Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
Пред След Саҳифа:

САҲИФАИ АСОСӢ

АЁДАТИ МОДАРОНИ САДСОЛА

 

Дар   асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 2 то 6 март дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ   «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад.

Дар арафаи Рӯзи модар раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва муовинони раис ба аёдати 12 нафар модари синашон аз садсола боло омада, эшонро   самимона муборакбод намудаанд. Ҳамчунин зиёда аз 65 модарони навадсолаи ноҳия, 10 нафар бонувони нобино ва занону модарони собиқадори ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳукимияти давлатии ноҳия   бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Тайи ду рӯзи охир бошад   дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ба муносибати «Рӯзи модар» ҷамъомадҳои идона бо иштироки занону модарон доир гардид.

С. Тилло.