Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли ғалладонагиро ба 5666 тонна расониданд, ки ҳосилнокии ҳар гектар ба 17,6 сентнерӣ мерасад.

Агар ғаллакорони Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон истеҳсоли ғалларо ба ҳар гектар нисбати ҳисоби миёнаи ноҳия зиёд карда бошанд, пас ғаллакорони Ҷамоатҳои Вашгирд, Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод ҳосилнокии   ғаллазорҳоро   3-4 сентнерӣ кам карданд.

ххх

Картошкапарварони ноҳия имсол  6586 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд, ки  ба ҳар гектар 156 сентнерӣ рост меояд. Картошкапарварони Ҷамоатҳои деҳоти  Вашгирд, Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бошанд, ҳосилнокии майдони картошкаро то  ба 155-220 сентнерӣ расониданд.

ххх

Чорводорони ноҳия  дар нуҳ моҳ   истеҳсоли ширро  аз ҳар сар гови дӯшоӣ ба 1127 килограммӣ расониданд, ки ин миқдор нисбати ҳамин давраи порсола   39 килограммӣ зиёд мебошад. Чорводорони Ҷамоатҳои ба номи Дӯстмурод Алиев ва Қалъаидашт дар ин ҷода пешсафанд.

Вале тибқи ҳисоботҳои оморӣ  нақшаи  истеҳсоли гӯшт дар нуҳ моҳи соли равон таъмин нагардид. Чорводорон ҳамагӣ 248 тонна гӯшт истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола 143 тонна кам мебошад. Камшавии истеҳсоли гӯштро масъулини соҳа дар мураттаб кор накардани ҶДММ «Мурғи ҳилол» медонанд.