ХАБАРҲО
МОДАР ФАРИШТА БУД…
- Подробности
- Опубликовано 05.03.2020 16:33
Модар фаришта буд, вале болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо аз ин хабар надошт.
Ҳақ ҷониби шоир, ки ин тавр гуфтааст. Дар ҳақиқат модар фариштаеро мемонад, ки дасту пой дораду болу пар надорад. Модар беҳтарин дӯст, беҳтарин ҳамдарду ҳамрози инсон аст. Инсон бо доштани модар хушбахт ва шахси давлатманд ҳаст. Бо модар фасли зиндагӣ баҳор асту бо модар дарахти зиндагӣ пургул, бо модар дунё равшан асту чеҳраҳо хандон. Зери мафҳуми модар як ҷаҳон маъние нуҳуфтааст, ки тамоми замину осмонро такон медиҳад. Модар мӯҷизаи илоҳист, ки оромиву осоиши ҳаёти тифл аз оғӯши гарми ӯ, аз меҳру муҳаббати ӯ, аз раҳму шафқат ва ғамхориҳои ӯ оғоз меёбад. Меҳрубониҳои модар аз замин то арш аълост, ки худ нахуфта, худ нахӯрда, худ напӯшида барои амнияти тифли хеш худро сипар мекунад. Модар бо аллаи худ меҳри ватан, меҳри пайвандон, меҳри ишқу муҳаббати асилро дар замири тифли хеш мепарварад.
Модари зебову нуроние, ки мо мехоҳем, дар борааш чанд сатраке нависем, як нафар зане ҳаст, ки солҳо бо меҳнати ҳалолу софдилона умр ба сар бурдааст. Ӯ Роҳила Нусратова мебошад. Апаи Роҳила имрӯз ба сини мубораки 95-солагӣ расидаанд. Зодгоҳашон деҳаи Хӯҷамарди ноҳия. Аз соли 1956 то соли 1994 дар фермаи ширию моли хоҷагии Файзобод говҷӯши пешқадам шуда кор кардааст. Меҳнати вазнини пурбаракати 40-солаи ӯ бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», медалҳои «Барои меҳнати шоён ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В,И,Ленин», «Ветерани меҳнат», нишонаҳои «Пешқадами панҷсола» қадр карда шудааст. Чор даъват депутати ноҳиявӣ интихоб гардидааст. Роҳила-апа соҳиби 10-фарзанд буда имрӯз зери сояи фарзандон ва наберагон давлати пирӣ меронад.
Зинда бошед, эй он ки моро ба дунё овардаед ва ҳастиатонро ба мо бахшидаед.
Бар кӯҳу камар лолаи аҳмар зебад,
Бар шоми сияҳ моҳи анвар зебад.
Гар сулҳу сафо ба хонаву дар зебад,
Бар манзили мо ҳастии модар зебад.
М. Партоева, омӯзгор.