САҲИФАИ АСОСӢ
ШАҲРАКИ ФАЙЗОБОД 68 ИНШООТ БУНЁД КАРДАНИСТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1380
Дар кохи ба номи Рӯдакӣ вохӯрии гурӯҳи кории ҷашнгирии 30-солагии истиқлолияти кишвар бо иштироки фаъолон, соҳибкорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва сокинони ҷамоати шаҳраки Файзобод доир гардид. Дар он оид ба омодагии сокинони шаҳрак ба ин ҷашн сухан рафт.
ПОСУХ БА ЖУРНАЛИСТОН
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 10 Август 2018
- Просмотров: 1344
30 июл дар толори қасри фарҳанг раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Раҷабзода Миралӣ бо иштироки васеи хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Дар оғоз аз дастоварду мушкилоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳарф зад.
ФИТНАИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИТ БОЗ КОР НАДОД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 08 Август 2018
- Просмотров: 1290
Ҳар гоҳ ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ташаббусу дастгирӣ ва раҳбарии Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудии мардум, осоиштагии рӯзгори онҳо, амнияту якпорчагӣ ва ваҳдати он амалеро анҷом доданӣ мешаванд, душманони аёну ноаён ва баъзан пасипардагии ин миллати воҳид тавтиаеро роҳандозӣ месозанд. Чунин як амали ғайриинсонии навбатии онҳо куштори гурӯҳи дучархаронҳои хориҷӣ аст, ки 29-уми июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе анҷом дода шуд.
ХОНАҲОИ ЭНЕРГИЯСАМАРАНОК БИСОЗЕД!
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 07 Август 2018
- Просмотров: 1379
МАКАРОНИ ФАЙЗОБОД ИСТЕҲСОЛ ШУД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 06 Август 2018
- Просмотров: 1290
Зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо зина ба зина дигаргуниҳо ба чашм мерасанд. Хушбахтона имрӯзҳо бо сари баланд метавон гуфт, ки кишвари мо аз низоми аграрӣ ба агросаноатӣ гузашта истодааст. Ҳамаи ин гувоҳи рушду тараққиёт ва пешрафти кишвари азизамон аст
ТТЭ ҲНИТ- САБАГОРИ НООРОМИҲО ВА АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР КИШВАР
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 03 Август 2018
- Просмотров: 1259
Солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифгани кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷузъи муҳими низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтанд, ба касе пӯшида нест.
Аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ минтақа дорои захираҳои бойи табиӣ, мисли нафт, газ, об ва ғайра буда, метавон аз имконоти роҳҳои байналмилалӣ, ки давлатҳо ва бандарҳоро ба ҳам мепайванданд, ба таври васеъ истифода бурд.
ФОҶЕА БО САЙЁҲОН - ФИТНАИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 02 Август 2018
- Просмотров: 1260
Фоҷеаи даҳшатангезу нангине, ки рӯзи 29 июл дар шоҳроҳи Кӯлоб -Душанбе ба вуқӯъ пайваст, тамоми миллати тоҷикро ба ташвиш ва изтироб овард. Чанд нафар фарзандони нахалафи миллате, ки тайи асрҳо ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар дунё овозаю эътибор дошта дастархонаш барои худию бегона ва пиру барно доим кушода буд, халқе, ки тӯли асрҳо аз дигарон зулм дидаю ба сари касе мушт набардоштааст, имрӯз дар Ватани худ бар зидди меҳмонони азизи хеш куштор ташкил намудаву бо ин амали хеш обрӯю этибори халқи тоҷикро дар арсаи байналмиллӣ коста кардан мехоҳанд.
ҶОНИ ТУ ҶОНИ КАСЕ ҶОН НАБУДААСТ?!
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 31 Июль 2018
- Просмотров: 1202
БОЗ ЯК ИҒВОИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИТ ХТТТТттттТТОНА
Шабакаи Паём.нет боз як иғвои навбатиро алайҳи миллати тоҷик пеш гирифтааст. Ва аз саҳифаи интернетии худ тавассути Ду узви ситод — Алим Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев ҷор мезананд, ки эълони тазоҳурот дар кишварҳои ғарбӣ барои ҳимоят аз Ҳамза Тиллозода ба роҳ мемонанд. Бешармона тифлеро , ки имрӯз миёни маргу ҳаёт даст ба гиребон аст дар манзари сиёсати хеш қарор додаанд. Ва боз мехоҳанд тавассути Ҳамза таваҷҷуҳи оламиёнро ба Ҳизби терроистиву хунхори наҳзат ҷалб намоянд.
ТАЛОШИ ДУБОРАИ МАНФИАТТАЛАБОН
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 27 Июль 2018
- Просмотров: 1356
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъомади боқимондаҳои ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ баргузор шуд. Дар он як гурӯҳи хурди шахсони беному нишон ва мазҳабфурӯшро ҷамъ карда, бори дигар кӯшиш кард, ки дар атрофи худ як эътилофи қувваҳои зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро ташкил кунад. Аммо ин нақшаи муғризонаи онҳо бори дигар шикаст хӯрд