САҲИФАИ АСОСӢ
ОҲАНГАР ВА НАВРӮЗ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3106
«Ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда ва агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад».
(Саъдӣ).
Олами рангину ҳунар барои Зиёратшоҳ аз овони хурдсолӣ ошност. Ҳангоми бозӣ бо ҳамсолон барои аз чашми онҳо ниҳон шудан ба дӯкони оҳангарии Бобо Аслон (бо номи Усто Аслон маъруф буд) сар дарун мекард ва борҳо иттифоқ меафтод, ки бозию ҳамсолонро фаромӯш карда, соатҳо ба асбобу олатҳои тайёру нимтайёри дӯкон чашм дӯхта, ҳаракатҳои мавзуну муназзами бобо ва шогирдонашро тамошо кунад. Ана оғоз аз ҳамон лаҳзаҳо меҳри касби оҳангарию сохтани олатҳои оҳангарӣ дар дили Зиёратшоҳи наврас маъво пайдо кард. Пас аз даргузашти Усто Аслон фарзанди бузурги ӯ Усто Сайёд ин анъанаи аҷдодиро идома дод, ки Зиёратшоҳ барҳақ худро шогирди падари бузургворашон Усто Сайёд медонад.
ДАРАХТ САБЗ КУНУ ВАТАН ОБОД НАМО
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3015
Баҳор фасли эҳёи оламу одам аст.Табиат бо дигар кардани қабои зимистонаи худ фарру шукӯҳи тоза касб мекунад. Дар ин мавсими зебои сол инсонҳо ҳам бо рӯҳу неруи тоза баҳри ободию созандагии хонаю дар, кӯчаю маҳал ва ноҳияву диёри худ камари ҳиммат мебанданд. Аллакай дар ҳукми анъана даромадааст, ки бо фарорасии рӯзҳои аввали фасли баҳор ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва гулшинонию зебою дилкашгардонии кӯчаю хиёбонҳо , роҳҳою назди манзилҳо дар мадди назари ҳамагон қарор мегирад. Дар ин кор аз ҳама бештар саҳми шуъбаи муҳити зисти ноҳия зиёду назаррас аст.
ГУФТАЕ ЧАНД АЗ НАВРӮЗ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3142
Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ
Лола мерӯяду қумри ба наво меояд.
Лона монанд, зи нав достакони сафарӣ,
Иди Наврӯз ҳама хонаи мо меоянд.
Инак, боз баҳори оламоро, баҳори оламафрӯз , баҳори гул ба сару гул ба бар бо худ Наврӯзро ҳамроҳӣ намуда, ба сарзамини мо қадам мегузорад. Инак, боз дар гӯшаи порисаҳо мурғакони хушилҳом лонагузорӣ мекунанд, боз лолаҳо мерӯянд, боз достакони сафарӣ ба манзилҳояшон бармегарданд. Ва боз дастархони идона, дастархони наврӯзӣ дар хонаҳои падарӣ густурда мешавад ва ҳамагонро даъват мекунад ба сӯи худ.
ҶОВИДОНИСТ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3057
Киро хуш намеояд, ки ҳар сол аз накҳати Арӯси сол нашъа бардораду ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзро бубинад? Ҳамин замон ёдам маро ба баҳори соли 1965 мебарад, ба баҳоре, ки дар шаҳри Душанбе - пойтахти азизи мо, дар пояи муҷассамаи устод Рӯдаки, воқеъ дар пешорӯи Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба хотири фарорасии Наврӯз ҳамоиш барпо гардид.
БАҲОРИ ДЕҲҚОН
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 3004
Дувуним ҳафта боз деҳқонони ҳудуди ҷамоатҳои Бӯстону Меҳрободу Вашгирд дар оғӯши баҳор қарор доранд. Баҳор барои сокинони ин минтақа барвақт фаро мерасад. Дар ду ҳафтаи то ба Наврӯз деҳқонон аксари корҳояшонро сомон кардаанд: даҳҳо гектар боғҳои кӯҳнаю навниҳол аз шоху навдаҳои зиёдати озод карда шуда, кундарешаҳояш нармӣ диданд, ҷӯю оброҳаҳо тозаю батартиб омаданд, ниҳолҳои хушкидаи боғҳо иваз карда шуданд; дар даҳҳо гектар зироатҳои баҳорӣ кишт карда шуд.
НАВРӮЗИ ВАШГИРД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 23268
Сокинони Ҷамоати деҳоти Вашгирд ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати тоза истиқбол гирифтанд. Ба омад- омади баҳори нозанин хурду бузурги ҷамоат ба ҳашари умумӣ баромада зиёда аз 700 дарахти арчаро, ки дар ду тарафи шоҳроҳ шинонида шудааст нарм карда озуқа доданд. Инчунин ҷӯй ва заҳбурҳоро тоза карда, гулҳои ҳархела шинониданд.
ХАБАРИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД, ДАЪВАТИ ШАШУМ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 2968
Рӯзи 16 марти соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати шашум доир гардид. Дар кори иҷлосия аз шумораи 39 нафар вакилони дар интихоботи 1 марти соли 2020 интихобгардида як нафар вакил бо сабабҳои узрнок иштирок надошт.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ»
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Март 2020
- Просмотров: 2984
Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!
Имрӯзҳо ба сарзамини зебову соҳибистиқлоли тоҷикон боз Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳода, ҳусну таровати ин мулки биҳиштосоро фарри дигар бахшидааст. Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.
МУБОРАКБОДӢ
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 05 Март 2020
- Просмотров: 5811
Ҳама эҷоду парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама дастовардҳои мо самараи заҳмати шабонарӯзии роҳбари кордони мо Табарова Моҳбӣ мебошад.