Сб12142024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ДУХТЕ АЗ БОМИ ҶАҲОН

Ним аср пеш дар маркази Боми ҷаҳон, шаҳраки Хоруғ, дар оилаи марду зани зиёӣ Давлатназару Гулдавлат тифле ба дунё омад, ки амсоли чеҳраи гарму зебояш ба ӯ номи Ҷамолойро монданд. Тақдир вафо накарду оилаи дӯсту тифоқ дар сини чилуҳаштсолагӣ даргузашту Ҷамолойро падруд гуфтанд ва рӯзҳои ятимӣ духтарчаро ҳамсафари ҳаёт шуд.

Ҷамолой, ки дарсҳои авалину ҳарфхои нахустинро назди волидонаш омӯхта буд, дар мактаб аз шумули толибаҳои фаъоле буд, ки зиёд чорабиниҳоиҳои фарҳангии мактаб бе иштироки ӯ намегузашт. Баъди хатми мактаби миёнаи   муддате дар заводи нонпазии шахри Хоруг, дар бригадаи комсомолони ҷавон (ибораи замони шуравӣ Р.Н) кор карда,соли 1981 ба Донишкадаи кооперативии шаҳри Самарқанд дохил шуду соли 1985 онро бомуваффақият хатм карда,соҳиби ихтисоси муҳандиси пухтупази нон шуд. Чамолой хамон сол ба Аҳмадбек ном ҷавони болобаланди соҳибтахассус оила бунёд кард ва дар заводи нонпазии шахри Душанбе   ба кор омад. Соли 1993 оилаи ҷавон ба ноҳияи Файзобод кӯч баст ва Ҷамолой фаъолиятро бо ихтисоси доштааш дар ҷамъияти матлуботи ноҳия оғоз намуд. Ӯ дар ин муддат факултаи иқтисодии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро ғоибона хатм карда маълумоти худро мукаммал намуда то соли 2004 вазифахои масъули ҷамъияти матлуботро ба уҳда дошт. Соли 2004 Ҷамолойро ҳамчун роҳбарзани кордон ба хазинаи Оғохони ноҳия, -Барномаи Ҷонибдарии Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БЧИИМК) пазируфта,   раиси гуруҳи хонумони ин ташкилот интихобаш карданд. Маҳорати корбарию ташкилотчии хуб будан соли 2006 Ҷамолой Валдошоваро ба роҳбарии ин ташкилот овард, ки то инҷониб сари ин вазифа кор карда истодааст.

Шавҳари ӯ Аҳмадбекро кам кассе ҳаст, ки дар ноҳия нашиносад. Аҳмадбек тӯли 26 сол дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, соли 2013 аз вазифаи муовини сардори ШВКД дар нохияи Файзобод бо рутбаи подполконики милитсия ба нафақа баромад. Аҳмадбеку Ҷамолой аз зиндагии хубу шоиста сохиби чор фарзанд, ду писар ва ду духтар мебошанд. Духтарашон Гулдавлат Аҳмадбекова   Донишгоҳи политехники ҶТ ба номи Осимиро   соли 2008 бо дипломи сурх хатм намуда айни вақт муҳандиси Вазорати наклиёти ҷумҳурӣ мебошад. Писаронаш Илҳомҷон баъди хатми   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Интизор Аҳмадбеков баъд аз хатми Донишгохи политехникӣ   дар вазифаҳои масъули идораву муассисаҳои шаҳри Душанбе кор карда истодаанд. Бобову бибӣ аз Гулдавлату Илҳомҷон шаш набераи дӯстрӯву хушрӯяк доранд. Фарзанди кенҷагии хонавода Кимёҷон Аҳмадбекова донишҷӯи курси чоруми Донишгоҳи геологии шахри Тюмени Федератсияи Русия ҳамин сол мактабро хатм хохад кард. Ҷамолой чун сарвари ташкилот   бо Лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзул-сиҳат ва макони зист дар минтақаи Рашт”, ки бо маблағгузории SDC Швейтсария алоқаманд аст, дар зерҳавзаи Сурхдараи ҷамоати Дӯстмурод Алиев бисёр корҳоро ба анҷом расонид. Барои мисол соли 2017   тавассути барномаи « Пешгирии кӯчиши замин тариқи усулҳои биоинженерӣ» дар зерҳавзаи обҷамшави Сурхдара,ҷамоати Дӯстмурод Алиев, бо дастгирии БҶИИМК-и Фонди Оғохони минтақаи Рашт, маблағгузор SDC Ҳукумати Шветсария ва ташкилоти ҷамъияти чароггоҳистифодабарандагони "Сорхо", дар доираи амалишавии лоиҳа дар зерҳавзаи «Сурхдара», дар мавзеи Тӯсаф кандани заҳрбур ва хобондани қубурҳои полиэтиленро дар масофаи 410 м, деворбандӣ бо усули биоинженерӣ барои пешгирии кӯчиши замин дар масофаи 134 м2 вакашидани симтӯр дар масофаи 2850 метрро ба субут расонд .

Имсол ҳам нақшаву ниятҳои ин сарварзани фаъол зиёданд. Мехоҳад  ду барномаи калонтаринро дар деҳаҳои Сурхдара, Боғи Мирӣ ва Файзобод бо маблаги 460000 сомонӣ саҳми донор ва 180000 сомонӣ саҳми мардуми ин се деҳа ба субут расонда, сохтмони паногоҳ дар МХЧ-и Кенчаободро низ ҳусни анҷом бахшад.

Мо дигар чизе ба нақшаҳои ӯ илова надорем, фақат барои иҷрои бомуваффақияти ин барномаҳо барои чунин як сарварзани кордон комёбӣ ва дар ҳаёти хушу хуррамонааш дар ин фасли бедории табиат боз ҳам муваффақ буданро таманно дорем.

Рустам Назир