САҲИФАИ АСОСӢ
ТАБРИКОТИ РАИСИ НО²ИЯ КАРИМИЁН ИМОМНАЗАР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ 2015
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 09 Январь 2015
- Просмотров: 2451
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2014 ба мо хайрбод гуфта, ба ҳукми таърих ворид шуд ва соли нави 2015, ки фарорасиашро интизор будем, қадами муборак гузошта, моро сӯи бунёдкориву созандагиҳо ҳидоят мекунад. Дар ин лаҳзаҳо ҳар яки мо китоби зиндагиамонро дар соли рафта варақгардон намуда, бурду бохти худро таҳлил ва барои соли нав нақшаву ниятҳои некро тарҳрезӣ мекунем. Соли нави мелодӣ мисли Наврӯз мазмуни баланд покию созандагӣ ва рӯҳи созандагиву бунёдкорӣ дорад. Ин аст, ки миллати сарбаланди мо онро нек пазируфта, анқариби сад сол муқаддам чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон ба шодиву хурсандии он пайваста мебошад.
МАҚОМИ ФАРД ДАР БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 22 Декабрь 2014
- Просмотров: 2184
Инак, ду даҳсола мешавад, ки Сарқонуни кишвар барои тақдиру сарнавишти халқи тоҷик ҳамчун омилу дастури муайянкунанда амал намуда, чун санади бунёдӣ тавонист дар замири дили ҳар як шаҳрванд манзалати шоиста пайдо намояд. Пайдо гаштани ин гуна рӯҳия як фикру гумони хушку холӣ нест. Мо медонем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гашт. Худи ҳамин гувоҳу далели ҷомеаи демокративу озод будани Тоҷикистон мебошад.
ҶИЛОИ ҲУНАР ДАР ПОЙТАХТИ КИШВАР
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 23 Ноябрь 2014
- Просмотров: 2566
Ҳаваскорони санъати ноҳияи Файзобод даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2014”-ро бомуваффақият ҷамъбаст намуда, ҳамчун ғолиб (дар қатори 13 шаҳру навоҳии мамлакат) ба даври дуюми (ҷамъбастии) озмун роҳхат гирифтанд.