Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲАМДИЁРОНИ МО

ҲАБИБУЛЛО – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ТОП - 50»

Озмуни ҷумҳуриявии «ТОП- 50» 6 сол инҷониб дар қаламрави кишвар дар ҳар соли сипаришуда баргузор гардида, 50 фарди беҳтару бартарро эътироф мекунад. Ин озмуни озодагию зебоипарастӣ маҳфилест инсонҳоро ба ҳам меорад, зеҳнҳоро такомулу дилҳоро фараҳ мебахшад. Ғолибони он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаанд, ки на танҳо сурати зебои зоҳирию либоспӯшӣ доранд, балки бо сирату сифоти инсонӣ дар ҷомеа ном ёфтаанд.

Инак, хушхабаре ба мо расид, ки дар рӯйхати барандагони ҷоизаи озмуни «ТОП- 50» дар соли 2018 ҳунарманди хушсалиқаи диёр Ҳабибулло Мирзошарифов ҷой гирифтааст. Мо Ҳабибуллои ҳунармандро сидқан бо ин ғолибият муборакбод гуфта, бо чанд суол атрофи озмуни «ТОП- 50», ки ба маъниҳои салиқаю зеҳну заковати олиро таҷассум менамояд, суҳбати рӯ ба рӯ доштем.

- Ҳабибулло, чӣ тавр шумо ба ин озмун роҳ ёфтаву ғолибият насибатон гардид?

- Тобистони соли гузашта директори генералии шабакаи «Радиои Ватан» Вера Кулакова ба ноҳияамон ба сафари корӣ омада буданд. Муовини раиси ноҳия Н. Раҷабова маро ба меҳмони олиқадр ҳамчун мудири бахши фарҳанг шинос намуда, аз кору фаъолиятам чун овозхон, мутриб, коргардон, драматург… тавсиф намуда, гуфтанд, ки бо ташаббуси ман дар ноҳия ансамблҳои шашмақомсароён, этнографӣ, театр-студияи «Шаҳрошӯб» ва Филармонияи халқӣ таъсис дода шудааст. Баъди шиносоӣ соате суҳбати ихтисосие доштем бо Вера Кулакова. Ва шояд яке аз сабабҳои ба ҷоиза сазовор шудани ман ана ҳамин суҳбату вохӯрӣ бошад.

Оғози соли равон сари асбоби мусиқии фортепианно машғули эҷоди суруди нав аз эҷодиёти Соиби Табрезӣ будам, ки занги телефон садо дод. Нахустин шуда Вера Кулакова   маро ҳамчун ғолиби барандаи ҷоизаи озмуни «ТОП - 50» муборакбод намуда, ба маросими ҷоизасупорӣ даъват намуд. Ростӣ, чанд лаҳза ҳаяҷон фароям гирифт ва шукр гуфтам, ки ягон заҳмат бе подош намемондааст.

- Дар лаҳзаҳои маросими ҷоизасупорӣ шояд шуморо ҳаяҷон фаро гирифт?

- Хеле-хеле. Шод будам, ки дар чунин як чорабинии калони сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба худ як ҷаҳон бардош кардам. Аввал ороиши саҳна, тарзи муаррифии ҳар як ғолиби озмун, банду басти барнома бароям хушоянд буд. Бахусус ҳангоме, ки номи Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазодаро гирифтанду дар экрани калон муҳорибаи ӯро намоиш доданд ва дар ҳолати супоридани мукофот ва садо додани Суруди миллӣ ҳама аз ҷой бархоста ашки шодӣ рехтем. Дар муаррифии дигар ғолибони ин озмун, ки ҳар кадом маҳорату ҳунари худододӣ доштанд, айнан чунин лаҳзаҳои гуворо ба вуқӯъ мепайваст.

- Фаъолияти имрӯзаи шумо ва нақшаҳо дар оянда?

-Нақшаҳо зиёданд. Ният дорам, ки аз ашъори Соиби Табрезӣ шаби эҷодӣ баргузор намоям. Дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Сафина» шаш ғазал аз ашъори шоири файзободӣ Комил, ки дар асри 19 зиндагӣ кардааст ва Абдулҳайи Муҷихарфӣ бо шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон барнома таҳия намоям. Айни ҳол дар мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев ба дилбохтагони созу наво дарс мегӯям ва мехоҳам дар оянда шогирдонам дар рушди соҳаи фарҳанг саҳм бигиранд.

МАРО БУБАХШ ПАДАР (ГУФТУГӮ БО ЛАВҲАИ ПАДАР)

Ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рӯзи муаллимон ид карда мешавад. Ман ҳам  чун муаллим ҳамроҳи омӯзгорон онро қайд мекунам.
Бароям ин ҷашн азиз аст, зеро  падарам як умр муаллим буду зиёда аз 20 сол сарвари мактаб. Дар ҳама ғаму шодии   омӯзгорон ва аҳли деҳа шарик буд. Бисёр бомааърифату хушрафтор буд. Ҳамагон ӯро аз самими дил ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ҳавас мебурданд, ки мисоли ӯ бошанд. Даҳҳо шогирдонаш маҳз бо ҳаваси ба ӯ монанд шудан, касби омӯзгориро интихоб намуданд.

Подробнее...

ГУЛИ ХУШБӮЙИ ЧАМАН

ГУЛИ ХУШБӮЙИ ЧАМАНДӯстмурод Алиев, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фасли зебои сол, ҳини гулшукуфти дарахтони Кабкрез таваллуд шуд. Ва дар  ҳамин фасл дар рӯзи офтоб борони 18-уми апрел ба хок рафт. Ду рӯз монда буд ба мавлудаш, ки ин оламро тарк гуфт. Дар соатҳои расидани марг аз чашмаи Маҳҷон воқеъ дар теппаи Муллобаротї, дар болотари Кабкрез об хост. Ҳар гаҳе ӯ ба шикор мерафт, ҳатман аз  Маҳҷон чанд каф об мехӯрд. Ҳини аз олам рафтан оби ҳамин чашмаро интизорӣ кашид. Ҳамин ки об оварданд, чанд қулт фурӯ бурду бо ишораи чашм бо ҳозирин “хайру хуш” кард.

Подробнее...

ЗИНДА МОНАД НОМИ МАРД

ЗИНДА МОНАД НОМИ МАРДДирӯз  дар  саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33    бо иштироки сокинони деҳа, устодону шогирдони муассиса ва меҳмонон ҷамъомади  хотирмони  кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ ва номгузории муассиса ба номи собиқ директори  он Абдуназаров Назар доир гардид.
Дар ҷамомад раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ,  мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ф. Наҷмиддинов ва дигар масъулони ҷамоати деҳоти Мискинобод, раисони маҳаллаи деҳаҳои Фақирободу Гултеппа, ҳамсолону ҳамкорон, шогирдон, хешу таборони Абдуназаров Н. ширкат доштанд.  

Подробнее...

ФИДОИИ ИЛМУ АДАБ

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,

Камоли одамӣ дар илм бошад.

                                                    Носири Хусрав.

Диёри зебоманзари Файзобод, ки як гӯшаи зеботабиати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар ҷодаи шеъру шоирӣ, илму маориф, фарҳангу маърифат бузургтарин фардҳоро ба камол расондааст. Мисоли амиқаш Ҷамолиддин Саидзода мебошад.

Подробнее...