Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МЕҲМОНХОНА

РӮ БА СӮИ БУНЁДКОРӢ

«Ба бунёдкориву созандагӣ рӯ оварда, эҳёи Ватани бостониамонро таъмин месозем» 

Эмомалӣ Раҳмон.

 

Меъморӣ ва санъати лоиҳакашӣ яке аз рукнҳои муҳими ҳаётиест, ки   мувофиқи имкониятҳои техникӣ ва зарурияти маънавии ҳозиразамон амалӣ карда мешавад.

Аслан меъморӣ ин намуди зоҳирии бино ва дигар иншоот аст, ки чи алоҳида ва чи якҷоя дар назар дошта мешавад. Он ҳамчун нишони фарҳанг ва сиёсати халқ, ҳамчун санъаткорӣ қабул карда мешавад ва аз ҷониби дигар яке аз паҳлуҳои асосӣ ва муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ аз рӯйи дастовардҳои меъморӣ баҳогузорӣ мегардад.

Санъати меъморӣ ва лоиҳакашии халқи тоҷик таърихи бой ва хеле қадима дошта, дар ҷараёни тараққиёти бисёрасраи худ намунаҳои нодири осори меъмориро офаридааст. Бисёр ёдгориҳои бебаҳои оламшумуле, ки то ба замони мо омада расидаанд    таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд.

Вале дар ҳамаи давру замон, чун амри қатъӣ санъати меъморию лоиҳакашӣ мувофиқи имконият ва зарурати мардум амалӣ мегардад.

Ба симои имрӯзаи қаламрави ноҳия назар андохта, дигаргуниҳои куллиро дар созандагию ободкорӣ ва меъморию лоиҳакашӣ бараъло эҳсос кардан мумкин аст. Зеро биноҳои муҳташаму замонавӣ ва бо маҳорати баланди меъморӣ бунёдёфта бинандаро ба он водор месозад, ки шукр аз истиқлолияти кишвар ва бақову пояндагии он намояд.

Боиси қайд аст, ки дар ҳамаи ободкорию дигаргуниҳои  симои ноҳия   саҳми корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» басо калон аст. Фаъолияти  корхонаи мазкур тавъам ба даврони соҳибистиқлолии кишвар аст. Сарварии корхонаи мазкурро аз соли 2007 то инҷониб Нарзулло Давлатов бар уҳда дорад. То ба роҳбари ин корхона таъйин шудан Нарзулло Давлатов аллакай таҷрибаи хуби кори сохтмонӣ андӯхта буд. Бо ба самти муайяну дуруст ба роҳ мондани кор ва ҷалби мутахассисони хубу варзида дар ободӣ ва бахусус шаҳрсозии ноҳия тағйироту дигаргуниҳо пай дар пай ба амал омаданд. Аксарияти лоиҳаҳои биноҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти хурду бузурги гуногун маҳз дар ҳамин корхона тарҳрезӣ ва таҳия мешаванд.

Вақте ки бо директори корхона Нарзулло Саидов ҳамсуҳбат шудем, ӯ бештар кӯшиш мекард, ки дар бораи дастоварду пешрафтҳои ҳакоронаш суҳбат намояд. Ҳангоме ки муваффақияту дастовардҳои мутахассиси ҷавони корхона Талабшоҳ Ашӯровро ёд кард, аз хурсандӣ чашмонаш барқи шодӣ мепошиданд. Ин худ гувоҳ аст, ки ӯ дастгиру мададгори ҳамешагии ҷавонон аст. Бале, дар бораи Талабшоҳ Ашӯров сухан кардан ин ифтихор ва сарбаландии ҳамаи аҳли коргоҳ ва ҳам мардуми ноҳия аст. Чунки лоиҳаи омоданамудаи ин меъмори муъҷизакори корхона соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, бо мукофотпулӣ ва диплом сарфароз гардонида шуд. Лоиҳаи таҳиянамудаи ӯ «Порча» (фрагмент), аз нақшаи генералии кӯчаи Вашгирди шаҳраки Файзобод» ном дошта, сохтмонаш дар даромадгоҳи шаҳраки Файзобод ба нақша гирифта шудааст.

Маврид ба зикр кардан аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахусус раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода, ки марди бунёдкору ободкор аст ва барои пешрафти ноҳия заҳмати шабонарӯзӣ мекашад, ҷузъе аз ин лоиҳа бо номи «Лавҳи истиқбол» сохта ба истифода дода шуд, ки он дар даромадгоҳи маркази ноҳия мавзеи аз ҳама зебо ва тамошогоҳи мардум қарор гирифтааст. Муҳим аз ҳама он ҷойи чанд лаҳзаи хурсандию аксбардории ҳамаи навхонадоршавандагони ноҳия гаштааст. Дар ҳоле ки чанд сол муқаддам барои чанд дона акс бардоштану лаҳзаҳаке хурсандӣ кардан навхонадоронро лозим меомад, ки ба шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе раванд.

Лоиҳаи омоданамудаи Талабшоҳ дар шакли пуррааш барои намуна дар осорхонаи ноҳия гузошта шудааст. Ҳақиқатан ҳам, дар таҳияи лоиҳа аз санъати баланди меъмории миллӣ ва ҷузъиёти санъати меъмории муосир эҷодкорона ва эъҷозгарона истифода шудааст. Ҳамаи ин маҳсул ва натиҷаи хаёлоти бою рангин ва дастони моҳиру пурэъҷози Талабшоҳ Ашӯров аст. 

Бинобар ин умед ва боварӣ бар он аст, ки бо муътадилшавии вазъи иқтисодӣ лоиҳаи омоданамудаи Талбшоҳ амалӣ карда мешавад ва мо боз ҳам шоҳиди бунёд ёфтани зеботарин биноҳои истиқоматии баландошёна дар ноҳия хоҳем гардид.

НАРГИС – МАЙОРИ МИЛИТСИЯ


10 НОЯБР - РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

Майори милитсия Наргис Сайфуллобекова соли 1977 дар шаҳраки Файзобод таваллуд шуда, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар суди ноҳия вазифаи котиба-коргузор ва аз соли 2004 то инҷониб дар ШВКД ноҳия дар вазифаҳои корманд-мутахассиси шуъбачаи шиносномадиҳӣ, муфаттиш, нозири кор бо ноболиғон, ёрдамчии сардор дар гурӯҳи таҳлилӣ ва бақайдгирӣ ва айни ҳол дар вазифаи эксперт-криминалист кор карда истодааст. Бо нишони «Аълочии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои зиёде қадршиносӣ гардидааст. Аъзои шӯрои занони ноҳия мебошад.
Дар арафаи Рӯзи милитсия майор Наргис Сайфуллобекова меҳмони нашрияи «Набзи Файзобод» шуд.

- Наргисбону, баъзан мегӯянд «милитсия кори зан нест». Шумо, ки имрӯз аз корманди қаторӣ то ба рутбаи майори милитсия расидаед, ба ин гуфтаҳо чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?


-Ин андешаҳоро ман комилан инкор менамоям. Зеро тӯли зиёда аз 13 соли фаъолияти кориам дар ШВКД ҳис намудам, ки зани тоҷик аз уҳдаи кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мебарояд. Шукргузорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои наҷибу дастгирии ҳамешагиашон мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштанд. Акнун занон метавонанд бе ягон мамониат дар соҳаҳои гуногун кору пайкор намоянд. Аз ҷумла, дар соҳаи мақомоти қудратӣ. Имрӯз мо панҷ нафар занон- подполковники милитсия Леонтева Елена Евстафеевна, лейтенанти калон Савринисо Тағоева, прапоршик Шаҳноза Назарова, старшина Зарина Раҷабова ва ман дар ШВКД кор карда истодаем. Воқеан, хоҳарам капитани милитсия Мадина Сайфуллобекова дар Раёсати ташхиси экспертӣ- криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Гумон мекунам, ки сафи мо бонувон ҳанӯз дар мақомоти қудратӣ кам аст.


- Вазифаи имрӯзаи шумо - эксперт- криминалист. Яъне ки…


- Ҷое, ки ҳодисаи нохуше, ҷинояте рӯй медиҳад, мо аз аввалинҳо шуда барои тез кушода шудани ҷинояту маълум кардани сабабҳои ҳодиса он ҷо ҳозир мешавем. То қадри имкон кӯшиш мекунем, ки аз рӯи изи даст, изҳои биологӣ, чеҳраву рамузи одамон ҷиноят ҳар чӣ тезтар кушода шавад. Соле пештар дар деҳаи Бӯстон аз дасти ноҷавонмардони деҳаи мазкур марди дигаре ба қатл расонида шуд. Чашми пурдону малакаю маҳорати калони кори оперативии кормандони мо имконият дод, ки баъди чанд соати хабар ёфтан, ин ҷинояти вазнин кушода шавад. Яъне ки эксперт-криминалист бояд ҳамеша омодаи иҷрои вазифа бошад. Ва иҷрокунандаи вазифа бояд аз бедорхобиҳо, заҳматҳо, ранҷу хатарҳо натарсад. Мо кормандони милитсия ҳуқуқи хато кардану ҷиноятро рупӯш кардан надорем.


- Дар вохӯриҳое, ки шумо бо бонувон мегузаронед асосан сари кадом мавзӯъҳо бештар таваҷҷӯҳ мекунед?


- Шӯрои занони ноҳия, ки ман низ аъзои он мебошам бо навбат дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои судманд мегузаронад. Муҳтавои вохӯриҳои мо бештар дар атрофи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар масъалаҳои ҳаррӯзаи ҳаёт мегузаранд. Як чизро бояд бигӯям, ки вақте дар вохӯриҳо ангуштшумор ҳам бошад, номи ҷиноят содир кардани баъзе бонувонро аз ноҳия мегирам, аз чеҳраи иштирокчиёни вохӯриҳо ҳувайдо мегардад, ки онҳо рафтори чунин занонро қатъиян маҳкум менамоянд. Зан олиҳаи муҳаббат, садоқату латофат, шафоату шарофат, рамзи раҳму шафқат, меҳру покият аст. Ҳаргиз намехоҳам, ки зери ин гуфтаҳо калимаи «ҷиноят» зам гардад.


- Наргисҷон! Чун суҳбати мо дар арафаи иди касбиятон – Рӯзи милитсия сурат мегирад шумо ва дар шахси шумо тамоми кормандони ШВКД-и ноҳияро муборакбод гуфта дар иҷрои вазифаи душвору пурмасъулиятатон барор мехоҳем. Умедворӣ мебахшем, ки мардум дилпур бошанд, ки дар симои шумо ҳамеша ҳимоятгару пуштибони қавие доранд.


- Ташаккур!

…ТУРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

Имрӯз 9-сентябр мардуми Тоҷикистони азиз 24-умин санаи ба Истиқлол расидани хешро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегиранд. Яъне Истиқлолияти давлати тоҷик 24-сола мешавад. Имрӯзҳо аксари насли ҳамсоли истиқлол соҳиби касбу ихтисос буда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт кору пайкор намуда, дар ободию шукуфоии ватани биҳиштосоямон – Тоҷикистон ҳиссагузоранд. Мо бо чанд нафар ҳамдиёронамон - зодагони соли истиқлол дар арафаи ин рӯзи саид   суҳбати сари роҳии  идонае доштем, ки муҳтавои онро манзури хонандагони  «НФ» мегардонем.

Подробнее...

ЛУТФИ СОЛИНАВӢ

Ба мудири бахши кор бо занон ва оила Гул Халифаева:

Ба номат лоиқу арзандаӣ ту,
Гулӣ, гулдастаӣ, зебандаи ту.
Ҳама рафтору гуфтанҳот ширин,
Ва ширинтар лаби дар хандаи ту.

Подробнее...