Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МАОРИФ

ПАЙРОҲАИ ТАҚДИРИ МУАЛЛИМА

Муаллима Ҳусноро Нурова дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Падараш Нуров Раҷаб солҳо ба тарбияи насли наврас машғул шуда фарзандони хуб тарбия кардааст. Ҳусноро, ки духтари калонии хонадон буд аз давраи мактабӣ ба фанни забони англисӣ шавқу ҳаваси зиёде дошт.

Меҳри ин забонро дар қалби ӯ муаллимаи забони англисӣ Зуҳро Сафарова, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекард, бештар бедор намуда буд. Меҳри омӯхтани забони англисӣ ӯро ба даргоҳи Институти педагогӣ (ҳозира донишкадаи омӯзгорӣ) овард. Ӯ баъди хатми бомуваффақияти мактаби олӣ ба мактаби азизаш – мактаби №1 ба кор омад. Тақдир ӯро бо ҷавони ҳалиму меҳрубон, хушсурату донишманде рӯ ба рӯ намуд. Муаллима риштаи ҳаёташро бо ин ҷавон, ки Ҳайдар Самандаров ном дошту аз деҳаи дурдастарини диёр –деҳаи Ҳайтак буд, пайваста ба деҳа омад. Ва 37-сол дар мактаби деҳа – мактаби № 15 муаллимаи забони англисӣ шуда заҳмати касби омӯзгориро кашид. Дар ин муддат даҳҳо шогирдонро тарбия намуда ба воя расонидааст. Заҳматҳои омӯзгории ӯ бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардидааст. Муаллима чанд даъват вакили маҳаллӣ низ интихоб гардидааст. Соҳиби панҷ нафар фарзанд буда ҳамаашон соҳибмаълумотанд. Имрӯз муаллима Ҳусноро Нурова давлати пирӣ меронад. Умри дарозу хонаи ободу шодию нишоташро дар ҳалқаи пайвандон хоҳонем.

                                                                               Парвина Манонзода, донишҷӯи        

                                                                              курси панҷуми факултети

                                                                               журналистикаи ДМТ