Вс02022025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

Таваљљуњ ба “Мурѓи њилол” зиёд буд

Рўзи 17 июл дар толори МИЊД-ии ноњия нишасти матбуотии раиси ноњия, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олї Раљабзода Миралї бо иштироки  кормандони  ВАО-и мамлакат ва ноњия доир гардид.

Дар оѓози нишаст Раљабзода Миралї назди рўзноманигорон  аз дастоварду мушкилоти њамаи соњањои њаёти ноњия дар нимсолаи аввали соли 2017 сухан кард.

Давоми шаш моњи соли равон дар ноњия болоравии нишондињандањои иќтисодї чашмрас буда, рушди соњањои иљтимої, фарњангу маориф таъмин гардид.

Дар ин давра  њаљми умумии мањсулоти кишоварзї 41 миллиону 748 њазор сомониро ташкил дод.

Њамчунин раиси ноњия таъкид намуд, ки бо вуљуди нисбати њамин давраи соли гузашта беш аз 280 њазор сомонї зиёд мањсулоти саноатї истењсол шуда бошад њам, корхонањои саноатии Љамъиятњои сањомии заводи хишт, “Шарбати Файзобод”, оби маъдании “Гумбулоќ”, корхонаи равѓанкашї ва заводи консервабарории љамъияти матлубот фаъолияти чашмрас надоштанд ва дар давоми сол фаъолияти аксари онњо ѓайриќаноатбахш буд. Бояд ќайд кард, ки њанўз корхонањои саноатии ноњия бо иќтидори заруриашон кор намекунанд. 

Тайи 6 моњи соли равон дар ноњия 340 тўйњои домодию арўсї, 27  хатнасур, 163 маъракаи  чил, 54 маъракаи сол ба ќайд гирифта шудааст. Дар ин давра бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва соњибкорон тўйи хатнасури 70 нафар кўдакони ятиму аз оилањои ниёзманд доир карда шуд. Тањлилњо нишон медињанд, ки на њамаи љашну маросимњо бо риояи Ќонуни Љумњурии Тољикистон  “Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон” доир мегарданд.

Сипас  раиси ноњия   ба суолњои  хабарнигорон посух гуфт.

Маълум шуд, ки бањри пешгирии љавонон аз воридшавї  ба гурўњњои  экстремистї корњои зиёди ташвиќотї гузаронида шудаву натиљањои назаррас низ ба даст омадааст. Боиси таассуф аст, ки ягона хољагии тухмипарварии  ба номи А. Назиров њамагї дар ду гектар  картошка кишт намудааст ва ин  боиси нигаронист.  Таваљљуњ ба бунёди  майдончањои варзишї ва толорњои варзишї  хеле зиёд буда, навбати аввали майдони варзишии ноњия дар арафаи иди Истиќлолияти кишвар ба анљом хоњад расид. Фаъолияти вакилони маљлисњои љамоатњои дењоту  шањрак њанўз њам бењбудиро металабад.  Тозагии  маркази ноњия ва дењоти он, фаъолияти минбаъдаи ЉДММ “Мурѓи њилол”, дастгирии ташаббусњои созанда ва таваљљуњ ба нарху навои бозор  аз љумлаи он мавзўъњое буданд, ки дар нишаст мавриди таваљљуњ ќарор гирифт.

Њамчунин раиси ноњия Раљабзода Миралї ба хабарнигорон аз наќшањои нави созандагии сокинони ноњия ва сањми онњо дар пешрафти кишвар давоми нимсолаи  соли 2017 сухан кард.

-Сокинони ноњия дар њама самтњои њаёти иљтимоиву иќтисодии ноњия бо рўњбаландии бузург аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољикистон дастгирї карда, бањри сазовор истиќбол гирифтани  26-умин солгарди  Рўзи Истиќлолияти  давлатї саъй хоњанд кард,- таъкид дошт Раљабзода Миралї.

“НФ”.