ИҶТИМОЪ
АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ
- Подробности
-
19 Сен 2018
- Опубликовано 19.09.2018 09:46
(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР НОҲИЯ)
Тоҷикистони азизи мо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифт. Дар назди таърих се даҳсола чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастовардҳои бузурги таърихии мардуми заҳматкаши моро тайи ин муддат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибгардида, баробар ба чандин даҳсолаҳост.
Дар ин муддати кутоҳ мардуми сарбаланди тоҷик тавонисант, ки ба ҷаҳониён созандаву бунёдкор буданашонро исбот кунанд.
Тавре ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун мебинем, айни ҳол дар сарросари кишвар корҳои ободонию созандагӣ бо суръат идома дошта, то рӯзи таҷлили ин саннаи тақдирсоз дар диёри файзбори мо ҳам даҳҳо иншооти хурду бузург мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор гирифт. Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар ноҳияамон ифтитоҳи даҳҳо иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қисме аз он ба анҷом расидаву боқи дар арафаи анҷомёбист.
Дар ин муддат бо роҳбарии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои зиёде анҷом дода шуд. Анҷоми қисме аз иншооти хизмативу маишӣ, ки аксари он бо ташаббуси марудум амалӣ гардидааст, гувоҳ аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби меҳнаткашони диёр аст.
Сокинони диёри мо ҳам қатори дигар мардуми кишвар пас аз соҳибистиқлолӣ ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ин раванд, баробари рушди хоҷагии қишлоқ ободкорию пешравиҳо дар маҳаллаҳои ноҳия ба чашм мерасад.
Сари ҳар қадам дар ҳудуди ноҳия, шафати шоҳроҳ чашми роҳгузарон ба иншооти нав қоматросткарда бар мехӯрад, ки он ҳусни маҳаллро афзудаву бозгӯи рӯзгори хуши сокинонаш мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ симои шаҳраки Файзобод, ки таҷассумгари ободию шукуфоии диёр пеши назари ҳар як фард аст, ба куллӣ дигаргун шудааст.
Дар арафаи таҷлили ҷашни истиқлолият мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ ва иҷрои корҳои таъмири роҳи мошинагарди байни кӯчаҳои маркази ноҳия, ранг намудани хонаҳои баландошёна аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ буда, гувоҳ аз бунёди шаҳраки наву замонавӣ аст.
Чанд рӯзи охир сокинони диёр бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мнамуданд, ки бо дастовардҳои хуби иҷтимоию иқтисод ва бо заҳмати шабонарӯзиву шукӯҳу шаҳомат ин ҷашни барои ҳар яки мо азизу хотирмонро таҷлил намоянд.
Файзободи азизи мо бо шарофати Истиқлолияту сулҳу ваҳдати миллӣ рӯз аз рӯз ободтару зеботар мегардад. Кӯчаву гулгаштҳои маркази ноҳия ҳусни тоза гирифта, шабона пурра чароғон гаштааст. Хонаҳои баландошёнаву муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо таъмиру тармим шуда, дилкашу зебо ба чашм мерасанд.
Мулки зархезу зарнисори мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбариву кӯшишу ғайрати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва ободкории мардуми бонангу ораш боз ҳам ободтару зеботар мегардад. Ва бешубҳа ҳамаи ин ободкориҳо армуғонест ба истиқболи Истиқлолияти давлатӣ.
Далели гуфтаҳои болоро рӯзи шабеи 8 сентябр дар варзишгоҳи марказии ноҳия дидем.
Тантанаҳои идонаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи мазкур бо иштироки 4 ҳазор тамошобин оғоз гардид. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, меҳмонон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба базмгоҳ ворид шуда, аввал намоишгоҳи оростаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки бозгӯи фаъолияти меҳнаткашони ноҳия аст, дидан намуданд.
Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро ба ин рӯзи фархундаву хотирмон табрик гуфта, таъкид дошт, ки меҳнаткашони ноҳия барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки сокинони диёр ҳам баҳри ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз шабонарӯзӣ меҳнат менамоянд, то кишварамон дар миқёси олам боз ҳам шинохта шавад.
Намояндаи Ҳукумати мамлакат, раиси маркази интихобод ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҳам аз номи Сарвари давлат сокинони ноҳияро табрик гуфт.
Сипас саҳнаи театркунонидашудаи санъаткорони ноҳия пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки хело диданиву хотирмон буд.
Собир Розиқов,
хабарнигори “НФ”.