ХАБАРҲО
ЗАНЕ, КИ СОҲИБКОР АСТ
- Подробности
- Опубликовано 05.03.2020 16:37
Ин зани соҳибкору хушмуомила ва кордону меҳрубон Хосамоҳ Воҳидова аст. Ӯ аввалин зани соҳибкор аст, ки мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро дар маркази ноҳия бунёд гузоштааст.Кас аз тамошои анвоъи маҳсулоту ашёҳои ин мағоза дарҳақиқат худро дар дунёи зебои фарҳангу ҳунари гузаштаи ниёгонамон эҳсос мекунад. Дунёи пур аз зебоӣ , пур аз ифтихору сарбаландӣ.
Ҳини суҳбат бо ин зани соҳибкор, ки ба сипоснома аз номи раҳбари давлат сазовор гардидаву дар даҳҳо намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ бо ҳунари воло ва нотакрори худ иштирок варзидааст, изҳор намуд:
-Ростӣ, андешаи бунёду сохтани чунин як фурӯшгоҳе, ки маҳз ба фурӯши чунин маҳсулотҳо махсус бошад, хеле пештар дар андешаи ман давр мезад. Зеро медидам, ки дар ноҳияи мо ниёз ба чунин маҳсулотҳо зиёд аст, аммо он дар ноҳия мавҷуд нест.
Дигар ин ки меҳри беандозаи ман ба анвои ҳунарҳои мардумӣ аз хурдӣ дар вуҷуди ман бунёд гузошта буд. Ҳар чизе. ки ёде аз гузашта дар ман бармеангехт,барои ман мароқангезу диққатҷалбкунанда буданд. Ба ҳамин асос ман ба оғози чунин як коре даст задам. Ва, инак ҳосили кори кардаам натиҷаи хуб ба бор овард. Имрӯз дар мағозаи мо қариб ҳамаи навъи анвои ашёҳои гузашта, ки қариб ба боди фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав мавҷуданд. Яке аз ҷиҳатҳои хубу пешрафти муваффақиятҳои ман ҳам дар он аст, ки мардум ба чунин маҳсулотҳо завқманду талабгоранд. Шояд рози ин дар хуни шарқиёнаи мо ё дар муҳаббати мардум ба гузаштаи пурифтихори худ бошад. Ҳарчӣ ҳам бошад, кори мо рӯ ба пешравӣ дорад. Новобаста аз он ки чун шумо мебинед, мағозаи фурӯши молҳои ҳунарҳои мардумии мо дар ошёнаи аввали бинои хуштарҳу замонавии навсохт ҷой дорад, ман дар нақша дорам, ки дар оянда доираи ҳаҷми фурӯши маҳсулотҳоро аз ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам васеътар намуда, талаботи мардуми ноҳияро бар он қонеъ гардонам. Дар ин роҳ ба ман кӯмаку дастгириҳои мақомотҳои масъул зарур аст, ки умед дорам ин масъалаҳо ҳалли худро меёбанд.
Дар ба даст овардани пешравию муваффақиятҳо барои ҳар як инсон дар кадом соҳаи фаъолият, ки набошад, пеш аз ҳама ҷаҳду талоши фарогир ва умеду боварӣ шарти зарурӣ ва ҳатмист. Ман, ки оғоз ба чунин як амале намудаам, медонистам, ки мушкилотҳои зиёде дар пеш аст. Аммо ба ирода ва қудрат ва ба расидан ба муваффақияту пешравӣ боварӣ доштам. Аслан мақсад ва мароми асосии ман хизмат ба мардуми диёр аст. Ва, агар андаке муваффақ шуда бошам, як зарра хизмат ба гузаштаи пурифтихори худ аст. Гумон мекунам, ки ҳар як шаҳрванди диёр бояд ҳамин гуна ақида дошта бошад.
Дар ҳақиқат кору фаъолият ва орову андешарониҳои ин бонуи қавииродаву кордон ва дилсӯзу хушмуомила сазовори ҳар гуна дастгирӣ мебошад. Ин суҳбати мо дар арафаи ҷашнгирии иди дӯстдоштании мардуми тоҷик- иди Рӯзи модарон сурат гирифта буд. Ба ин хотир аввалан ба ин зани соҳибкор дар арафаи ин ҷашни бузург беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва баъдан пешрафту муваффақиятҳои бобарорро дар кору фаъолияти минбаъдааш таманно намудем.
Ш.Соҳибназаров.