САҲИФАИ АСОСӢ
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 12 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1407
Сафарбек Нурзода, яке аз чеҳраҳои сиёсии даврони шӯравӣ ва имрӯз дар сатҳи ноҳия, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба медали «Хизмати шоиста» шарафёб гардид. Аз хизматчиёни давлатии ноҳия ӯ ягона шахсест, ки ба шарафи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сазовори ин мукофоти давлатӣ гардидааст.
Ин мукофотро 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супурд.
Сафарбек Нурзода, ки алҳол мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебошад, фаъолияти меҳнатиашро дар идораҳои сиёсӣ аз мушовири кумитаи комсомол оғоз намуда, аз рӯи дониши мукаммал, тавоноии ақлу фаросат зина-зина боло рафт. Воқеан, ӯ донишкадаи омӯзгории Кӯлобро бо дипломи сурх тамом карда, дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш пайваста дар талоши хондану омӯзиш аст. Ҳар ҷое кор кардааст, барои иҷрои супоришу вазифаҳо ғайрату неру ва донишаш басандагӣ карда, аз ҳамин ҷиҳат соҳиби иззату икром шудааст.
Ҳар касе аз ин мукофоти давлатӣ хабардор шуд, ӯро сидқан муборакбод кард.
М. ТАЛЪАТ, «НФ».
МО СОҲИБИХТИЁРЕМ!
- Подробности
- Категория: СИЁСАТ
- Опубликовано 12 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1301
Вожаи Истиқлолият моро ба андеша мекашад, то дарк кунем, ки он чӣ чиз асту чӣ медиҳад. Ҳафтод сол зери байрақи соҳибихтиёрӣ зиндагӣ кардем. Вале соҳибихтиёрии мо, тоҷикистониҳо, нисбӣ буд. Москваро гӯш мекардем, аз ӯ мепурсидем, ки фалон корро чӣ навъ оғоз кунему чӣ тарз ба анҷом расонем. Чунки мо фарогири СССР – Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ будем. Ҳамеша ду парчам меафрохтем: Парчами СССР ва Парчами Тоҷикистон.
ИФТИТОҲИ ДУ МАХЗАНИ ДОНИШ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 12 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1365
Соли хониши 2018-2019 барои маорифчиёни ноҳия бобарору муждарасон оғоз гардид. Дар арафаи рӯзи дониш ва ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра фаро гирифтани хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 2 ва 9 ду таълимгоҳи ибтидоии ёрирасон сохта шуданд.
ИСТИҚЛОЛИЯТ: НИГОҲЕ БА БУРДИ ДАҲСОЛАҲО
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 12 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1365
Соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардидани Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар мусоидат намуд. Пешравиҳое, ки имрӯз дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ ба даст омадаанд, бе Истиқлоияти давлатӣ тасаввурнопазир буданд. Аз ҷумла се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи мо низ, агар муҳиту муҳлати мавҷударо ба назар гирем, дастовардҳои беназир ба амал омаданд. Атрофи дастовардҳои ин се даҳсола андешаҳои чанде аз фаъолони ноҳияро манзури хонанда хоҳем кард.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 12 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1329
Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Миралӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Бисту ҳафт сол мешавад, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ва мардуми шарифи он иди Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамоянд ва дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
ЧАРО МУҲИДДИН КАБИРИВУ ҲНИТ ДАР ВАРШАВА БЕЧОРАНОЛӢ МЕКУНАНД?
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 11 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1467
Вазъи сиёсии дунё имрӯз ба он далолат мекунад, ки бисёре аз кишварҳои олам дар ҳолати нигаронӣ аз воқеоти сарзада атрофи ДИИШ ва фаъолияти он мебошад.Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад,аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад.
МОДАР АЗ ДАСТИ МУҲИДДИН КАБИРӢ БА ФИҒОН АСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 07 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1300
Баъди чанде дар Варшава боз нишасти ҳуқуқи башари САҲА доир мегардад. Чун солҳои пешин намояндагони ТТЭ ҲНИТ ва баъзе думравону ҳамақидаҳои онҳо низ дар ин нишаст ширкат карданиянд. Албатта ҷомеаи демократӣ тақозои иштироки ҳамагонро новобаста аз назари сиёсияшон маҳдуд намекунад.
ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ДАРДИ ҶОМЕА
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 06 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1209
Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки дар заминаи эътиқодҳои динию мазҳабӣ ба амал меояд, экстремизм маҳсуб мешавад, ки он имрӯз ба ҳар роҳу восита ва мусоидати баъзе давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама суботу амнияти дилхоҳ ҷомеаро дар пай дорад.
ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 04 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1386
«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткорирр ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард» иброз намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ягона сиёсатмадоре мебошанд, ки дини мубини Ислом ва мусулмононро аз тероризму экстремизм орӣ ва беолоиш дониста, бо дифоъ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид борҳо матраҳ намудаанд.