Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

БОНУВОН ШУКРГУЗОРАНД

«Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар Паёми навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба масъалаи занон чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат, дастгирии рушди соҳибкории занон, масъалаи баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занону духтарон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки бо мақсади амалӣ гардидани онҳо чораҳои саривақтӣ андешида мешавад. Имрӯз бонувони мо дар курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, қаннодӣ, компютерӣ, муҳосибӣ, атласбофӣ фарогир шудаю соҳибкасб мегарданд. Инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот занону духтарон машғули ҳунарҳои дастии хонагӣ, аз қабили дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, кӯрпадӯзӣ мебошанд, ки ба ин восита ҳунарҳои худро сайқал медиҳанд. Аъзоёни шӯрои занон дар ҳамбастагӣ бо соҳаи тандурустӣ нақшаи муштарак таҳия карда, суҳбату вохӯриҳо дар бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ дар мавзӯҳои танзими оила, пешгирии фавти модару кӯдак, камхунӣ, оқибатҳои касалиҳои сироятӣ, ҳамли номатлуб, аҳамияти шири модар, зарари никоҳи хешутаборӣ, нашъамандӣ ва ғайраҳо суҳбатҳо мегузаронанд. Маркази машваратӣ-иттилоотие, ки дар назди бахши занон ва оила таъсис дода шудааст, пайваста бо занону духтарон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, масъалаҳои мушкилоти манзил, баҳсҳои оилавӣ, расонидани кӯмак ҳангоми гирифтани қарзҳои имтиёзнок, идомаи таҳсил, имтиёзҳои маъюбон, гирифтани нафақа маслиҳат медиҳад.

Бахши кор бо занон ва оила дар доираи иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба барномаи мазкур дар мавзӯи «Масъалаи хушунати оилавӣ ва зӯроварӣ нисбат ба зан», дар доираи иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», маърифати оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, тарғиби либосҳои миллӣ, касбомӯзӣ, идомаи таҳсили занону духтарон, тозагию ободонӣ ва созандагӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронд.

Баргузории Соли оила якчанд озмунҳоро ба миён овард, ки дар тарбияи занону духтарон ва фарзандони онҳо нақши муҳим бозид. Бонувони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин», «Хонаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», «Ҷилваи ҳусн», якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии ҳунарҳои дастии занон дар боғи Ирам, «Зардӯзи беҳтарин», «Заргари беҳтарин», «Сад ранги чакан» иштирок намуда сазовори ҷойҳои аввал ва Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Имсол гузаронидани озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Арӯси нозанин», «Хушдомани беҳтарин», «Фарзанди солеҳ» ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷлиси шӯрои занон чанд нафар бонувон бо сипосгузорӣ аз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон карда, изҳор намуданд, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат меҳнати ғайратмандонаю софдилона карда дар ободии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

М.ТАҒОЕВА, хабарнигори
«Набзи Файзобод».