МИНБАРИ МУАССИСОН
РӮЗНОМАНИГОРОН ҲАМ ҶИЛАВГИРИ КОРРУПСИЯАНД.
- Подробности
-
12 Фев 2020
- Опубликовано 12.02.2020 10:05
Коррупсия яке аз мушкилотҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад,ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонуниро роҳандозӣ намояд. Боиси қайд аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Пешвои миллат бармеояд. Муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъона буда дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
БА КӢ ГӮЕМ?!
- Подробности
-
03 Фев 2020
- Опубликовано 03.02.2020 14:37
Хунукиҳои зимистони имсола дер омада бошад ҳам, сахт гирифт. Шамоли Файзобод ҳамарӯза “ҳамла” мекунад. Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Афсӯс, на ҳама дар такя ба ин масал амал мекунанд. Гап сари он ки порсол ба хотири ташрифи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пиёдагарди маркази шаҳрак аз ду ҷониб сафолакпӯш гардонда шуд. Вале аз саросемагӣ буд, ё беҳунарии устоҳо, ки дере нагузашта чанд ҷои роҳрав вайрон шуд. Кӣ аз нав роҳро ба тартиб меорад?!
«НАБЗИ ФАЙЗОБОД» ДАВОМИ РОҲИ «БУХОРОИ ШАРИФ»
- Подробности
-
13 Март 2019
- Опубликовано 13.03.2019 10:05
Моҳи март, ки оғози баҳори нозанин ба он рост меояд, «Моҳи идҳо» ном гирифтааст. Пас аз таҷлили иди модарону хоҳаронамон – 8 март, иди дигаре моро нигарон аст, ки аллакай шумо онро хеле хуб медонед. Ин иди матбуоти тоҷик аст, ки ҳарсол рӯзи 11 март таҷлил мегардад.
СОЛЕ, БО РУЙДОДҲОИ ХОТИРМОН АЗ МО РАФТ
- Подробности
-
08 Янв 2020
- Опубликовано 08.01.2020 09:07
Соли рафтаи 2019 дар саҳифаҳои рӯзгори ҳаркадоми мо аз худ хотираҳо наққоши кардаву ба қаъри таърих фурӯ рафт. Хотираҳои хушу нохуш, барору нобарорӣ бо рангҳои худ дар ёдҳо монд. Гумон мекунам саҳифаҳои неку хотирмон барои сокинони кишвар хеле зиёду зиёд аст. Хусусан мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми НБО –Роғун аз муҳимтарин рӯёйдоди сол буд. Дар сатҳи байналмиллалӣ ҳам Тоҷикистони азизи моро комёбиҳои зиёде даст дод, ки аз хусуси он ВАО-и кишвар ҳикоятгар буд. Гумон мекунам ҷамъбасти ҳамаи корҳои ба сомон расонида шуда ва дастовардҳои кишвар дар Паёми рӯзи 26 декабри соли 2019 ироъа намудаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хубу рушан баён гардидааст. Ҳамин буд, ки Паёми мазкурро ҳамаҷо мардум бо хушнудӣ пазируфтаанд.
Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 08:51
Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!
Баҳори нозанин - Наврӯзи хуҷастапай, ки пайке аз эҳёи табиат, зиндашавии олам, оғози кишту кор ва бунёдкорию созандагӣ маҳсуб меёбад, боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон қадами фархунда ниҳод.
Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.