МЕҲМОНХОНА
НАРГИС – МАЙОРИ МИЛИТСИЯ
- Подробности
- Опубликовано 09.11.2017 16:45
- Автор: Super User
10 НОЯБР - РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
Майори милитсия Наргис Сайфуллобекова соли 1977 дар шаҳраки Файзобод таваллуд шуда, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар суди ноҳия вазифаи котиба-коргузор ва аз соли 2004 то инҷониб дар ШВКД ноҳия дар вазифаҳои корманд-мутахассиси шуъбачаи шиносномадиҳӣ, муфаттиш, нозири кор бо ноболиғон, ёрдамчии сардор дар гурӯҳи таҳлилӣ ва бақайдгирӣ ва айни ҳол дар вазифаи эксперт-криминалист кор карда истодааст. Бо нишони «Аълочии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои зиёде қадршиносӣ гардидааст. Аъзои шӯрои занони ноҳия мебошад.
Дар арафаи Рӯзи милитсия майор Наргис Сайфуллобекова меҳмони нашрияи «Набзи Файзобод» шуд.
- Наргисбону, баъзан мегӯянд «милитсия кори зан нест». Шумо, ки имрӯз аз корманди қаторӣ то ба рутбаи майори милитсия расидаед, ба ин гуфтаҳо чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
-Ин андешаҳоро ман комилан инкор менамоям. Зеро тӯли зиёда аз 13 соли фаъолияти кориам дар ШВКД ҳис намудам, ки зани тоҷик аз уҳдаи кор дар тамоми соҳаҳои ҳаёт мебарояд. Шукргузорем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои наҷибу дастгирии ҳамешагиашон мақоми занро дар ҷомеа баланд бардоштанд. Акнун занон метавонанд бе ягон мамониат дар соҳаҳои гуногун кору пайкор намоянд. Аз ҷумла, дар соҳаи мақомоти қудратӣ. Имрӯз мо панҷ нафар занон- подполковники милитсия Леонтева Елена Евстафеевна, лейтенанти калон Савринисо Тағоева, прапоршик Шаҳноза Назарова, старшина Зарина Раҷабова ва ман дар ШВКД кор карда истодаем. Воқеан, хоҳарам капитани милитсия Мадина Сайфуллобекова дар Раёсати ташхиси экспертӣ- криминалистии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Гумон мекунам, ки сафи мо бонувон ҳанӯз дар мақомоти қудратӣ кам аст.
- Вазифаи имрӯзаи шумо - эксперт- криминалист. Яъне ки…
- Ҷое, ки ҳодисаи нохуше, ҷинояте рӯй медиҳад, мо аз аввалинҳо шуда барои тез кушода шудани ҷинояту маълум кардани сабабҳои ҳодиса он ҷо ҳозир мешавем. То қадри имкон кӯшиш мекунем, ки аз рӯи изи даст, изҳои биологӣ, чеҳраву рамузи одамон ҷиноят ҳар чӣ тезтар кушода шавад. Соле пештар дар деҳаи Бӯстон аз дасти ноҷавонмардони деҳаи мазкур марди дигаре ба қатл расонида шуд. Чашми пурдону малакаю маҳорати калони кори оперативии кормандони мо имконият дод, ки баъди чанд соати хабар ёфтан, ин ҷинояти вазнин кушода шавад. Яъне ки эксперт-криминалист бояд ҳамеша омодаи иҷрои вазифа бошад. Ва иҷрокунандаи вазифа бояд аз бедорхобиҳо, заҳматҳо, ранҷу хатарҳо натарсад. Мо кормандони милитсия ҳуқуқи хато кардану ҷиноятро рупӯш кардан надорем.
- Дар вохӯриҳое, ки шумо бо бонувон мегузаронед асосан сари кадом мавзӯъҳо бештар таваҷҷӯҳ мекунед?
- Шӯрои занони ноҳия, ки ман низ аъзои он мебошам бо навбат дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои судманд мегузаронад. Муҳтавои вохӯриҳои мо бештар дар атрофи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар масъалаҳои ҳаррӯзаи ҳаёт мегузаранд. Як чизро бояд бигӯям, ки вақте дар вохӯриҳо ангуштшумор ҳам бошад, номи ҷиноят содир кардани баъзе бонувонро аз ноҳия мегирам, аз чеҳраи иштирокчиёни вохӯриҳо ҳувайдо мегардад, ки онҳо рафтори чунин занонро қатъиян маҳкум менамоянд. Зан олиҳаи муҳаббат, садоқату латофат, шафоату шарофат, рамзи раҳму шафқат, меҳру покият аст. Ҳаргиз намехоҳам, ки зери ин гуфтаҳо калимаи «ҷиноят» зам гардад.
- Наргисҷон! Чун суҳбати мо дар арафаи иди касбиятон – Рӯзи милитсия сурат мегирад шумо ва дар шахси шумо тамоми кормандони ШВКД-и ноҳияро муборакбод гуфта дар иҷрои вазифаи душвору пурмасъулиятатон барор мехоҳем. Умедворӣ мебахшем, ки мардум дилпур бошанд, ки дар симои шумо ҳамеша ҳимоятгару пуштибони қавие доранд.
- Ташаккур!