Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

25 декабри соли 2017  Иҷлосияи сездаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 38 нафар дар Иҷлосия ҳозир буданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, идора ва хоҷагиҳо, намояндагони ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, ВАО ва ходимони дини ноҳия даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии №32 Саидов Аскар котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Раҷабов Сироҷиддин,  вакил аз ҳавзаи интихоботии №5, Абдураҳимов Шамсиддин, вакил аз ҳавзаи интихоботии №17, Ғиёсова Саломат, вакил аз ҳавзаи интихоботии №40 интихоб гардиданд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

- Ҳисоботи Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва  иқтисодии ноҳия  дар соли 2017.

- Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2018.

- Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллии ноҳия.

- Дар бораи тасдиқи ғайридавлатикунонии моликиятҳои коммуналии ноҳия дар соли 2018.

- Дар бораи тасдиқ намудани  фонди хусусигардонии манзил дар ноҳия барои соли 2018.

- Дар бораи пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017, №8\27-1300.

- Дар бораи  иваз намудани  номи  мавзеъҳои ҷуғрофии ноҳия ва иваз  намудани номи кӯчаи  Гулистони шаҳраки Файзобод.

- Дар бораи тасдиқи нақшаи кории  Маҷлиси  вакилони  халқи ноҳия ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои  соли 2018.

- Дар бораи тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия.

Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ дастгирӣ ёфт. Баъд ба баррасии масъалаҳо шурӯъ карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ҳисоботи Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва  иқтисодии ноҳия  дар соли 2017» Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ маърӯза кард.

Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда Акрамзода Зиёратшо,  вакил аз ҳавзаи интихоботии №22, Ҷалилов  Маҳмадалӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии №24, Зиёев Ҳусейн вакил аз ҳавзаи интихоботии №33 ба музокира  баромада, андешаҳои қобили қабул изҳор намуданд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи тасдиқи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2018» сухан ба сардори  раёсати молия Раҷабов Иноятулло дода шуд. (Матни маърӯзаҳо дар шумораи ояндаи газета чоп мешавад).

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ барои соли 2018» сардори нозироти андозҳои ноҳия Ализода Л. баромад намуд. Аз рӯи масъалаҳои чорум ва панҷуми рӯзнома  «Дар бораи тасдиқи ғайридавлатикунонии моликиятҳои коммуналии ноҳия дар соли 2018»  ва «Дар бораи тасдиқ намудани  фонди хусусигардонии манзил дар ноҳия барои соли 2018» мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия Салимзода А. ахборот дод. Аз рӯи масъалаи ҳафтуми рӯзномаи иҷлосия оид ба иваз намудани номи мавзеъҳои ҷуғрофии ҳудуди ноҳия ва номгузории кӯчаи Гулистони шаҳраки Файзобод сухан ба раиси комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия Ҷунайдовна баромад кард. Масъалаҳои ҳаштум ва нуҳуми рӯзномаи иҷлосия дар бораи тасдиқи нақшаҳои кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2018, инчунин  тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳияро  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Шаъбон пешниҳоди вакилон намуд.   Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ иҷлосияи сездаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷумро ҷамъбаст намуда, изҳор кард, ки соли сипаришуда барои ҳар як фарди ноҳия соли хотирмон, соли пурфайзу бобаракат боқӣ мемонад. Зеро бо душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда бо заҳмати зиёди роҳбарону кормандон ва хоҷагидорон дастовардҳои зиёди меҳнатӣ ва  корҳои ободию созандагӣ амалӣ гаштаанд.

Соли оянда дар назди роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳо, хусусан фаъолони ноҳия вазифаҳо хеле зиёду пурмасъуланд. Мо боварӣ дорем, ки ҳар яки Шумо аз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо бо сарбаландӣ мебароед ва дар ободию шукуфоии диёрамон саҳми арзандаи хешро мегузоред.

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ пахш гардид.