САҲИФАИ АСОСӢ
“ РЕШАҲОИ НОАЁН» СИМОИ АСЛИИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ-РО ЧУН ОИНА РАВШАН КАРД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 03 Июль 2018
- Просмотров: 1533
Шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён”дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд. Дар филм,ки аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст,воқеаҳои солҳои 90 ро кори дасти “хиёнаткорон” унвон мекунанд,ки бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” чунин рӯзҳои мудҳишро ба сари мардуми мо оварданд ва дар ин радиф Саид Абдуллоҳи Нурӣ,Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Саид Қиёмиддин номбар мешаванд. Тамошои филм сафҳаи ба пуррагӣ зудуданагаштаи андешаро дар бораи воқеоти гузашта боз як бори дигарварақгардон кард.
ДАРГУЗАШТИ ДӮСТМУРОД ҲАКИМОВ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 26 Июнь 2018
- Просмотров: 1972
Дӯстмурод Ҳакимов яке аз шахсиятҳои пурнуфузи ноҳияи Файзобод дирӯз -25 июн, соати 13 дар бемористони "Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе, дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Табибон мегӯянд, ки гурдаҳои Дости Бурут бар асари фишори бемории қавс (аденома) аз кор монд.
ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1471
Чанде пеш дар маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзуҳои “Ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табииву техногенӣ, шиноварӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа” таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда” ва “Дар бораи таснифоти ҳолатҳои фавқулодда” доир гардид. Ҷамъомадро сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар ноҳия полковник Давлатзода М. оғоз намуда, ҳадафи омӯзиши мазкурро баланд бардоштани савияи дониш, малакаву маҳорат ва дар ҳолати омодабош қарор доштани мардум арзёбӣ кард.
Омӯзиши мазкур марҳилавӣ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вохӯрӣ дар ноҳия маротибаи сеюм мебошад.
Вобаста ба мавзуҳои болозикр аз маркази мазкур сардори шуъбаи таълимӣ подполковник Тоҷиддин Аҳмадов, омӯзгори калон -майор Аслигул Тоирова ва методисти шуъбаи методии ҳамин марказ Дувунаева Гулбаҳор маърӯза намуда, ба иштирокчиён, ки директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ буданд, аз нозукиҳои мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.
ОБУ БАРҚ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1461
ЧАРО МАРДУМ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАБАРИРО САРИ ВАҚТ НАМЕСУПОРАНД?
Чун вакили мардумӣ борҳо шоҳиди он мегардам, ки қариб дар ҳар маҷлиси ҷамоати шаҳрак масъулон ва мардум сари масъалаи вазъияти таъмини обу барқ, напардохтани ҳаққи истифодаи он гуфтугузор мекунанд. Дар рафти муҳокимаҳо масъулон айбро болои мардум бор мекунанду мардум баракс. Ва мо барои рӯшанӣ андохтани ин баҳсҳои беохиру беҷавоб суҳбате доштем бо намояндагони ин муассисаҳои хизматрасон.
МАЪЮБОН БО МО БАРОБАРАНД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1517
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа аз ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон бахшида ба «Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо дар саросари мамлакат чорабиниҳои гуногуни маърифатию сиёсӣ ва оммавию варзишӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Дар ҳамин замина, бо дастгирӣ ва маблағгузории Хазинаи маъюбони Финландия “Абилис” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа оид ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқуи маъюбон ва ба тасвибрасонии он дар Тоҷикистон» чанде пеш чорабинии зикргардида гузаронида шуд, ки шарикони лоиҳаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Пешравӣ», Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе-“Имконият”, Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Созмони занони маъюб- “Иштирок” дар ҷараёни он ҳамоҳангсоз буданд.
ОҒӮШИ ГАРМИ “ДУРАХШОН”
- Подробности
- Категория: МАОРИФ
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1520
Чун ҳамасола дар давраи тобистон, ки таътили тобистонаи мактаббачагон фаро мерасад, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар лагеру истироҳатгоҳҳои мактабӣ дарҳои худро ба рӯйи наврасон мекушоянд. Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 04. 2018 бо рақами 295, фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2018 бо рақами 1810 ва Қарори раиси ноҳия аз 22.05.2018 бо таҳти рақами 343 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,шуъбаи маориф ва дигар идораву ташкилотҳои масъули ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Дар ноҳия майдончаҳои солимгардонӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 1,2,7,18,21,35,40,59 бо фарогирии 260 нафар хонанда фаъолият доранд. Ҳамзамон 1600 нафар толибилмони дар лагерҳои фароғатию истироҳатии дохили ноҳия ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
ҶОЙИ МАРДОНИ САХӢ БОШОД БИҲИШТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1341
Абдурашид Маҷидовро чун марди саховатпешаву хайрхоҳ дар тамоми қаламрави ноҳия мешиносанд. Зеро ӯ дар арафаи ҳар як ҷашну маросим, бахусус арафаи идҳои Рамазону Қурбон ба оилаҳои ниёзманди ноҳия, хусусан Ҷамоати деҳоти Мискинобод, дар ҳадди имкон дасти мададу кӯмак дароз менамояд. Имсол ҳам чун солҳои пешин дар арафаи иди саиди Рамазон ба сокинони ниёзманди шаҳраки Файзобод ва ҳашт деҳаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод гӯшт, равған, шакар ва анвои ширинӣ тақсим намуд. Кош, сафи ҳамин гуна саховатпешаҳо бештар гардад.
Ҳоким САФАР
БОЗОРИ ИДОНАИКИШОВАРЗОНИ ФАЙЗОБОД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1400
Дар арафаи иди Рамазон бо супориши муовини сарвазир ва вазири кишварзии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Сино дар шафати касалхонаи Қарияи боло ярмаркаи кишоварзони Файзобод ташкил карда шуд.
Кишварзони ноҳия 300 кило гӯшт, 20 ҳазор дона тухми мурғ, 4 тонна шир ва 2 ҳазор литр оби маъдании Файзободро бо нархҳои дастрас пешкаши сокинони Душанбешаҳр гардониданд. Сокинони пойтахт аз сифату нархи арзони маҳсулоти пешкашкардаи кишоварзони ноҳия қаноатмандӣ изҳор карданд.
Чунин ярмаркаҳо дар шаҳраки Файзобод низ 3 рӯз пеш аз ид бо иштироки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Маҳсулоти кишорварзии Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Қалъаидашт ва Ҷавонон зуд ба фурӯш рафт.
Аз чист, ки хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати Бӯстон раисаш Ф.Ҳикматуллоев дар ярмарка иштирок надоштанд.
С.ТИЛЛО.
КИШТИ КАРТОШКА ДАР 610 ГЕКТАР
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 25 Июнь 2018
- Просмотров: 1284
Дар арафаи ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ кишоварзони ноҳия аз иҷрои супориши нақшавии кишти картошка бо сарбаландӣ баромаданд. Дар майдони 610 гектар картошка кишт карда шуд, ки нақшаро 104 фоиз таъмин мекунад.
Майдони кишти картошка дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон ба 50 гектар, Меҳробод 54 гектар, Вашгирд 8,2 гектар, ба номи Дӯстмурод Алиев 71 гектар, Ҷавонон 100 гектар, Чашмасор 54 гектар, Қалъаидашт 110,8 гектар, Мискинобод 28 гектар, хоҷагии ҷангал 4 гектар расонида шуд.
Хурсандибахш аст, ки имсол бо саъю кӯшиши раиси хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров Ином Шарифов дар майдони 124 гектар картошка шинонда шуд, ки ин дастоварди калон мебошад. Картошкашинонӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия идома дорад.
С.ТИЛЛО.