Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

МИНБАРИ МУАССИСОН

Т А Б Р И К О Т И РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!

Баҳори нозанин - Наврӯзи хуҷастапай, ки пайке аз эҳёи табиат,  зиндашавии олам, оғози кишту кор ва бунёдкорию созандагӣ маҳсуб меёбад, боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон қадами фархунда ниҳод.

 Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.

Наврӯз иди аҷдодии мардумони ориёӣ буда, таърихи куҳан дорад. Асрҳо боз гузаштагонамон бо пазмониҳои зиёд ин иди миллиро интизор гардида, онро бо як ҷаҳон омодагиҳо ва шодию фараҳ истиқбол менамоянд. Дар ин айёми эҳёи табиат, бедор гардидани замин, замони шукуфтанҳову растанҳо  мардумонамон аз қадим чун анъана ба кишту кор, корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида, хонаву дар, деҳу диёрро тозаву озода менамоянд. Деҳқон ба замин донаи умед пошида, баҳри зебову мунаққаш гардонидани атроф дарахту гулбуттаҳо мешинонад.

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дорад».

Боиси ифтихори бузург аст, ки  соли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пазироии ин пешниҳод аз ҷониби давлатҳои идкунандаи Наврӯз дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» Қатънома қабул гардид ва имрӯз  он ҳамчун иди ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.

Бояд қайд намоем, ки ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои тоза касб намуда, дар баробари идомаи анъанаҳои неки ниёгон бо мазмуну симои нав зуҳур намуда истодааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар имрӯз ин иди хуҷастаи аҷдодиро бо омодагиҳои ҳамаҷониба, бо шодию сурури беандоза ва дар фазои озоду пурфараҳ таҷлил менамоянд.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳанд. Дар арафаи ин иди бошукӯх дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи модар, ҳамасола доир намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиёни кишвар ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Боиси хурсандии зиёд аст, ки сокинони ноҳияи Файзобод низ дар қатори мардуми меҳнатқарину ободгари кишвар дар арафаи Наврӯзи имсола корҳои ободониро беш аз ҳарвақта вусъат бахшида, дар тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалҳои зист, бунёди боғу токзорҳо, шинонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд. То имрӯз сокинони ноҳия корҳои зиёди ободониро ба анҷом расонида, танҳо дар ҳудуди файзободии шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш зиёда аз 8500 бех дарахтони ҳамешасабзи арча ва гулбуттаҳои гуногун шинонида, ин амалҳои некро босуръат идома дода истодаанд.                          

Мардуми диёри файзборамон бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ, сулҳу субот ва ваҳдату якдилии сокинони кишвар Наврӯзи аҷамро   истиқбол менамоянд.  Мо аминем, ки ҳар як сокини ноҳия баҳри ободии диёру Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш менамояд, ки деҳу диёру кишварамон аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтар гардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо истифода аз ин фурсати муносиб   ба ҳар яки Шумо сокинони ноҳия саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори хушу осуда  таманно мекунам.

Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамдиёрони арҷманд!