САҲИФАИ АСОСӢ
«ПАЙМОНИ КАБИРӢ»- ИТТИҲОДИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶИНОӢ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 18 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1206
Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ширкат дар ҳамоишҳо оид ба ченакҳои ҳуқуқи инсон ва нишастҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд ва чунин ҳам мемонад. Аммо ба ҳар сурат таҳлилгарони тоҷик пас аз шиносоӣ ба таъсисдиҳандагону аъзоёни паймони Иттиҳоди неруҳои созандаи Тоҷикистон онро «Иттиҳоди панҷ нафар»-е номиданд, ки ҳадафи аслиаш пинҳон кардани амалҳои нодуруст ва ҷиноятии худи онҳо ва ба даст овардани маблағ буда, аз ҷониби ягон нафар мухолифи солимақл ҷонибдорӣ наёфт.
ШИРКАТИ «ЛЕСАКҲО» ДАР ГУФТУШУНИДИ ВАРШАВА
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 18 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1296
Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад. ҲНИ, ки ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудааст, аз қабили ниходҳое мебошад, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.
«ПАЙМОНИ МИЛЛӢ» БОЗ ЯК ФИРЕБИ НАҲЗАТИЁН АСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 15 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1269
Дар рӯзҳои нахустини оғози кори машварати навбатии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА бо ташаббуси ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон гуруҳе таъсис ёфт, ки ба худ номи «Паймони миллӣ»-ро гирифт.
ГУЛБИДДИН ДАР КУРСК ҚАҲРАМОН ШУД
- Подробности
- Категория: ВАРЗИШ
- Опубликовано 14 Сентябрь 2018
- Просмотров: 3258
Шогирди таълимгоҳи деҳаи Мӯминободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод Гулбиддин Раҳматзода, ки алҳол донишҷӯйи соли чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мебошад, дар мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Курск (рӯзҳои 11-12 август) аз рӯи варзиши вазнини армлифтинг (варзише, ки бо қувваи даст ашёи пешниҳодкардаи мусобиқаро бардошта меистӣ) қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ дар ду намуд – «Русская ос» ва «Русская хаб» қувва озмуда медали тилло гирифт.
ДАР ВАРШАВА МУҲИДДИН КАБИРӢ АЗ НОМИ ИСЛОМ БА МАНФИАТИ ХУД СУХАН МЕГӮЯД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 13 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1258
Дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳое мавҷуданд, ки бо роҳи дуруғпароканӣ ва тавтеапардозӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар фазои маҷозӣ ба зеҳнҳои одамон таъсиргузорӣ намуда, афкори пучу хуруфазадаи роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ-ро дар баъзе сомонаҳои ифротии бо забони тоҷикӣ интишоршаванда, ки фаъолияти иғвобарангеза ва сиёҳкорӣ доранд тарғиб намоянд.
ОБ ГАНҶЕСТ БЕБАҲО
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1268
Об омили муҳими ҳаёт дар рӯйи Замин ба шумор меравад. Об сарчашма ва манбаи ҳаёт, асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ буда, муъҷизаи беҳамто, неъмати бебаҳои табиат мебошад. Ба ақидаи баъзе олимони дунё, ҳаёт аввал дар об пайдо шудааст. Чор унсури муҳими ҳаёт: хоку оташу бод ва об барои инсоният аз ҳама муқаддасанд. Дар маънавиёту ахлоқ ва фарҳанги мо таваҷҷуҳ ба об, ташнаеро об додан, сарзаминеро сероб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, обу ободонӣ ва некукорӣ аҳамияти бузурги ахлоқию тарбиявӣ дорад.
ДАР КОРГАҲИ КӮЗАГАР
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 13 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1502
Ҳангоми аз назаргузаронии бойгониам чашмам ба сурате афтод, ки онро беш аз чил пеш аксбардорӣ карда будам. Дар ин расм Зарафохола миёни шогирдон ҳангоми кор, ки ба кузаи сохтааш нақш мегузошт акс ёфта буд. Бо дидани расм ёди солҳои пешин чун навори кино аз назар мегузаштанд. Ва гӯё Зарафохола бо ҳамон чеҳраи зебо ва лафзи ширинаш хитобам мекард:- дидӣ писарам, нақши дастамро дар ҳунарам ба ёдгор гузоштаву рафтам. Ин лаҳза рафтам думболи хаёлоти умри рафта…
БАХТИ БАЛАНД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1250
Нисфи зиёди умри банда дар даврони шӯравӣ гузашту бо обу нони ҳамон давр хондему ба воя расидему маълумоти олӣ гирифтем, соҳиби мансабҳои баланд шудем, ба нафъи халқу Ватан алоқадри қуввату ғайрати дониш хизмат кардем. Бахти тоҷик ҳам баландӣ карду мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Советӣ соҳиби давлати мустақил гардидем. Воқеан, ин бахти баланд аст! Давлати мустақил барои шаҳрвандонаш имкониятҳои фаровон медиҳад, то озодона таҳсил кунад, сухан гӯяд ва аз дигар имтиёзҳои муқарраркардаи Конститутсия баҳра бардорад.
«МУСИЧАҲОИ БЕГУНОҲ» -И ТТЭ ҲНИ ДАР НИШАСТИ ВАРШАВА ЧӢ МЕКОБАНД?!
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 12 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1285
Тавре маълум аст, ҷиноят ва хиёнатҳое, ки солҳои охир аз тарафи ТТЭ ҲНИ созмонёфта ошкор гарид, пардаҳои сиёҳе, ки худро пас он роҳбарони ҳизб, бахусус Муҳиддин Кабирӣ мепӯшониданд, бардошта шудаву фаъолияти паси пардагии онҳо ошкор гардид.