САҲИФАИ АСОСӢ
САЙРИ ОСОРХОНАИ ХОДИМОНИ ДИН
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 26 Июль 2018
- Просмотров: 1486
Чанде пеш бо иқдоми бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи беш аз 30-нафараи имомхатибони масҷидҳои панқвақтаву ҷомеъ ва сармутахассисони оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз Осорхонаи миллии кишвар дидан намуданд.
ВАЗОРАТ ҶАЛАСАРО ДАР ФАЙЗОБОД ГУЗАРОНД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 24 Июль 2018
- Просмотров: 1452
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор»-ро, ки 9 зертобеъ дорад, дар Файзобод гузаронд.
ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ФАРОҒАТӢ
- Подробности
- Категория: ВАРЗИШ
- Опубликовано 24 Июль 2018
- Просмотров: 3372
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш бо иқдоми ҷавонону соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ майдончаи зебову замонавӣ барои кӯдакону наврасон мавриди истифода қарор дода шуд.
АХБОРИ КИШОВАРЗӢ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 19 Июль 2018
- Просмотров: 1268
Ҳафтаи охир ҷамъоварии ғаллазор дар ноҳия ба 2100 гектар расида 3570 тонна ҳосил бардошта шуд, ки ҳосилнокӣ ба ҳар гектар 17 сентнерӣ аст.
ТАВСИЯҲОИ “СВИС ГРОВ”
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 19 Июль 2018
- Просмотров: 1413
Бо мақсади васеъ намудани боғҳо ва истеҳсоли меваҷоти босифат, хусусан себ, дар хоҷагии “Файзи Сайдонӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини раёсати кишоварзии ноҳия иштирок доштанд. Дар машварат Меҳмет Карайик, сарагроном оид ба корҳои боғпарварӣ аз ширкати “Свис гров”-и Ҷумҳурии Туркия ва Юнус Ҳоҷимуродов, намояндаи ҳамин ширкат дар Тоҷикистон, ба шунавандагон вобаста ба навъҳои беморӣ, тарзи истифодаи дурусти нуриҳои минералӣ, буриши санитарӣ, ғизодиҳӣ ва тарзи дурусти ҷамъоварии маваю сабзавот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
САРДХОНА БАРОИ 70 ТОННА
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 19 Июль 2018
- Просмотров: 1569
Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгў будан ба талаботи замони муосир тақозо мекунад, ки кишоварзон барои нигоҳдорӣ ва пешкаши аҳолӣ намудани молҳои ниёзи мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Сохтмони сардхонаҳо ба мақсад мувофиқ аст.
РУШД – АСОСИ БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ДЕҲОТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 19 Июль 2018
- Просмотров: 1283
РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ-узви Маҷлиси миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати рушди деҳот дастурҳои мушаххас доданд. Дар сурати амалӣ шудани дастуру тавсияҳои Сардори давлат ҳаёти хушу хуррами сокинони маҳал таъмин магардад.
475 ИНШООТ- ТУҲФА БА ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 16 Июль 2018
- Просмотров: 1462
Дар толори филармонияи халқии ноҳия бо иштироки фаъолон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятии дар ноҳия фаъолиятдошта, директорони мактабҳо ва ходимони дин маҷлиси васеи назди раиси ноҳия доир гардид. Дар маҷлис рафти омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ва рафти корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ дар ноҳия ва ҷамъбаси натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳия давоми нимсолаи аввали соли равон мавриди муҳокима қарор гирифт.
65 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ КАЙ БУНЁД МЕШАВАД?
- Подробности
- Категория: ВАРЗИШ
- Опубликовано 13 Июль 2018
- Просмотров: 3594
Соҳаи варзиши тоҷик давоми 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфт. Маҳз дар ин даврон ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, то варзишгарони тоҷик бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ кишварамонро байни дигар халқҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ намоянд.