ВОКУНИШ
“ РЕШАҲОИ НОАЁН» СИМОИ АСЛИИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ-РО ЧУН ОИНА РАВШАН КАРД
- Подробности
- Опубликовано 03.07.2018 16:49
Шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён”дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд. Дар филм,ки аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст,воқеаҳои солҳои 90 ро кори дасти “хиёнаткорон” унвон мекунанд,ки бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” чунин рӯзҳои мудҳишро ба сари мардуми мо оварданд ва дар ин радиф Саид Абдуллоҳи Нурӣ,Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Саид Қиёмиддин номбар мешаванд. Тамошои филм сафҳаи ба пуррагӣ зудуданагаштаи андешаро дар бораи воқеоти гузашта боз як бори дигарварақгардон кард.
Сахт таассуфангез аст, ки рӯҳонӣ воизи машҳури солҳои 90-и асри гузашта солҳои зиёде ва пас аз боздошту маҳкум шудан ба муддати 25 соли маҳрумият аз озодӣ ба чунин як ҳақиқате, агарчи нисбӣ ҳам бошад, расидааст. Зеро дар филм ӯ эътироф мекунад: “Дар майдони Шуҳадо яке аз суханварҳо ман будам,ман мардумро даъват кардам. Хеле суханҳои обдор задам. Ҳамин суханҳои ноҷо, ҳамин даъватҳои ноҷо,ҳамин майдони ноҷобоис шуд,ки миллионҳо одам муҳоҷир шуд, ҳазорҳо одам бехонумон шуд,ҳазорҳо кӯдак ятим монд.”
Сад бор бадӣ кардию шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ.
Ҳарчанд ки бо сахттарин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ-“барангехтани кинаву адовати миллӣ,нажодӣ,маҳалгароӣ ва динӣ”,”хаёнат ба давлат” ва “даъвати оммавӣ барои ба роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ”гунаҳгор ва маҳкум шудаасту худ онро эътироф мекунад,эътироф кардану бахшиш пурсидани ӯ аз мардум гувоҳ бар ғалабаи адолат аз болои беадолатӣ ,некӣ бар бадист.
Гузашта аз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонниз рӯзи 12-майи соли равон дар суханрониашон аз ин воқеа ёдовар шуда гуфтанд: ”Ду моҳ пештар бо ном “генерал” Қиёмиддин,эшони Қиёмиддини Ғозималикӣ,ки яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 буд,бо ҷайбҳои пури доллари кишвари дар нохунак “дӯст”-и мо боз ҳам барои ҳамон амалҳои нопоку ғаразноки худ,дастгир карда шуд. Пурра,ҳоло худаш иқрор мекунад, ки пурра мазҳаби шиаро ҳамин қадар сол қабул кардааст,пурра бо супориши сохтори ҷосусии ин кишвар зидди миллати тоҷик кор бурда истодааст.”
ҶОВИД САЛИМ, омӯзгор