Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ЭЪЛОН

ҲУШДОР!

Бахши Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Файзобод дар асоси барқияи телефонии №14/2-156 аз 13 апрели соли 2020 оид ба номусоид омадани обу ҳаво дар рӯзҳои 14-15 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ аҳолиро аз эҳтимолияти ба вуҷуд омадани сел огоҳ менамояд. Дар баробари ин сатҳи баландшавии оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад.

Ба ин хотир аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра безарурат ба мавзеъҳои осебпазир сафар накунанд ва аз шикору ва дигар амалҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.

ЭЪЛОН-МУЗОЯДА

Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод музоядаи 1-умро оиди фурӯши моликиятҳои давлатӣ тибқи «Низомномаи тартиби фурӯши моликиятҳои давлатӣ» 3-юми феврали соли 2020 барпо менамояд.

Подробнее...

ОЗМУНИ "МХҶ-М БЕҲТАРИН"

Дар нохияи Файзобод бо дастгирӣ ва сарпарастии БҶИИМК Хазинаи Оғохон дар минтакди Рашт гузаронида мешавад.

Подробнее...

МИНБАРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш малака ва маҳорати эҷодии ҷавонони лаёқатманд Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор бахшида ба солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” роҳандозӣ намуд. Эҷодкорони ҷавон метавонанд мақолаву ҳикоя, лавҳаву ҳаҷвияҳои тозаэҷоди худро, ки дар он дарси худшиносиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас, гиромидошти муқаддасоти миллӣ таҷассум ёфтаанд, то 10 феврали соли равон дар рӯзномаву маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори умум нашр намуда, иштирокчии озмуни мазкур гарданд. Чунин озмунҳо ҳамасола аз ҷониби бахшу шуъба ва раёсатҳои кумитаи мазкур миёни ҷавонон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои милливу суннатӣ доир мегардад. Ҳавасмандон метавонанд маводҳои худро дар шакли электрониву хаттӣ ба бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия пешниҳод намоянд.

“НФ”.

ЭЪЛОН – МУЗОЯДА

Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Файзобод музоядаи    1-умро оиди фурӯши моликиятҳои давлатӣ  тибқи «Низомномаи тартиби фурӯши моликиятҳои давлатӣ» 9-уми августи  соли 2019барпо менамояд.

Подробнее...