Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ОЛИМАЕ АЗ ЧИЛЧАШМА

Ифтихор мекунем, ки дар қатори даҳҳо фарзандони донишманди диёр, ки дар пайроҳаи васею қуллаҳои баланди илм комёб гардидаанд, бонувон низ зиёданд. Аз рӯи маълумотҳои мо имрӯз 8 нафар бонувони диёр номзади илм ва 5 нафари дигар унвонҷӯянд. Яке аз он бонувони олима зодаи деҳаи Чилчашма Барно Қурбонова мебошад.

Ӯ соли 1997 мактаби миёнаи рақами 4 ва тавассути квотаи президентӣ факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо унвони бакалаври кишоварзӣ ва соли 2003 магистратураро бо ихтисоси агроном-олим бо муваффақият хатм кардааст. Соли 2009 рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Усулҳои парвариши чормағзи заминӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ” ҳимоя намуда, номзади илмҳои кишоварзӣ гардидааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз муаллимаи фанни биология дар мактаби миёнаи рақами 29-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз намуда, сипас чун лаборанти калони кафедраи растанипарварӣ, ассисенти ҳамин кафедра дар ДАТ, омӯзгори калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва аз сентябри соли 2017 дотсент, мудири кафедраи растанипарварии ДАТ то инҷониб давом дода истодааст. Барно Қурбонова зиёда аз 64 мақолаи илмӣ, 3 китоб, 17 дастури илмӣ ва 2 тавсиянома навиштааст, ки аз он имрӯз омӯзгорону донишҷӯён васеъ истифода мебаранд. Дар арафаи иди фархундаи Рӯзи Модар мо бо ин олимаи ҷавони диёр суҳбати телефонӣ доштем.

-        Квотаи президентӣ – роҳнамои духтарони лаёқатманди кӯҳистон. Имрӯз, ки шумо аз ин дастгирӣ бархӯрдор гардидаед, шояд гуфтание доред?

-         Таъсиси квотаи президентӣ барои духтарони минтақаҳои дурдасти Ватанамон аз зумраи он дастгириҳоест, ки имрӯз меваҳои шаҳдбор ба бор овардааст. Тасмими Сарвари давлат дар мавриди таъсиси квотаи президентӣ як иқдоми саривақтӣ дар тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон аз ҷумлаи духтарон буд. Зеро ҷавонони зиёде дар деҳоту шаҳракҳо бо вуҷуди доштани донишу заковати баланд, бинобар мушкилии рӯзгор наметавонистанд таҳсили хешро дар муассисаҳои олии таълимии кишвар идома бидиҳанд. Квотаи президентӣ роҳи кушоду сабзеро барои онҳо боз кард. Худро хушбахт меҳисобам қатори даҳҳо духтарони лаёқатманд ман низ сазовори квотаи президентӣ гардидам. Ва хушбахттар аз онам, ки заррае ҳам бошад, қатори дигар муҳаққиқони диёр дар пешрафти илми тоҷик ҳиссагузорам.

-        Чун иди баҳору Наврӯз тавъам бо иди Рӯзи Модар аст ва омад-омади фасли баҳор аз он ибтидо мегирад, ба шахс як ҷаҳон рӯҳу илҳоми хоса мебахшад. Лаҳзаеро дар ҳаёт аз ин рӯзҳои рӯҳнавози баҳорӣ ба ёд меовардед?

-        Баҳорон, айёми донишҷӯӣ аз душанбешаҳр ба деҳа озими сафар шудам. Чун ба канори деҳа расидам, аз нақлиёт пиёда гардидам. Маро дарахтони боғҳои атрофи деҳ, ки саросар гулфишон буданд, ба худ ҷалб намуданд. Гӯё тамоми деҳа саросар ғарқи гул шуда, ба атроф накҳати атромези гулу раёҳин паҳн шуда буд. Пеш аз ворид шудан ба деҳа лаҳзае дар истгоҳ истода деҳаи азизамро серӣ тамошо кардам. Чун ба дарвозаи падарӣ ворид шудам, волидонам зери дарахти калони ғарқи гули зардолу болои суфа нишаста ба пешвозам аз ҷой бархостанд. Пас аз вохӯрӣ пурсон шудам, ки оё онҳоро низ зебоиҳои табиати деҳаамон чун ман ба ваҷд овардааст? Падарам бо табассум гуфтанд: “духтарам, мо ҳамарӯза аз ин накҳату зебоии деҳ баҳраварем, чун ту чанд вақт наомада будӣ, ин ҳамаро бо шевои дигар шояд эҳсос намудаӣ”. Аз он рӯзҳо солиёни зиёд сипарӣ гаштанд, аммо ҳанӯз ҳангоми фасли баҳор ба деҳа омадан он лаҳзаҳо маро фарогир мешаванд.

-        Барноҷон, таманниёти шумо дар рӯзи иди Модар ба бонувон.

-        Дар айёми гулгулшукуфии баҳор мо ҳамеша ба аёдат ва табрикоти модари азиз ба деҳа меоем. Дар симои модари азизи хеш тамоми модарону бонувони арҷманд ва ниҳоят азизу меҳрубони тоҷик, бахусус диёри азизам Файзободи файзбору файзрезро ба муносибати иди Модар самимонаю меҳрофарона мубракбод намуда, ба онҳо рӯзгори саршор аз саодату сарфарозӣ, бахту иқболи баланд, тани солим, хотири ҷамъу дили беғам ва дар фаъолияти ҳаррӯзаашон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Модарону бонувони гиромии моро бахту саодати бепоён насибашон бошаду дасти каму дили ғаму чашми намро набинанд.

Т.МУНАВВАРА.