ЭЪЛОН
"НАБЗИ ФАЙЗОБОД"
- Подробности
-
23 Нояб 2014
- Обновлено 23.11.2014 22:08
- Опубликовано 23.11.2014 22:08
- Автор: Super User
- Просмотров: 1856
БЕҲТАРИН ВА АРЗОНТАРИН РӮЗНОМА
БАРОИ ШУМОСТ, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
“Набзи Файзобод” бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ моҳе се маротиба бо фарогирии мавзуҳои мубрами рӯз рӯи чоп меояд. Соли ҷорӣ бо теъдоди 2000 нусха нашр шудани “Набзи Файзобод” гувоҳи он буд, ки мо дар диёри бостониамон зиёда аз 15000 хонанда доимӣ дорем. Зеро ҳар шумораи рӯзномаро 8-10 нафар дар хонадонашон ё дар ҷойи кор мутолиа мекунанд. Агар обунаи имсоларо ба 2500 нусха расонем шумораи ба чанд адад расидани хонандагони мо аллакай маълум мешавад.
Маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи раиси ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқ – «Набзи Файзобод» барои соли 2015 оғоз ёфт. Сокинони ноҳияро ба он даъват мекунем, ки агар аз набзи диёр воқеан ҳам огаҳ шудан хоҳанд, кӯшиш кунанд, ки ба рӯзномаи ноҳиявӣ обуна шаванд ва тамоми сол бо “Набзи Файзобод” бимонанд.
Нархи яксолаи обуна 70 сомонию 00 дирам аст.
Ҳамдиёрони азиз! Биёед ба рўзномаи дўстдоштаамон – “Набзи Файзобод” дер намонда обуна шавем.