Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

СУХАНШИНОС

Сайрам аз овони мактабхонӣ бо нашрияи «Набзи Файзобод» ҳамкорӣ дошт. Ҳамқаламу ҳамкори мо зиндаёд, Тӯрабек Ҷобир, ки баъдан ба кори омӯзгорӣ гузашт, мудом аз қаламу дониши Сайрам тавсиф мекард. Дар ёдам ҳаст, соли 1994 ҳангоме Сайрам имтиҳонҳоро супориду донишҷӯ шуд, Тӯрабек бо ифтихор гуфт: « Ояндаи хуб дорад Сайрами мо, на танҳо ифтихори Файзобод, балки маҳбуби дилҳои сокинони кишвар   хоҳад шуд».

Воқеан ҳам, бо гузашти солҳо Бақозода Сайрам Абдусаттор  ситоиши устоди хешро сазовор гашт.

Ӯ аз овони наврасӣ ба таърих ва адабиёти халки тоҷик ва ҷаҳон шавқу ҳаваси зиёд дошт. Пайваста навиштаҳояш, хусусан шеърҳои навқаламонааш, дар саҳифаҳои “Набзи Файзобод” чоп мешуданд.

-Устоди қалами ман, журналисти шинохтаи кишвар Ҷӯрабек Муъмин аст. Пас аз таҳрири ӯ навиштаҳоям ба нашр мерасиданд. Дастгириҳои бевоситаи   устод буд, ки     ман риштаи суханшиносиро интихоб кардам,- иброз медорад Сайрам Бақозода.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (имрӯза ба номи С.Айнӣ) мебошад. Баъди хатми Донишгоҳ ҳаминҷо ба ҳайси муаллими хурд дар факултаҳои ғайрифилологӣ фаъолият намуд. Сипас пайи такмили дониши хеш соли 2001 ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ ҳуҷҷат супурд. Худи хамон сол барои ҷустуҷӯи маводи илмияш дар мавзӯи «Консепсияи таърихият дар эҷодиёти Сотим Улуғзода» ба Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкий ба шаҳри Маскав равона шуд ва тӯли як сол онҷо монд.

Пас аз хатми аспирантураи АИ ҶТ, солҳои 2002 -2006, дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе фаъолият намудаву сармуҳарририи рӯзномаи бачагонаи «Насли наврас»-ро ба ӯҳда дошт.

Истеъдоди баланду қалами гирояшро ба назар гирифта Сайрам Бақозодаро соли 2006 ба ҳайси муҳаррир ба идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии телевизиони Тоҷикистон даъват карданд. Ҳамчун муҳаррири варзидаи гурӯҳи эҷодии «Симо» силсилабарномаҳои «Сарнавишт»-ро аз ҳаёти фарзонафарзандони баруманди миллат, онҳое, ки ҷабри таърихро зиёд дидаанд, таҳия намуд.   Шириншох Шотемур, Нусратулло Махсум, Сотим Улуғзода , Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Буриниссо Бердиева, Абдуқодир Муҳиддинов, Беназир Бҳутто ва дигарон симоҳое ҳастанд, ки тавассути барномаи «Сарнавишт»-и Сайрам Бақозода   тамошобинон аз кору рӯзгори онҳо аз наздик ошно шуданд.

Баъдтар Сайрам Бақозода миёни тамошобинон бо барномаи телевизионии «Садои хамватан» ҳамчун журналисти эҷодкору тавоно маҳбубият пайдо кард. Барномаи мазкур аз ҳаёти тоҷикони бурунмарзӣ омода мешуд.   «Президенти мардумӣ»                аз зумраи барномаҳои дар сатҳи баланди касбият таҳияшудаи телевизиони Тоҷикистон буд, ки муаллифаш Сайрам Бақозода буд. Барномаи мазкур бо унвони яке аз лоиҳаҳои ҷадид ва олие буд, ки бисёр ба зудӣ байни мардум эътироф шуд ва нуфузи ӯро ҳамчун журналисти соҳибқалами соҳаи телевизион   баланд бардошт. Дар ин барнома Сайрам Бақозода бо сабку услуби хеле баланди касбӣ ва матни ҳассос аз ҳаёти ятимону барҷомондагон, шахсиятҳои фарҳангии кишвар, ки мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ доштанд, қисса мекард. Ҳама қаҳрамонҳои барнома бо кӯмаки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба манзил ва дигар дастгириҳои моддиву маънавӣ мушарраф шуда буданд. Барнома саршори ифтихороти миллӣ буд.

Қобилияти баланди кордонию маҳорати хоссаи эҷодияш буд, ки солҳои 2015-2019 Ҳукумати кишвар вазифаи муовини якуми Агентии

миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   айни ҳол муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳдааш гузошт. Ҳамзамон устоди Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бақозода Сайрам Абдусаттор номзади илми филологӣ (2010), дотсент,   узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи чор китоб, 2 монография ва 20 мақолаи илмӣ аст.

                Соли 2016 аз ҷониби Пешвои миллат бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Воқеан ҳам, дуои устод Тӯрабег Ҷобиров нисбати шогирдаш мустаҷоб шуд.

«НФ».