САҲИФАИ АСОСӢ
ИН АМАЛИ НАНГИН ҶОМЕАРО ҲУШДОР ДОД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 14 Август 2018
- Просмотров: 1283
Дар вазъияте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои ҳамешагии худ пайи он аст, ки то Тоҷикистонро ба оламиён шиносанду, тоҷикро ҳамчун миллати сарбаланд муаррифӣ намоянд, ёфт мегардад баъзе ашхоси намакносипосу нокасе, ки амалҳои ноҷавонмардона ва беномусонаи худ ба ин ҳама кушишҳои шабонарӯзии ин шоҳсутуни миллат халал ворид созанд.
ТАҲСИН БА “ОФАРИН-5050”
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1367
Даҳсолаи охири даврони истиқлолият дар саросари кишвар аз ҷумла дар ноҳияи мо ҳам, коргоҳҳои истеҳсолӣ рӯйи кор омаданд. Маркази хизматӣ-маишии ҶДДМ “Хизмат” (КБО)-и пешинро бисёриҳо медонанд. Он дар ноҳия ягона коргоҳест, ки пас аз пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ ва хусусӣ гардиданаш дар самти худ фаъолият дорад. Ба наздикӣ соҳибкор Мирзоалӣ Алиев, роҳбари коргоҳи мазкур, бо саҳмгузории Абдузоир Боронов дар назди “Хизмат” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ сехи коркарди қоғази ташнобро ба роҳ монд. Сехи мазкур дар як шабонарӯз тавони коркарди 300 кг қоғазпораро дорад.
БЕЭЪТИБОР
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1382
Шиноснома бо рақами А 00420706, ки 11.03.1998 ШВКД-и дар ноҳияи Файзобод ба Убайдуллоев Фарҳод Бозорович дода буд, бинобар гум шуданаш, эътибор надорад.
Аттестати гумшуда таҳти силсилаи АБ №201681, ки соли 2002 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43 ба Наҷмудинова Севарой Ғиёсидиновна дода буд, беэътибор дониста шавад.
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, ки 22.06.1988 таҳти №67 КФБТ-и шаҳри Ваҳдат ба Холов Шарофиддин дода буд, бинобар гум шуданаш, эътибор надорад.
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, ки 10.09.1987 таҳти №736 КФБТ-и шаҳри Ваҳдат ба Ҳусейнова Шаъмигул дода буд, бинобар гум шуданаш, эътибор надорад.
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, ки 19.01.1982 таҳти №1091 КФБТ-и шаҳри Ваҳдат ба Шукуров Бобӣ дода буд, бинобар гум шуданаш, беэътибор дониста шавад.
Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А 0030069, ки 26.08.2016 таҳти №646 Кумитаи заминсозии ноҳияи Файзобод ба Ғуломов Дилшод дода буд, эътибор надорад.
Шаҳодатномаи гумшудаи ронандагӣ дараҷаи «В», ки 19.09.2009 таҳти № 00161909 Иттифоқи автомобилчиёни ноҳияи Файзобод ба Мирзоназаров Кароматулло Ҳаётович дода буд, беэътибор дониста шавад.
БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1385
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод ба диққати сокинони ноҳия мерасонад, ки рӯзи 10.08.2018 соати 900 дар маркази ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор менамояд.
Ярмарка ба корҷӯён ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои ишғолнагардидаро пешниҳод менамояд.
Инчунин ба шаҳрвандоне, ки касбу ҳунар надоранд, барои омӯзиш ба маркази таълимии калонсолони ноҳия фиристонида мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод. тел: 3.27.74
БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод ба диққати сокинони ноҳия мерасонад, ки рӯзи 10.08.2018 соати 900 дар маркази ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор менамояд.
Ярмарка ба корҷӯён ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои ишғолнагардидаро пешниҳод менамояд.
Инчунин ба шаҳрвандоне, ки касбу ҳунар надоранд, барои омӯзиш ба маркази таълимии калонсолони ноҳия фиристонида мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод. тел: 3.27.74
ХАТНАСУРИ 50 НАФАР
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1316
Масъули бунгоҳи тиббии деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод бо дастгирии сартабиби Маркази саломатии ноҳия Музаффар Мирзоев хатнасури 52 нафар кӯдакони оилаҳои нёзмандро гузарониданд. Ин амали хайр, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, қалби сокинони деҳаи Фатҳободро пур аз шодиву фараҳ намуд. Мардум аз ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат, раиси ноҳия ва пизишкони ҳозиқи диёр арзи миннатдорӣ намуда, шукронаи сулҳу амонӣ ва фазои тинҷу ороми кишварро намуданд.
Ҳоким САФАР.
ИН МУАССИСА ҲУНАР ЁД МЕДИҲАД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1451
Муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев панҷоҳ сол пеш бо номи «Мактаби мусиқии бачагонаи ноҳияи Файзобод» ба фаъолият оғоз кард. Боре Ҳабибулло Мирзошарифов, ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон, гуфт, ки ӯ дастпарвари ҳамин муассиса аст. Ҳайати имрӯзаи таълимдиҳандагони мактаб изҳори хурсандӣ менамоянд, ки бо чунин шахси фозил кор мекунанд. Мақсади бо директори муассиса Ҷаҳонгул Аслонова мусоҳиб шудани мо, ки огоҳӣ ёфтан аз фаъолияти ин мактаби ҳунар буд, сухан аз Ҳабибулло Мирзошарифов оғоз шуд.
ҶДММ «ЭЛОК-15» ҲАФТ НАМУДИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1454
Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин корхонаи коркарди шир дар ноҳия ба фаъолият оғоз кард.
Соҳибкор Рустам Назриев, ки чанд сол боз дар деҳаи Элок нуқтаи қабули ширро бунёд карда буд, бо дастгирии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода тасмими дар маркази ноҳия таъсиси корхонаи коркарди ширро намуд. Ва, инак, маҳсулоти корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-15» чанд рӯз боз рафҳои мағозаву дастурхони мардумро пур кардааст. Тавре аз суҳбат бо чандин нафар сокинони ноҳия дарёфтем, маҳсулоти корхонаи мазкур серхаридору аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мувофиқ ба талаботи рӯз истеҳсол мешавад.
РӮ БА РӮ БО МАРДУМ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1430
АЗ ҶАРАЁНИ ВОХӮРИИ ХУДОЁРЗОДА БАХТИЁР ТАБАР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶАВОНОН
Вобаста ба иҷрои амри Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Табар бо аҳли ҷамоатчигӣ, зиёиён ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дастовардҳои нав ба нав пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейи касбӣ-техникии ноҳия вохӯрӣ доир намуд.
ПЕШРАВИҲОИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 13 Август 2018
- Просмотров: 1320
Чанд сол аст, ки дар ноҳияи мо филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат фаъолият дорад. Ҳар сол ин муассиса 45-50 нафар хоҳарони шафқатро тайёр мекунад, ки як қисме пас аз хатми муассиса таҳсили худро дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишварамон идома медиҳанд.