Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

БЕТАРАФ НАБОШЕМ

Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд : ” Мо ба азму ирода ва масъулиятнокии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътиқоди калон дорем… аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллатамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошед, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд».

Гуфтаҳои боло ба чунин маънист, ки дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ накунем.

Вале, чи тавре мебинем, ҳастанд падару модароне, ки нисбати тарбияи фарзандон хушбин нестанд. Фарзандон аз фориғболии онҳо истифода карда ба корҳои ношоиста даст мезананд. Читавре аз мушоҳидаҳо медонем шахсони соҳибкор фарзандони ноболиғи худро дар мағозаву бозор ва шустушуи мошинҳо истифода мебаранд, ҳол он ки ин кор хилофи қонунҳои қабулшуда мебошад.

Нозироти андоз барои иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.02.2017 таҳти рақами 835 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақша чорабиниҳо тартиб дода байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Ҳангоми гузаронидани санҷишу рейдҳо аз ҷониби кормандони мо ҳолатҳои истифодаи фарзандони ноболиғ дар фаъолияти соҳибкорӣ ошкор мешаванд Албатта доир ба ҳолати кор нисбати чунин волидон санад тартиб дода, чарима ситонида мешавад. Новобаста ба ин вазъ ислоҳ намешавад. Мақсад аз баёни андеша он аст, ки мо дар тарбияи фарзанди худ масъул бошем, яъне нагузорем, ки амалҳои манъкардаи қонунҳо ноиҷро намонанд.

Ислом Табаров,

сармутахассиси бахши ситонидани

қарзи андози Нозироти андози ноҳия.