Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

НАВРӮЗ- СУННАТИ МОНДАГОРИ ВАҲДАТГАРО

 Вақте дар бораи Наврӯзи оламафрӯз меандешем, сарнавишти  пурифтихору сурурангез ва гоҳо пурфоҷиаи ин суннати неки аҷдодӣ, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ёдамон меояд. Бахусус  замони Шӯравӣ , ки ин ҷашни фархунда расман манъ шуда буд ва то охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта анқариб касе аз он ёд намекард. Вале ҳеҷ таъқиб ва манъкарданҳо ҷойгоҳи ин расми барозандаи ниёконро дар дил ва рӯҳи мардум танг намекард. Мардону занон дар шаҳру деҳот, ба ҳар навъе, аз он ёд мекарданд ва шукӯҳу ҷалолашро гиромӣ медоштанд. Зимни ин муроқиба  суоли аввале, ки дар зеҳнамон  пайдо шуд, ин буд, ки омили аслии намирандагӣ ва рӯз ба рӯз афзудани иштиёқи мардум ба  Наврӯз чист?

Подробнее...

ГУЛИ ХУРШЕДУ МОҲУ ҲАМ СИТОРА…

 

29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО-Идораи илму фарҳанги СММ, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ»

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!

Имрӯзҳо ба сарзамини зебову соҳибистиқлоли тоҷикон боз Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳода, ҳусну таровати ин мулки биҳиштосоро фарри дигар бахшидааст. Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.

Подробнее...

ОҲАНГАР ВА НАВРӮЗ

«Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».

(Саъдӣ).

Олами рангину ҳунар барои Зиёратшоҳ аз овони хурдсолӣ ошност. Ҳангоми бозӣ бо ҳамсолон барои аз чашми онҳо ниҳон шудан ба дӯкони оҳангарии Бобо Аслон (бо номи Усто Аслон маъруф буд) сар дарун мекард ва борҳо иттифоқ меафтод, ки бозию ҳамсолонро фаромӯш карда, соатҳо ба асбобу олатҳои тайёру нимтайёри дӯкон чашм дӯхта, ҳаракатҳои мавзуну муназзами бобо ва шогирдонашро тамошо кунад. Ана оғоз аз ҳамон лаҳзаҳо меҳри касби оҳангарию сохтани олатҳои оҳангарӣ дар дили Зиёратшоҳи наврас маъво пайдо кард. Пас аз даргузашти Усто Аслон фарзанди бузурги ӯ Усто Сайёд ин анъанаи аҷдодиро идома дод, ки Зиёратшоҳ барҳақ худро шогирди падари бузургворашон Усто Сайёд медонад.

Подробнее...

ВАКИЛБОНУВОН

Дастгирии ҳамаҷонибаи занону ҷавондухтарон ва ба вазифаву мансабҳои роҳбарикунанда гузоштани онҳо яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Мисолаш ин ки дар маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз шумораи 40 ҳавзаи интихоботӣ 12 нафар занон пирӯз гардида, курсии вакилиро соҳиб шуданд. Арафаи иди модарон ба хонанда муаррифӣ кардани исми чунин занони пешсаф арзанда аст.

Подробнее...

ГУФТАЕ ЧАНД АЗ НАВРӮЗ

Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ

Лола мерӯяду қумри ба наво меояд.

Лона монанд, зи нав достакони сафарӣ,

Иди Наврӯз ҳама хонаи мо меоянд.

Инак, боз баҳори оламоро, баҳори оламафрӯз , баҳори гул ба сару гул ба бар бо худ Наврӯзро ҳамроҳӣ намуда, ба сарзамини мо қадам мегузорад. Инак, боз дар гӯшаи порисаҳо мурғакони хушилҳом лонагузорӣ мекунанд, боз лолаҳо мерӯянд, боз достакони сафарӣ ба манзилҳояшон бармегарданд. Ва боз дастархони идона, дастархони наврӯзӣ дар хонаҳои падарӣ густурда мешавад ва ҳамагонро даъват мекунад ба сӯи худ.

Подробнее...

ҚУДРАТИ ҚАЛАМ

 

Ҳар боре 11 март – иди матбуоти тоҷик – фаро мерасад, чеҳраҳои журналистикаи шинохтаи тоҷик, онҳое, ки дар солҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ бе ҳеҷ гуноҳ кушта шуданд, пеши рӯ меоянд. Чӣ рӯсиёҳие! Чӣ бераҳмию бадгумоние! Чӣ нохалафие!!

Подробнее...

ҶОВИДОНИСТ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

Киро хуш намеояд, ки ҳар сол аз накҳати Арӯси сол нашъа бардораду ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзро бубинад? Ҳамин замон ёдам маро ба баҳори соли 1965 мебарад, ба баҳоре, ки дар шаҳри Душанбе - пойтахти азизи мо, дар пояи муҷассамаи устод Рӯдаки, воқеъ дар пешорӯи Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба хотири фарорасии Наврӯз ҳамоиш барпо гардид.

Подробнее...

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ИНТИХОБОТ

Маъракаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони МО ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар қитъаҳои овоздиҳии ноҳияамон   бо нишони ҳамдастӣ ва ҳамдилӣ, боварӣ ба фардои дурахшони кишвари азизамон дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Аз соати шаш интихобкунандагон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада ҷонибдориашонро аз ҳизб ва номзадҳои арзандаи худ баён медоштанд.

Подробнее...

Подкатегории