ИҶТИМОЪ
ҚУДРАТИ ҚАЛАМ
- Подробности
-
05 Март 2020
- Опубликовано 05.03.2020 16:28
Ҳар боре 11 март – иди матбуоти тоҷик – фаро мерасад, чеҳраҳои журналистикаи шинохтаи тоҷик, онҳое, ки дар солҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ бе ҳеҷ гуноҳ кушта шуданд, пеши рӯ меоянд. Чӣ рӯсиёҳие! Чӣ бераҳмию бадгумоние! Чӣ нохалафие!!
Тоҷикистони саршори гулу гулзор дар саргаҳи Истиқлолияти давлатии худ дар натиҷаи нофаҳмию ғаразҳои маҳалбозию кинатӯзӣ ва шуҳратталабию манфиатхоҳӣ ҷони беш аз 150 ҳазор ҷавонмардонашро аз даст дод, ки дар шумори тахминӣ қариб сад нафарашон аҳли эҷод, аз ҷумла рӯзноманигорон буданд. Чаро нагӯем, ки 10 нафар журналисти соҳибноми кишварро маҳз бо дастури ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом Тоҷикистон қатл карданд. Муродалӣ Шерализода, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Почохон Сайфиддинов, Сайф Раҳимзод, Виктор Никулин, Сергей Ситковский, ҳамон 10 нафари дар олами матбуоти охири асри 20-и тоҷик номдор, бо «ҷурми» қалами ҳақиқаташон ҳадафи тири нохалафон шуданд.
Қалам қудрати бузург дорад. Вале магар ба онҳое, ки ҳақиқатро намеписанданду дилсиёҳу бадгумон ҳастанд, мефорад?!
Дар даврони шӯравӣ, ки қалами эҷод эътирофу нуфузи баланд дошт – матбуот баъди мақоми қонунбарор, иҷроия ва суд ҳокимияти чорум ҳисоб мешуд – сухани ҳаққонии матбуот қонун буд. Мақолаҳои таҳлилӣ, баромадҳои танқидӣ ҳатман аз ҷониби мақомоти боло, идораю ташкилотҳо, мансабдорони ҳама сатҳҳо мавриди вокуниш қарор мегирифт. Дар омади гап зикр кардан мехоҳам, ки солҳои ҳафтодуми асри гузашта, як фелетони хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон» Ҳабибулло Ёров шахси маҳкумшударо ба озодӣ баровард. Фаҳмотар гӯем, баъди чопи фелетон Суди Олии Тоҷикистон қарори суди поёниро бекор кард. Оре, матбуот ба ин чиз қодир буд. Аз фаъолияти панҷоҳсола дар рӯзномаи ноҳия таъсири ибратбахши мақолаҳои чопшударо дар ёд дорам.
Имрӯз ВАО (васоити ахбори омма) домани фарох дошт, дар ҳавои озоди муқарраркардаи Конститутсияи Тоҷикистон имконияти парвози баландро соҳиб гардидаанд. Ҳар рӯзноманигоре, ки қалами буррою дили соф ва иродаи матин дорад, камбудиҳои ҷомеаро нерумандона мегӯяду менависад, дар пешравии Ватан, ки меҳрубонона «Тоҷикистони азиз»- аш ном мебарем, саҳми муносиб гузошта метавонад.
Воқеан, эҷод, мушаххасан рӯзноманигорӣ, кори саҳл нест, заҳмати сангин дорад, ба таври ифоданок, дар зам шудани ҳар ҳарф бар ҳарфе қатрае аз хуни ҷигар кам мешавад. Пешвои миллат Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон бар ҳамин асос матбуотро ҳамчун «чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ» медонад.Аввалин канслери Олмон, олиму сиёсатмадори варзида Отто фон Бисмарк ҳангоми таъини ҳукумат гуфта буд: «Ман метавонам аз 10 журналист 10 вазир созам, вале аз даҳ вазир як журналист баромаданаш ба гумон аст».
Баъди садои гӯшнавози ин ду сиёсатмадори маъруф магар метавон журналистиро аз мансабҳои дигар паст гузошт? Ҳаргиз! Дар ҳамин замина баҳои адиби рус Анатоий Рубинович ба ёд меояд: «Ягон давлат ва сиёсатмадор бе мадади журналистика ба аҳдофи сиёсии худ расида наметавонад». Истиқлолияти комил имконият додааст, ки 42 телевизион (аз ин даҳто давлатӣ, 32-то ғайридавлатӣ), 27 радио (7 давлатӣ, 20-то ғайридавлатӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ, 10-то ғайридавлатӣ), 367 рӯзнома (аз ин 260-то ғайридавлатӣ, яъне хусусӣ), 239 маҷалла (110 давлатӣ, 129-то ғайридавлатӣ) дар фазои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии кишвар бе мамоният амал намуда, ормонҳои ҷомеаро ифода кунанд. «Набзи Файзобод» ҳам ба шумури 367 рӯзнома ворид гардида ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияро дар дараҷаи қобилияти мавҷудият ва имконияти молиявию фазои эҷодӣ инъикос менамояд. Кормандони эҷодии нашрия сари ифтихор доранд, ки ба унвони шарафноки журналистӣ соҳиб шудаанд.
Ҷӯрабек Мӯъмин.
Корманди шоистаи Тоҷикистон.