САҲИФАИ АСОСӢ
ФАЙЗОБОД ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДАД
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 20 Сентябрь 2016
- Просмотров: 1784
Файзободи азизи мо бо шарофати Истиқлолияту сулҳу ваҳдати миллӣ рӯз аз рӯз ободтару зеботар мегардад. Кӯчаву гулгаштҳои маркази ноҳия ҳусни тоза гирифта, шабона пурра чароғон гаштааст. Хонаҳои баландошёнаву муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо таъмиру тармим шуда, дилкашу зебо ба чашм мерасанд.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 21 Июль 2016
- Просмотров: 1777
Тибқи қарори раиси ноҳия аз 21 июни соли равон, рӯзи 4 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 7-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор шуд. Дар кори иҷлосия аз шумораи 39 нафар вакилон 36 нафар ширкат намуданд. Ҳамчунин ба кори иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои воҳидии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ходимони дин иштирок доштанд.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
- Подробности
- Категория: МИНБАРИ МУАССИСОН
- Опубликовано 28 Июнь 2016
- Просмотров: 1785
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-умин солгарди иди Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бо истифода аз фурсат ин ҷашни фархундаю муборакро ба ҳамагон табрик мегӯям.
Иди Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи ҷашнҳоест, ки зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рӯкнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 28 Апрель 2016
- Просмотров: 1914
Рӯзи 11 апрели соли 2016 Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Қанғелӣ рақами 14 Азизов Абдулло котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Сафаров Рустам, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 39, Бӯриев Абӯбакр, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 21, Шарифова Мукаррама, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 11 интихоб гардиданд.
ҶАВОНОНИ ФАЙЗОБОДӢ ПАЙИ ҲИМОЯИ ВАТАН ОМОДААНД
- Подробности
- Категория: ҲУҚУҚ
- Опубликовано 14 Апрель 2016
- Просмотров: 2162
Дар асоси Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” шурӯъ аз 1 апрели соли равон дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи даъвати баҳории наваскарон оғоз ёфт. Тибқи қарори раиси ноҳия ба маъракаи имсолаи даъвати наваскарон ҳамаҷониба омодагӣ гирифта шуда, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби масъулон ва табибон созмон ёфтааст. Чун ҳамасола чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки зиёди даъватшавандаҳо ва падару модарон дар толори мактаби варзишии ноҳия хотирмон баргузор шуд.
БА ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН ОМОДАЕМ?
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 14 Апрель 2016
- Просмотров: 2546
Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия рӯзи 4 апрел доир шуд. Сараввал раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз ғолибияти ҳунармандони ноҳия дар фестивал –озмуни ҷумҳуриявии «Биёед, бо ҳам бихандем», ки бо иқдоми Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардида буд, сухан кард. Раиси ноҳия иброз дошт, ки маҳз бо роҳбарии мудири бахши фарҳанги ноҳия Ҳабибуллои Мирзошариф, қариб дар ҳамаи чорабиниҳои фараҳангии мамлакат аҳли санъату ҳунари Файзобод дастболо мешаванд. Раҷабзода Миралӣ подоши заҳматҳои Ҳабибуллои Мирзошарифро бо ифтихорнома қадрдонӣ намуд. Дигар иштирокчиёни фестивал-озмуни мазкур ҳам туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро аз дасти раис гирифтанд.
СУҲБАТ ОИД БА ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 29 Февраль 2016
- Просмотров: 17027
Рӯзи 17 феврал дар толори филармонияи халқии ноҳия атрофи Паёми ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 20 январи соли равон ироа гардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакт Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, вохӯрии судманд доир гурдид.
САРВАРИ ҒАЙРАТМАНД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 12 Февраль 2016
- Просмотров: 16974
Чанде пештар, вақте ки масъалаи ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додани унвони Пешвои миллат ба миён омада буд, хурсандиамро ба хабарнигори ҳафтаномаи «Набзи Файзобод» изҳор карда будам. Суханони дар ҳаққи Саравари давлат гуфтаи ман дар газета чоп шуд, ки аз ин хурсанд шудам.
СОҲИБКОРОН ФАЪОЛ БУДАНД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 12 Февраль 2016
- Просмотров: 2121
4 феврал дар толори хурди филармонияи халқии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ доир гардид. Дар оғози нишаст раиси ноҳия намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2015 ба таври мушаххас шинос намуд. Аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 14644 ҳазор сомонии ба нақшагирифташуда 15936,3 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2014 1936,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 109 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.