САҲИФАИ АСОСӢ
ТАБРИКОТИРАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2018
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 02 Январь 2018
- Просмотров: 13304
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2017 бо рӯйдодҳои муҳими фарҳангию сиёсии худ дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ватанамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар ин сол таҷлил гардидани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою рангини Ватанамонро бо саҳифаҳои наву фараҳбахш боз ҳам рангинтар гардониданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2017) аз муҳимтарин воқеаи сиёсии кишвар маҳсуб мегардад.
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2017 барои сокинони ноҳияи Файзобод низ соли пурфайзу бобарор буд. Дар ин давра дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, даҳҳо иншооти маъмурию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соҳаҳои иқтисодии ноҳия, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, фарҳангу маънавиёт пешравиҳои дилхоҳ ба даст омаданд.
Дар ин сол дар ноҳия соҳибкорӣ рушди тоза касб намуда, иштироки бахши хусусӣ ва сокинони ноҳия дар ободонии диёр боз ҳам беҳтар гардид. Дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 30 ҳазор адад дарахтони арча ва 5000 гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия зиёда аз 85 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулбуттаҳо шинонида шуд. Дар масофаи беш аз 30 километр дар шоҳроҳ ниҳолу гулбуттаҳои шинонидашуда панҷарабандӣ карда шуда, дар марказҳои Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Ҷавонон ва кӯчаи Розиқзода хатҳои равшаннамоӣ сохта шуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳалҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо дарозии 23 метр ва дар ҳудуди деҳоти Меҳробод аз болои дарёи Элок пули мошингузари дарозиаш 250 метр сохта ба истифода дода шуд. Роҳи маркази ноҳия дар масофаи 3,5 километр бо маблағгузории фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш карда шуд.
Бо ҷалби маблағҳои Барномаи Оғохон, Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа”, ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” дар деҳоти ноҳия бо маблағи умумии 2351 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Коррея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шуданд.
Ҳамдиёрони азиз!
Бояд гуфт, ки соли оянда дар назди сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои корҳои созандагию ободонӣ вазифаҳои ниҳоят зиёду масъулиятнок меистад. Нақшаҳо дар ин бобат хеле зиёданд. Сокинони ноҳияамон баҳри сазовор истиқбол намудани санаи муҳими миллиамон-27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии соли нави мелодии 2018-ро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи ҳамдиёрон саломатӣ, бахту саодат, бурдбориҳо ва ба ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат орзу менамоям.
МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 02 Январь 2018
- Просмотров: 1470
25 декабри соли 2017 Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 38 нафар дар Иҷлосия ҳозир буданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, идора ва хоҷагиҳо, намояндагони ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, ВАО ва ходимони дини ноҳия даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии №32 Саидов Аскар котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Раҷабов Сироҷиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, Абдураҳимов Шамсиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии №17, Ғиёсова Саломат, вакил аз ҳавзаи интихоботии №40 интихоб гардиданд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:
- Ҳисоботи Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2017.
- Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2018.
- Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллии ноҳия.
- Дар бораи тасдиқи ғайридавлатикунонии моликиятҳои коммуналии ноҳия дар соли 2018.
- Дар бораи тасдиқ намудани фонди хусусигардонии манзил дар ноҳия барои соли 2018.
- Дар бораи пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017, №8\27-1300.
- Дар бораи иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии ноҳия ва иваз намудани номи кӯчаи Гулистони шаҳраки Файзобод.
- Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2018.
- Дар бораи тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия.
Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ дастгирӣ ёфт. Баъд ба баррасии масъалаҳо шурӯъ карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ҳисоботи Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2017» Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ маърӯза кард.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда Акрамзода Зиёратшо, вакил аз ҳавзаи интихоботии №22, Ҷалилов Маҳмадалӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №24, Зиёев Ҳусейн вакил аз ҳавзаи интихоботии №33 ба музокира баромада, андешаҳои қобили қабул изҳор намуданд.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2018» сухан ба сардори раёсати молия Раҷабов Иноятулло дода шуд. (Матни маърӯзаҳо дар шумораи ояндаи газета чоп мешавад).
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ барои соли 2018» сардори нозироти андозҳои ноҳия Ализода Л. баромад намуд. Аз рӯи масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзнома «Дар бораи тасдиқи ғайридавлатикунонии моликиятҳои коммуналии ноҳия дар соли 2018» ва «Дар бораи тасдиқ намудани фонди хусусигардонии манзил дар ноҳия барои соли 2018» мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия Салимзода А. ахборот дод. Аз рӯи масъалаи ҳафтуми рӯзномаи иҷлосия оид ба иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳия ва номгузории кӯчаи Гулистони шаҳраки Файзобод сухан ба раиси комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия Ҷунайдовна баромад кард. Масъалаҳои ҳаштум ва нуҳуми рӯзномаи иҷлосия дар бораи тасдиқи нақшаҳои кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2018, инчунин тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳияро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Шаъбон пешниҳоди вакилон намуд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷумро ҷамъбаст намуда, изҳор кард, ки соли сипаришуда барои ҳар як фарди ноҳия соли хотирмон, соли пурфайзу бобаракат боқӣ мемонад. Зеро бо душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда бо заҳмати зиёди роҳбарону кормандон ва хоҷагидорон дастовардҳои зиёди меҳнатӣ ва корҳои ободию созандагӣ амалӣ гаштаанд.
Соли оянда дар назди роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳо, хусусан фаъолони ноҳия вазифаҳо хеле зиёду пурмасъуланд. Мо боварӣ дорем, ки ҳар яки Шумо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо бо сарбаландӣ мебароед ва дар ободию шукуфоии диёрамон саҳми арзандаи хешро мегузоред.
Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ пахш гардид.
МО,ҶАВОНОН ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 23 Ноябрь 2017
- Просмотров: 1625
Парчами Тоҷикистон
Чун бахт ёвари мост.
Хуршедсон ҳамеша
Тобанда бар сари мост.
Ҳар як давлат дорои рамз ва нишонаҳои давлатии ба худ хос мебошад, ки онҳо ифодакунандаи мустақилият ва соҳибихтиёрӣ, баёнгари арзишҳои фарҳангӣ, таърихи миллатҳо ва халқи ин ё он давлатро инъикос менамоянд.
Ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзишмандтарин ва волотарин дастоварди давлатдории тоҷикон мебошад. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ шинохта мешавад, яъне ин рамзҳо ифодагари мустақилияту соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ аст.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии соҳибихтиёрии давлат маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки воқеан, Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ мебахшад.
Парчами давлатӣ ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (Ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин дигар ҷойҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудааст, афрохта мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 мо, ҷавонон ба хотири арҷгузориву эҳтиром ва эҳсоси муҳаббату садоқат нисбат ба рамзҳои давлатӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату нерӯи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш меравем.
Итминон дорам, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз хоҳанд буд.
Озода ДАВЛАТОВА,
коргузори дастгоҳи раиси ноҳия.
ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ОБОДИ МОСТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 23 Ноябрь 2017
- Просмотров: 1951
Тоҷикистон ба маънои пуррааш умеди дилу хонаи оборди ҳар як фарди тоҷик аст. Ба ёд овардани бузургону родмардоне, ки дар домони ин сарзамини биҳиштмонанд кору пайкор кардаанд, ифтихору сарбаландии мо, ҷавононро ба авҷи аъло мерасонад. Ин аст, ки насли мо шукргузор аз оромию осудагӣ, аз озодию истиқлолият буда, пайи боз ҳам ободию гулафшонии ин ватани зебо камари ҳиммат бастаанд. Ҳамаи ин пешравию тараққиёт шаҳодати хираду фазилати баланди роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чаро ки баҳри ба зинаҳои баланди рушду тараққӣ даст ёфтани кишвари азизамон ӯ аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода карда, баҳри фардои боз ҳам дурахшони миллату ватанамон дониш, қувват ва ғайрати худро дареғ намедорад. Дар ин роҳи пурифтихор ӯ бештар ба гурӯҳи ҷавонони кишвар такя намуда, пешрафти босуръату тараққиёти чашмгирро маҳз дар симо ва рафтору амали онҳо мебинад. Ҷавобан ба ин боварию эътирофи Сарвари давлатамон мо ҳам кӯшиш мекунем, ки бо ҳар як ҳаракату рафторамон баҳри ободию пояндагии диёрамон саҳмгузор бошем. Барои расидан ба ин ҳадафи бузург моро мебояд, ки пештар ва бештар аз ҳама бо донишу қуллаи баланди илми муосир мусаллаҳ бошем. Дар амалӣ гаштани ин ормон мо, ҷавонон аз ҳамаи имокниятҳо истифода мекунем, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакатамон саҳми худро гузорем.
Тоҷикистон, Тоҷикистон!
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 23 Ноябрь 2017
- Просмотров: 1551
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 (директораш Б.Холиқов) дар асоси суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки махсус таъкид намуда буданд, «…Ҳар шаш моҳ дар байни хонандагон озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии модию маънавии ғолибон чораҷӯӣ намоед», чорабинии «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд. Хонандагони муассиса зери унвонҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Расмҳои беҳтарин», «Газетаи синфии беҳтарин» маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷамъбаст ҷойи якумро хонандагони синфи 11 «б» («Дунёи меҳр»), ҷойи дуюмро хонандагони синфи 10 «в» («Ҷавонони болаёқат»), ҷойи сеюмро хонандагони синфи 11 «в»(«Ҷаҳоноро») сазовор гардиданд. Хонандагони синфҳои 11 «а», 9 «а», 9 «б», 8 «а», 8 «б», 10 «а», 10 «б» низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд. Ғолибон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва маъмурияти мактаб бо Ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
ОФАРИН БА ҲАМДЕҲАГОН
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 23 Ноябрь 2017
- Просмотров: 1572
Соли равон дар муассисаи мо корҳои таъмиру ободонӣ бо кӯмаку дастгирии падару модарон, соҳибкорон, омӯзгорон ва хонандагон хуб ҷараён гирифт. Боиси қайд аст, ки саҳми раиси Ҷамоати деҳоти Бӯстон Фаррух Ҳикматуллоев ва сокинони деҳаи Себистон бо сарварии раиси маҳалла Н.Розиқов дар ин амали нек назаррас мебошад. Онҳо вазъи молиявии имсоларо ба назар гирифта,ба муассисаи таълимӣ аз ҳисоби дарахтони хушкшудаи маҳалла 0,3 мукааб ҳезум бахшиданд. Ин дастгирии онҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки равшанфикрони маҳал суханҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, барои дастгирии насли оянда кӯмакҳои худро дареғ намедоранд. Барҳақ фармудаанд:
Шамъ то шуъла занад, як шараре даркор аст,
Хок то кӯза шавад, кӯзагаре даркор аст…
Пайравӣ ба ин ташаббус соҳибкорон А.Сафаров ва Ф.Сафаров аз ҳисоби худашон як миқдор маводҳои сохтмонӣ ба муассиса кӯмак намуданд, ки ин нишони ватандорист. Офарин ба чунин ҷавонмардони соҳибкор! Нафақахӯр Ҳоҷиназар Раҳимов бошад дар рӯзи набераашро ба муассиса овардан аз ҳисоби нафақааш барои пешрафти корҳои ободонии муассиса саҳмгузорӣ намуд. Мардуми деҳа аллакай дарк намудаанд, ки обод намудани як гӯшаи диёр қарзи ҳар як фард мебошад ва онҳо тайёранд барои дастгирии насли оянда ҳар кӯмаке, ки лозим бошад, дареғ надоранд. Чуноне ки фармудаанд:
Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй ба мактаб биёр.
Мо, омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки усулҳои нави технологияи имрӯзаро истифода бурда, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, то онҳо низ фардо анъанаи беҳтарини гузаштагонамонро сарбаландона идома диҳанд ва рӯзгори худу ҳаёти ҷомеаро обод нигоҳ доранд.
ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН»
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 23 Ноябрь 2017
- Просмотров: 1417
Соли 2017 - Соли ҷавонон
Иттилоъ дода будем, ки бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон гардида буд. Ин озмун дар се давр – даври аввал дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ доир мегардид.
Даври ноҳиявӣ рӯзи 9 ноябр дар пешайвони Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова баргузор шуд. Дар он 6 ҷуфт оилаҳои ҷавони беҳтарин аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, аз рӯи шартҳои озмун, ки аз бахшҳои рӯзгордорӣ, маънавӣ, фароғатӣ, ҳаҷвӣ, фарҳангӣ, андарзӣ иборат буд, байни худ мусобиқа намуданд. Дар ҷамъбаст намояндаи оилаи ҷавон аз Ҷамоати шаҳраки Файзобод Эҳсон Зубайдов ва ҳамсараш Гулдастаи Маҳмадулло сазовори ҷойи аввал ва унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон», Нарзулло Хоҷаев ва ҳамсараш Роҳила Дӯстзода аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод сазовори ҷойи дуюм ва унвони «Оилаи соҳибмаърифат», Мақсудшоҳ Сафаров ва ҳамсараш Савринисо Зайниддинова аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон соҳиби ҷойи сеюм ва унвони «Оилаи соҳибхирад», оилаҳои ҷавон Шарофиддин Файзуллоеву Мадина Шарифова аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон, Худойназар Гулмуродзодаю Мавзуна Ризоева аз Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Субҳиддин Маҳмадиеву Наврӯза Раҷабова аз Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт соҳиби унвони «Оилаи намунавӣ» гардиданд.
Воқеан, ғолиби озмуни «Беҳтарин оилаи ҷавон» Эҳсон Зубайдов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Гулдастаи Маҳмадулло хатмкардаи коллеҷи тиббии ноҳия буда, дар Соли ҷавонон оилаи нав барпо кардаанд. Бо ин ғолибият охири моҳи ноябр ин оилаи ҷавон дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард.
Муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова озмунро ҷамъбаст намуда ба ғолибон ва оилаҳои беҳтарини насли калонсол, аз ҷумла ба Пайкамоҳ Муғниева – модаре, ки фарзандонашро ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодааст, (аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод), Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.
ОФАРИН, ЗАЙДУЛЛО ЗУБАЙДОВ!
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 30 Октябрь 2017
- Просмотров: 1586
Инак моҳи дуюм аст, ки маъракаи обуна ба нашрияву маҷаллаҳои даврӣ, аз ҷумла ба нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияи Файзобод «Набзи Файзобод» идома дорад. Соли равон тибқи нақшаи тасдиқгардида, теъдоди обуначиён ба нашрияи раиси ноҳия «Набзи Файзобод» бояд ба 2700 нусха расонида шавад.
Беморхонаи марказӣ (сардухтур Суҳроб Ҷобиров), КАТС (директор Музаффар Мирзоев) ба 125-нусхагӣ «Набзи Файзобод» обуна шуда, иҷрои нақшаро таъмин намуданд. Нақшаи пешбинигардида ҳамчунин дар МИҲД-и ноҳия, МДНСЭ (директор Комилҷон Латифов), «Лоиҳакаш» (сардор Нарзулло Давлатов), ҶДММ «Хизмат» (сардор Алиев Мирзоалӣ), Кумитаи заминсозӣ (раис Давлатхӯҷа Толибов), Омор (сардор Саидов Шодӣ), идораи оташнишонӣ ва посбонӣ (сардоронашон Ф. Соҳибназаров ва Каримзода Олимҷон), ҶДММ «Диловар нақлиёт» (сардор Диловар Раҳматуллоев), ТХҚ «Аврангзеб» (сардор Қурбоналӣ Камолов), Хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров (раисаш А. Шарифов), Масҷидҳои ҷомеи Элок, Хоҷаи Ҳотам ва Домуллошоҳ (хатибонашон Қорӣ Носир Раҳимов, Кароматулло Салимов, Ҷиёншоҳ Назаров) ба иҷро расид, ки аҳли эҷоди нашрия аз эшон сипосгузор аст.
Миёни нуҳ Ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия аввалин шуда Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба 150 нусха «Набзи Файзобод» обуна шуданд. Мо ба раиси ҷамоати мазкур Зайдулло Зубайдов ва мардуми соҳибмаърифати он изҳори миннатдорӣ менамоем.
Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод (121 нусха) ва Ҷавонон (110 нусха) ба иҷрои нақша наздик шуда истодаанд.
Аммо кас гумон намекунад, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва баъзе ташкилоту муассисаҳои ноҳия ашхоси фарҳангӣ ангуштшумор бошанд, вале то имрӯз ба ягон нусхаи нашрия обуна нашудаанд. Ҷамъияти матлуботи ноҳия (раисаш Ҳадиса Қурбонова) чун ду соли пешин нияти ба рӯзномаи «Набзи Файзобод» обуна шуданро надоштааст.
Дар Файзобод кору зиндагӣ кардаву ягона нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси ноҳияро нахондану аз ҳаводиси рӯзгори сокинонаш огоҳӣ наёфтан гувоҳи дур аз маърифат будани чунин масъулон аст, ки дар шумораҳои оянда аз ин хусус сухан хоҳем кард.
ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 30 Октябрь 2017
- Просмотров: 1550
Кишоварзони ноҳия дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли ғалладонагиро ба 5666 тонна расониданд, ки ҳосилнокии ҳар гектар ба 17,6 сентнерӣ мерасад.
Агар ғаллакорони Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон истеҳсоли ғалларо ба ҳар гектар нисбати ҳисоби миёнаи ноҳия зиёд карда бошанд, пас ғаллакорони Ҷамоатҳои Вашгирд, Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод ҳосилнокии ғаллазорҳоро 3-4 сентнерӣ кам карданд.
ххх
Картошкапарварони ноҳия имсол 6586 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд, ки ба ҳар гектар 156 сентнерӣ рост меояд. Картошкапарварони Ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бошанд, ҳосилнокии майдони картошкаро то ба 155-220 сентнерӣ расониданд.
ххх
Чорводорони ноҳия дар нуҳ моҳ истеҳсоли ширро аз ҳар сар гови дӯшоӣ ба 1127 килограммӣ расониданд, ки ин миқдор нисбати ҳамин давраи порсола 39 килограммӣ зиёд мебошад. Чорводорони Ҷамоатҳои ба номи Дӯстмурод Алиев ва Қалъаидашт дар ин ҷода пешсафанд.
Вале тибқи ҳисоботҳои оморӣ нақшаи истеҳсоли гӯшт дар нуҳ моҳи соли равон таъмин нагардид. Чорводорон ҳамагӣ 248 тонна гӯшт истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола 143 тонна кам мебошад. Камшавии истеҳсоли гӯштро масъулини соҳа дар мураттаб кор накардани ҶДММ «Мурғи ҳилол» медонанд.
Еще статьи...
- ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН
- ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Таваљљуњ ба “Мурѓи њилол” зиёд буд
- Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
- “ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ” АЗ ЧОП БАРОМАД