Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ТИБ

ДУХТУРИ БУНГАКИЁН

 

Қиёмиддин Раҷабовро ҳамчун табиби ҳозиқ дар ноҳияи Файзободу берун аз он аксарият мешиносанд. Ба ӯ лақаби касбиву ихтисосӣ ҳам додаанд: «Духтури Бунгакиён». Бунгакиён деҳаест, дар ноҳияи Файзобод, ки дар мавзеи хушбоду ҳаво ва салқину доманакӯҳ ҷойгир шудааст. Ҳатто дар чилаи тобистон оби чашмаҳои ин деҳаро аз сардӣ нӯшидан душвор аст. Минтақаи кӯҳсорест, ки барфу боронаш ба иқлими ағбаи Шаҳристон монанд мебошад. Тирамоҳи зарин, ки ҳама дарахтон хазон мешаванду дашту кӯҳсор саросар зард мешаванд, Бунгакиёнро сабзгун меёбед. Имрӯз ин деҳа бо номи Дурахшон ивази ном кардааст. Дар ҳамин деҳаи биҳиштсон дар маркази саломатии ин деҳа  Қиёмиддин Раҷабов қариб бист сол боз фаъолият менамояд.  Ҳамчун сардухтури кордони ин марказ дар дилу дидаҳои мардум маскан ихтиёр кардааст. Хоксору ботавозуъ, хушмуомилаву дилсӯз, боинсофу бетамаъ ва дилогоҳу рамузфаҳм аст. Мавсуф солҳои 1989-1995 дар ДДТТ ба номи Абӯлӣ ибни Сино  таҳсил намуда, баъди як соли фаъолияти пизишкӣ дар шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш омадааст. Дар маркази ноҳияи Файзобод низ муддати кутоҳе фаъолият намуду ба бунгоҳи саломатии деҳаи худ сардухтур шуда омад. Бо кӯшишу талоши худ ва дастгирии  Вазорати тандурустиву беморхонаи марказии ноҳия ин марказро бо дастгоҳу технологияҳо нисбатан муҷаҳҳаз  гардонид. Табиби муолиҷавӣ аст ва аз соли 2014 ҳамчун духтури  оилавӣ дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод овозадору шинос аст.

Қиёмиддин Раҷабов пеш аз ҳама инсонгарии баланд дорад. Пушти дари қабули беморон ҳолатҳоеро мушоҳида менамоем, ки аз ин сифати ӯ дарак медиҳанд. Очаҷон, холаҷон, падарҷон, додарҷон ва дигар муроҷиатҳои пурмеҳри ӯ аввалин дари шифо барои ҳоҷатмандону беморон аст. Боз ҳам шиква аз қонуниятҳои ҷамъияти сармоядорӣ дорем, ки имрӯз ҳама чизро пойбанди пулу мол сохтаем. Аммо бовар кунед, ки ин марди  шариф парвое аз кисаи пуру холии ҳоҷатмандон надорад. Мебинед, ки баъди ташхис ва навиштани дорухат аз мӯйсафед ва ё зани солхӯрдаи дигар на пулу ҳаққи хизмат, балки дасти дуо талаб менамояд. Қиёмиддин чун як пизишки соҳибдониш ҳеҷ гоҳ дари тамаъ надорад. Чун як равоншинос ҳолати ҳар як корафтодаро дарк менамояд. Ба беморе, ки дар дарду табу азобу азият дорад, бо суханону алфози неки худ қуввату нерӯ мебахшад.

Тавре ишора гашт, Қиёмиддин Раҷабов донишгоҳро бо сари баланд хатм намуда, бо донишҳои амиқ вориди коргоҳи касб шудааст. Таҷриба оғози комёбиҳои имрӯзаи ӯст. Дар ташхис намудани навъи беморӣ беҳтарин мутахассиси маҳаллӣ аст. Ҷои инкор нест, ки пойтахт ҳамеша чун маркази илму техникаву технология корафтодаҳоро ба сӯи худ ҷалб месозад. Аммо аксаран сокинони Файзободу Роғуну Нурободу Рашт барои ташхиси бемории худ ҳатман рӯ ба Бунгоҳи тиббии Бунгакиён меоранд. Барои онҳо ташхиси Қиёмиддин беҳтарин ташхис аст. Дар баробари ташхис бо нишондоди худ табобати хубро барои беморон дареғ намедорад. Сифати беҳтарини Қиёмиддин  Раҷабов он аст, ки ӯ «ман» намегӯяд. Ташхисро муқаррар менамояд ва бидуни ваҳму бонги хатаре касалмандонро тавсияҳо медиҳад, то ин ки харҷу ранҷи беҳуда ба дӯш надошта бошанд. Аз даҳҳо корафтодагони пушти дари ӯ аҳволро мепурсам. Мегӯянд, ки чизе Қиёмиддин мегӯяд, ҳамонро дар шаҳру дар ҷойҳои дигар ба мо мегӯянд.

Ин андешаҳоро хонанда пиар (реклама) қабул надорад. Ҳадафи навишта тарғиби одамгариву инсофу фарҳанги пизишкӣ мебошад. Як қиёсро мехоҳам мисол орам. Ду сол қабл як бемории дарди сахтдоштаро (приступ) ба яке аз беморхонахои пойтахт овардем. Ҳолати бемор хуб набуд. Табиби ҷавони авбошмонанде беморро ташхис гузаронид ва дар як лаҳза барои ҷарроҳӣ беморро омода намуд. Мувофиқи ташхиси бесаводонаи ӯ бемор гӯё дарди апендитсит (бемории кӯррӯда) дошта бошад. Ҳарчанд худи бемор аз табиб босаводтар буду мегуфт, ки ман апендисит нестам. Чун нархи ҷарроҳӣ қимат буду роҳи рафту омад, дуру душвор буд, ба ӯ гуфтем, ки оё намешавад, ки беморро дар ноҳия бурда ҷарроҳӣ намоем. Ин «қассоб»  бешармона ҷавоб дод:

-Ҳа.., аҷоиб будаед, амакиҳо! Заҳмата ман кашаму фоидаро дигарон бинанд. То ноҳия бурдану ҳатто чанд соати дигар ман гарантия намедиҳам. Руда мекафаду беморро аз даст медиҳед. Меҳнату даводави манро барбод надиҳед.

Оҳанги гуфтораш, бароямон кадом як эҳсосу шубҳаро бедор намуд. Беморро назди  табиби дигаре  бо номи Баҳодур бурдем. Беморро аз назар гузарониду гуфт, ки нишонаҳои беморӣ санги гурда аст… Баъди се рӯз бо ҷарроҳӣ аз гурдаи бемор санги гурдаро гирифтанд. Тасаввур кунед, ки агар он табиби ҷаллод беморро дарди кӯррӯда гуфта ҷарроҳӣ мекард, чӣ мешуд? Инак зиёда аз ду сол гузашт ва он бемор аз дарди апендиссит шикоят надорад. Он табиби авбош бошад, ҳатто чанд соат гарантия надода буд. Ҳар дафъае номи он беморхонаро гиранд, ё аз назди он гузарам, ҳамон суханони он баднафси ҳарису пастфитрат дар гӯшам садо медиҳанд. Номи он «ҷаллод»-ро инҷо гирифтан намехоҳам. Агар андаке ҷавҳар дар вуҷуд дошта бошад, бигзор ӯро виҷдон азоб диҳад. Шояд ингунаҳо сабабгори марги чандин нафар ҳам гашта бошанд, ё гарданд.

Ҳамин ҷиҳат аст, ки хостам дар бораи Қиёмиддин Раҷабов барин табибоне ки мақсадашон пеш аз ҳама табобат аст, чанд сифати некро баён дошта бошам. Мехостем, ки табибонро мақсади аслӣ табобат бошад ва ҳеҷ гоҳ бо саломатии инсонҳо тиҷорат накунанд. Ин марди поквиҷдонро ҳама эҳтиром мекунанд. Зеро ӯ нахуст донишу таҷрибаи кофиро соҳиб аст. Бо як нигоҳ ва баъдан ташхиси хоси худ дарду ранҷи беморро зуд дарк менамояд. Худ табоббат менамояд ва барои табобат беморро ба ҷои заруррӣ роҳнамун месозад. Одамгариву донистани қадри инсон ӯро дар дилу дидаҳо ҷо намудааст. Дар чанд саволу ҷавоб занги дили беморро зудуда мегардонад. Ба Қиёмиддин Раҷабов дар кору заҳмати пурмасъулаш барору муваффақият хоҳонем.

Қ. БАХТИЁР.