ИҶТИМОЪ
БЕХАТО НАВИШТАНУ БЕХАТО СУХАН ГУФТАН АЗ ТАЛАБОТҲОИ МУҲИМИ ИҶРОИ ҚОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИСТ
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:16
Забон рукни асосии миллат аст. Бе забон миллат вуҷуд дошта наметавонад. Ана ҳамин омили асосӣ ва боз дигар омилҳо сабаб гардиданд, ки 22 июли соли 1989 Қонуни забон ба тасвиб расид ва соли 2009 бо тағйиру иловаҳо аз нав қабул гардид.
ҚАНҒЕЛӢ ЧАРО ГУЛОБОД НАШУД?
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:12
Боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Забони номгузорӣ» ном гирифтааст. Дар моддаи 19, ки: Номгузории маҳалҳо муаррифӣ мешавад, дар банди якуми он аз ҷумла омадааст: «Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад».
НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:10
27 сол муқаддам дар кишвари офтобрӯяи мо рӯйдоди таърихие унвонии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки он дар таърихи имрӯзаи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 27-солагии ҳамин рӯйдод қарор дорем.
БА ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ ҲАМАГОН МАСЪУЛЕМ
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:46
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2015 оид ба муаррифии «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбияи маърифати экологӣ» қайд намуданд: «Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи миллат мебошад». Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои татбиқи босамари ин барнома «тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, чунки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд».
АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ
- Подробности
-
19 Сен 2018
- Опубликовано 19.09.2018 09:46
(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР НОҲИЯ)
Тоҷикистони азизи мо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифт. Дар назди таърих се даҳсола чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастовардҳои бузурги таърихии мардуми заҳматкаши моро тайи ин муддат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибгардида, баробар ба чандин даҳсолаҳост.
ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ.
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:44
Ҳар иқдому ташаббусе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад. Махсусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ОБ ГАНҶЕСТ БЕБАҲО
- Подробности
-
13 Сен 2018
- Опубликовано 13.09.2018 16:01
Об омили муҳими ҳаёт дар рӯйи Замин ба шумор меравад. Об сарчашма ва манбаи ҳаёт, асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ буда, муъҷизаи беҳамто, неъмати бебаҳои табиат мебошад. Ба ақидаи баъзе олимони дунё, ҳаёт аввал дар об пайдо шудааст. Чор унсури муҳими ҳаёт: хоку оташу бод ва об барои инсоният аз ҳама муқаддасанд. Дар маънавиёту ахлоқ ва фарҳанги мо таваҷҷуҳ ба об, ташнаеро об додан, сарзаминеро сероб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, обу ободонӣ ва некукорӣ аҳамияти бузурги ахлоқию тарбиявӣ дорад.
ИМРӮЗУ ФАРДОИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:18
Аз соли 1981 ба ин тараф дар ноҳияи мо филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ташкил ёфтаву барои тайёр намудани ҳамшираҳои дорои маълумоти ҳамаҷонибаи тиббӣ саҳми босазо мегузорад. Ба хотири пешрафт ва беҳдошту ҳифзи саломатии мардуми ноҳияамон ба ин муассисаи таълимӣ омӯзгорони болаёқату соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд. Бо ин ҳама тайи ин солҳо муассисаи мазкур ҷойи доимии гузаронидани машғулиятҳои ҳаррӯзаи худро надошт.
БАХТИ БАЛАНД
- Подробности
-
13 Сен 2018
- Опубликовано 13.09.2018 13:57
Нисфи зиёди умри банда дар даврони шӯравӣ гузашту бо обу нони ҳамон давр хондему ба воя расидему маълумоти олӣ гирифтем, соҳиби мансабҳои баланд шудем, ба нафъи халқу Ватан алоқадри қуввату ғайрати дониш хизмат кардем. Бахти тоҷик ҳам баландӣ карду мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Советӣ соҳиби давлати мустақил гардидем. Воқеан, ин бахти баланд аст! Давлати мустақил барои шаҳрвандонаш имкониятҳои фаровон медиҳад, то озодона таҳсил кунад, сухан гӯяд ва аз дигар имтиёзҳои муқарраркардаи Конститутсия баҳра бардорад.