Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

РӮ БА РӮ БО МАРДУМ

 

АЗ ҶАРАЁНИ ВОХӮРИИ ХУДОЁРЗОДА БАХТИЁР ТАБАР ДАР ҶАМОАТИ  ДЕҲОТИ ҶАВОНОН

Вобаста ба иҷрои амри Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Табар  бо аҳли ҷамоатчигӣ, зиёиён ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дастовардҳои нав ба нав пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейи касбӣ-техникии ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Зимни вохӯрӣ раиси ҷамоати мазкур Ҷаҳонгир Боев перомуни дастоварду комёбиҳои тайи  ду соли охир дар ҳудуди ҷамоат бадастомада сухан гуфта, тариқи слайд як-як онро пешкаши ҳозирин кард. Номбурда дар баромади хеш корҳои сохтмониро дар 15 маҳалаи зертобеи ҷамоати зикршуда таҳлили  карда, ба соҳибкороне, ки дар ин амали хайр ширкат намудаанд, арзи сипос намуд.

Намояндаи Ҳукумати кишвар Худоёрзода Бахтиёр Табар гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик санаи таърихист. Ба ин хотир баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии он моро дар якҷоягӣ зарур аст, ки корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дар ободу зебо ва шукуфон гардидани кишвари азизу маҳбубамон камари ҳиммат бандем.

Дар фарҷоми суханрониҳо раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз ҳозирини толор, зиёиёну соҳибкорон ва ашхоси фаъоли ҳудуди ҷамоат барои дастгириашон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ арзи миннатдорӣ намуд.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ