ХАБАРҲО
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Опубликовано 23.10.2015 08:48
Рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 36 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд.
Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Заркамар-2, 36 Нурзода Сафарбег котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: вакил аз ҳавзаи интихоботии № 38 Абдуназаров Шамсулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 17 Абдураҳимов Шамсиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 6, Нозимова Мавҷуда интихоб гардиданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард: - Ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳия оид ба иҷрои “барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” дар ноҳия ва ҳолати таълимдиҳии фанни технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. - Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2015 - Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020» - Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон. - Дар бораи хусусигардонии хонаҳои истиқоматӣ дар ҷамоатҳои шаҳраки Файзобод ва деҳоти Меҳробод. - Тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ қабул гардид. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов дар бораи иҷрои “барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” дар ноҳия ва ҳолати таълимдиҳии фанни технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҳисоботи муфасал дод. Сардори Раёсати молияи ноҳия Раҷабов Иноятулло дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллии ноҳия дар нуҳмоҳи соли 2015 баромад кард. Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, вакил аз ҳавзаи интихоботии №10 Зикамоҳ Зарифова дар бораи фаъолияти комиссияи мазкур ҳисобот дод. Вакилон аз рӯи масъалаи чорум гузориши сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия Зариф Қурбоновро шуниданд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш.Қ. амр ва қарорҳои раиси ноҳияро ба тасдиқ пешниҳод намуд. Вакилон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосияи чоруми маҷлиси вакилони халқ муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар анҷоми кори иҷлосия таъкид намуд, ки вакилони халқ дар фаъолияти минбаъдаи худ барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳамаҷониба кўшиш кунанд. Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони ноҳия Суруди миллӣ садо дод. “НФ”.