ЭЪЛОН
КОМРОНАМРО АЗ МАРГ НАҶОТ ДИҲЕД!
- Подробности
-
24 Апр 2015
- Обновлено 24.04.2015 09:49
- Опубликовано 24.04.2015 09:49
- Автор: Super User
- Просмотров: 1743
Ман модаре ҳастам, ки фарзандам Абдуллоев Комрон Фатҳиддинович-донишҷӯйи курси 3, факултети биологияи ДМТ гирифтори касалии глубонефрит (гурдаҳояшро бояд иваз намоянд) мебошад. Як сол боз ӯ бемори бистарист. Тамоми дороии зиндагиамонро барои шифо ёфтани фарзанди беморам сарф намудам. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати тандурустӣ, мардуми деҳа то қадри имкон ба фарзанди бемори ман ёрдам намудаанд, ки мо миннатдорем. Имрӯз баъди ташхиси охирин, духтурон хулоса баровардаанд, ки бояд Комронҷонро ҷарроҳӣ намуда, гурдаҳояшро иваз намоянд. Барои ҷарроҳӣ 30 ҳазор доллари амрикоӣ даркор аст.
НАБЗИ ФАЙЗОБОД
- Подробности
-
22 Дек 2014
- Обновлено 22.12.2014 09:56
- Опубликовано 22.12.2014 09:55
- Автор: Super User
- Просмотров: 1765
АРЗОНТАРИН РӮЗНОМА
БАРОИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзӯҳои мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонанда доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем, ба чанд адад расидани шумораи хонандагони мо маълум мешавад. Мутаассифона, рафти обунашавӣ ба рӯзномаи раиси ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқ – «Набзи Файзобод» қаноатбахш нест.
"НАБЗИ ФАЙЗОБОД"
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Обновлено 23.11.2014 22:08
- Опубликовано 23.11.2014 22:08
- Автор: Super User
- Просмотров: 1847
БЕҲТАРИН ВА АРЗОНТАРИН РӮЗНОМА
БАРОИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзуҳои мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонанда доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд.
Эълон!
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Обновлено 23.11.2014 22:45
- Опубликовано 23.11.2014 22:45
- Автор: Super User
- Просмотров: 1773
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 1340 сомонӣ;
2. Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 899 сомонӣ;
3. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 737 сомонӣ;
4. Сармутахассиси шӯъбаи кишоварзии ноҳия - 1 ҷой, маоши вазифавӣ 670 сомонӣ;
ПОРУИ АРЗОН АЗ ҶДММ ”МУРҒИ ҲИЛОЛ”
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Обновлено 23.11.2014 21:48
- Опубликовано 23.11.2014 21:48
- Автор: Super User
- Просмотров: 1319
Ба таваҷҷуҳи сокинони диёр ва кулли хоҷагидорони ноҳия мерасонем, ки ҶДММ “Мурғи ҳилол” чун ҳарсола барои ҳосилхез шудани заминҳои кишоварзон хизматрасонии арзонро ба роҳ мондааст. Акнун техникаҳои борбардори ширкати мазкур дар ихтиёри шумост. Шумо метавонед тариқи шартнома аз он истифода баред. Замини пурфайзу ҳосилхез мехоҳед, аз поруи ҶДММ “Мурғи ҳилол” истифода баред.
Маҳсулотҳои босифату бозоргир мехоҳед?Пас аз дастрас намудани поруи арзони “Мурғи ҳилол” қафо намонед.
Барои гирифтани маълумоти муфассал бо телефонҳои 900-01-66-77 ва 917-34-06-23 занг занед.