намуди варзишҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд, ба ҷашни Наврӯз қабои ҷаҳонӣ пӯшонида, бо ҳамин васила Наврӯзи навбаҳоронро пешкаши оламиён намуд.
С. РОЗИҚОВ, “НФ”.