САҲИФАИ АСОСӢ
БА ИНСОНҲОИ ҒАРАЗНОК НАФРАТ ДОРАМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 01 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1222
Филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро аз телевизион тамошо карда, ба навиштани чунин сатрҳо шуруъ намудам.
Инсон барои он ба дунё меояд, ки зиндагии осуда бубинад. Вале шахсиятҳои нобакор, гурӯҳҳои ифротгар, сарварони давлатҳо ин оромиро халалдор мекунанд. Ғарази онҳо аён аст. Худ зинда бошанду дигарон фано шаванд.
«БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ» ЧОДАРИ НАЙРАНГРО ДАРИД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 29 Август 2018
- Просмотров: 1233
Хиёнату бадкорӣ ва дигар аъмоли ношоиста доимӣ зери парда рупӯш намемонад. Рӯз аз рӯз сокинони мамлакат тариқи воситаҳои ахбори умум аз амалигардонии нақшаҳои шуми ТТЭ ҲНИТ ошноӣ пайдо мекунанд. Филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки ба қарибӣ намоиш дода шуд, давоми ифшошавии найрангу ҳиллаҳои бадхоҳони миллат, аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби ниҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
ХОНАНДАГОН ҲУНАРҲОИ МИЛЛИРО МЕОМӮЗАНД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 29 Август 2018
- Просмотров: 1354
Ҳунари дастӣ ҳунари гаронарзиш буда, таҷассумгари фарҳанги баланди зебоипарастии ҳар як миллат мебошад.Боиси ифтихор аст, ки аз ҷумҳуриамон маҳсули дасти кулолгар, сокини деҳаи Устошамси ноҳияи мо Сочигул Асоева дар намоишгоҳи ҷаҳонии ҳунарҳои касбии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва дастгирии ЮНЕСКО баргузор гардида буд, мавриди таваҷҷуҳи ҳазорон тамошогарон гардид.
ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ВА ОХУНДҲОИ ЭРОНӢ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 29 Август 2018
- Просмотров: 1270
БАЪДИ ЯК МОҲИ ФОҶЕА
Инак аз фоҷеаи ки 29 июли соли ҷорӣ дар шоҳроҳҳои Душанбе –Кӯлоб, дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод расо як моҳ сипарӣ гардид. Воқеаи ба амал омада аз вазнинтарин амалҳои террористии давоми ду даҳсолаи охир маҳсуб меёбад, ки бар асари он 4 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд, ки онҳо бо мақсади саёҳат аз чандин давлатҳои олам гузар кардаву ба Тоҷикистон омаданд ва читавре аз мусоҳибаҳои пеш аз воқеъа дар саҳифаҳои интернетии худ нигоштаанд: «Тоҷикистону мардумашро беҳтарин»- ҳангоми сафари хеш дарёфтаанд.
ПЕШРАФТИ МАОРИФ АЗ МО ВОБАСТА АСТ
- Подробности
- Категория: МАОРИФ
- Опубликовано 29 Август 2018
- Просмотров: 1283
Аз рӯзҳои аввали ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, пойдор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушди маориф, ғамхорӣ нисбати омӯзгорон дар маркази диққати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ин соҳа яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эълон гардид.
МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БУНЁД МЕШАВАНД
- Подробности
- Категория: МАОРИФ
- Опубликовано 29 Август 2018
- Просмотров: 1324
Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлатамон ба ҳисоб рафта, барои боло бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегарданд. Пешравиҳои муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани ҳамаи ин инкониятҳо шаҳодати таваҷҷуҳи бевосита ва доимии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАЛАБИ РӮЗ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 24 Август 2018
- Просмотров: 1190
Ҷомеаи муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдорҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон нишон медиҳад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммосолҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст.
ДУХТУРИ БУНГАКИЁН
- Подробности
- Категория: ТИБ
- Опубликовано 24 Август 2018
- Просмотров: 1618
Қиёмиддин Раҷабовро ҳамчун табиби ҳозиқ дар ноҳияи Файзободу берун аз он аксарият мешиносанд. Ба ӯ лақаби касбиву ихтисосӣ ҳам додаанд: «Духтури Бунгакиён». Бунгакиён деҳаест, дар ноҳияи Файзобод, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво ва салқину доманакӯҳ ҷойгир шудааст. Ҳатто дар чилаи тобистон оби чашмаҳои ин деҳаро аз сардӣ нӯшидан душвор аст. Минтақаи кӯҳсорест, ки барфу боронаш ба иқлими ағбаи Шаҳристон монанд мебошад. Тирамоҳи зарин, ки ҳама дарахтон хазон мешаванду дашту кӯҳсор саросар зард мешаванд, Бунгакиёнро сабзгун меёбед. Имрӯз ин деҳа бо номи Дурахшон ивази ном кардааст. Дар ҳамин деҳаи биҳиштсон дар маркази саломатии ин деҳа Қиёмиддин Раҷабов қариб бист сол боз фаъолият менамояд.