ВОКУНИШ
БА ИНСОНҲОИ ҒАРАЗНОК НАФРАТ ДОРАМ
- Подробности
- Опубликовано 01.09.2018 11:10
Филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро аз телевизион тамошо карда, ба навиштани чунин сатрҳо шуруъ намудам.
Инсон барои он ба дунё меояд, ки зиндагии осуда бубинад. Вале шахсиятҳои нобакор, гурӯҳҳои ифротгар, сарварони давлатҳо ин оромиро халалдор мекунанд. Ғарази онҳо аён аст. Худ зинда бошанду дигарон фано шаванд.
Мо тавассути матбуоти кишвар ва ҷаҳон аз ғаразҳои сиёсии давлати Эрон, ки худро доиман «ҳамзабони дӯст» ҷилва медиҳад, бохабарем. Ҷониби Эрон дар Тоҷикистон ба бунёди иншоотҳои азим машғул шуда, аз дигар ҷониб ба мо хиёнат мекунад. Акнун мо медонем, барангезандаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва пиёда кардани ғаразҳои нопоки сиёсӣ давлати «дӯсти» мо Эрон будааст. Дастгирии молиявии ташкилоти экстремистии ҲНИТ маънии сарнагун кардани ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва сохтмони давлати исломӣ будааст. Ҷониби Эрон андеша накард, ки ҷиҳати ин маблағгузорӣ 150 ҳазор ҷавонмардони тоҷик қурбон мешаванд.
Банда тавассути нашрияи ҷуиҳуриявӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи «Фараж» куштори разилонаи беҳтарин фарзандони миллат Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзод, Хушвахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Почохон Сайфиддинро лаънат хондам. Ин шахсиятҳо маҳз бо супориши мутеъони Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳалокат расиданд.
Ман ба инсонҳои ғаразнок нафрат дорам!
Аз ёд набаровардаем, ки дар солҳои нооромӣ Тоҷикистон сарвари Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба ҷони ҳамватанони мо ба чӣ рангҳо ғадр кард: роҳи оҳанро баст, то ба мардуми мо ғизоӣ нарасад. Пӯшида нест, ки даҳҳо кас аз гуруснагӣ ба касалӣ дучор гардида, ҳалок шуданд.
Ислом Каримов аз олам рафту бо ташаббуси ду сардори адолатхоҳ – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев чароғи дӯстии дерина аз нав рӯшан шуд.
Пояҳои давлати мо рӯз аз рӯз мустаҳкам мешавад. Халқ муттаҳиду сарҷамъ аст. Ҷониби Эрон бояд пилтаҳои хомро аз гӯш бикашанд, ки бо ғаразкорӣ пояҳои давлати Тоҷикистонро суст карда наметавонад. Ва пуштибонии Эрон аз ташкилоти экстремистии ҳизби наҳзати ислом кори беҳуда аст. Мо зери парчами давлати ҳуқуқбунёди демократӣ пеш меравем.
Ҷӯрабек МӮМИН, рӯзноманигор.