САҲИФАИ АСОСӢ
ҲУШДОР!
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 14 Апрель 2020
- Просмотров: 3438
Бахши Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Файзобод дар асоси барқияи телефонии №14/2-156 аз 13 апрели соли 2020 оид ба номусоид омадани обу ҳаво дар рӯзҳои 14-15 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ аҳолиро аз эҳтимолияти ба вуҷуд омадани сел огоҳ менамояд. Дар баробари ин сатҳи баландшавии оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад.
Ба ин хотир аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра безарурат ба мавзеъҳои осебпазир сафар накунанд ва аз шикору ва дигар амалҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.
ПИРӮЗӢ БА ТЕРРОРИЗМ ДАСТҶАМЪИИ МОСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3935
Терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии инсоният буда аз асри 1 то мелод дар Яҳудистон амал мекард. Ин гурӯҳи хунхор ва ҷонибдорони онҳо рӯҳониён, донишмандон, ашрофи олимақоми яҳудиро нобуд мекард. Падарони дини христианӣ ин амали ношоистаи онҳоро иҷозат медоданд. Мазҳабҳои алоҳидаи дини ислом низ аз давраи пайдоиш куштори халифа, сардорон ва роҳибони сиёсии худро террору нест менамуданд. Дар ибтидои асри 20 терроризм ва экстремизм ба сатҳи давлатӣ баромад.
МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 23070
Вобаста ба гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёти хоҷагиҳо, идораҳо, ташкилотҳо, муассисаву корхонаҳо ва воситаҳои нақлиёти автомобил дар ноҳия фаъолиятдошта, таҳти №21 аз 2 марти соли 2020 амри раиси ноҳия ба тасвиб расид.
БЕТАРАФ НАБОШЕМ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 4201
Дар Паёми навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд : ” Мо ба азму ирода ва масъулиятнокии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътиқоди калон дорем… аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллатамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошед, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд».
ИДИ МАЙДОНДОРӢ
- Подробности
- Категория: ВАРЗИШ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 4284
Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ҷашни Наврӯзро бе сабқату тадбирҳои мардумӣ, мусобиқаҳои паҳлавонию човандозӣ, роҳнавардию пойга, аспдавонӣ, гурӯғлисароӣ, шатранҷбозию чавгони болои алаф ва дигар намудҳои дилтасхиркунанда тасаввур карда наметавонистанд.
БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 4145
Бо омадани баҳори гулпӯшу Наврӯзи аҷдодӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати бештару фарогире дорад. Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ободкориҳо ба чашм мерасанд.
НАВРӮЗ- СУННАТИ МОНДАГОРИ ВАҲДАТГАРО
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 4199
Вақте дар бораи Наврӯзи оламафрӯз меандешем, сарнавишти пурифтихору сурурангез ва гоҳо пурфоҷиаи ин суннати неки аҷдодӣ, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ёдамон меояд. Бахусус замони Шӯравӣ , ки ин ҷашни фархунда расман манъ шуда буд ва то охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта анқариб касе аз он ёд намекард. Вале ҳеҷ таъқиб ва манъкарданҳо ҷойгоҳи ин расми барозандаи ниёконро дар дил ва рӯҳи мардум танг намекард. Мардону занон дар шаҳру деҳот, ба ҳар навъе, аз он ёд мекарданд ва шукӯҳу ҷалолашро гиромӣ медоштанд. Зимни ин муроқиба суоли аввале, ки дар зеҳнамон пайдо шуд, ин буд, ки омили аслии намирандагӣ ва рӯз ба рӯз афзудани иштиёқи мардум ба Наврӯз чист?
НАВИДҲОИ НАВРӮЗӢ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 4115
Кишоварзони ноҳия аз рӯзҳои офтобии арафаи иди Наврӯз босамар истифода намуда, рафти кишту кори баҳориро метезонанд. Аллакай ҷамъи кишти ғалла дар хоҷагиҳои ноҳия ба 1674 гектар расонида шуда то охири мавсим он ба 2500 гектар расонида мешавад.
ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР МУҲИТИ ОИЛА
- Подробности
- Категория: МАОРИФ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3950
Чуноне ки ба мо маълум аст, ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.