Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

МОҲИПАРВАРӢ: ПЕШРАФТИ СОҲА ТАБЪИ ДИЛ НЕСТ!

Дар ноҳия хоҷагиҳои моҳипарварӣ ноҳия тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар асоси «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» фаъолият намуда, имрӯз дар пешкаши сокинони ноҳия гардонидани моҳӣ то андозае   саҳм гузоштаанд. Вале корҳои иҷро шуда барои пешрафти соҳаи моҳипарварӣ кифоят намекунад. Дарёи Элок бошад ба ривоҷи соҳа имконият медиҳад.

Ҳарчанд раёсати кишоварзии ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумати мамлакат дар самти парвариш ва истеҳсоли моҳиҳои хушзот корҳои муайянеро ба анҷом расонида бошад ҳам, мушкилоти ҳалношуда бисёр аст.

Айни вақт дар асоси қарори раиси ноҳия дар 17 гектар заминҳои ғайрикишоварзии шафати дарёи Элок барои 17 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони ҳавасманд қитъаҳои замин ҷудо гардида ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда шудааст, ки мувофиқи ҳисобҳои оморӣ дар онҳо зиёда аз 53 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешаванд.

Хоҷагиҳои калонтарини моҳипарварии ноҳия – «Меркуриӣ», «Соҳибназар», «Ёқут-2000», «Саидзод», «Меҳрафзун», «Ҳоҷӣ Ашӯр» ва хоҷагии Ш.Раҳимов ба ҳисоб мераванд, ки дар ин хоҷагиҳо аз 9 то 13 ҳазорӣ дона моҳӣ парвариш карда мешаванд.

Дар хоҷагиҳои номбаршуда асосан моҳиҳои хушзоти пешониғафс, амури сафед ва зағорамоҳӣ, ки ба иқлими Файзобод хеле мувофиқанду соле аз 600 то 1000 граммӣ вазн мегиранд, парвариш карда мешаванд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки парвариши ин намуди моҳиҳо хароҷоти калон талаб намекунад. Хӯроки асосии ин намуди моҳиҳо алафи сабз буда, хӯрокиҳои консентратиро кам истеъмол мекунанд. Рушди соҳаи моҳипарвариро бо назардошти гарон будани нархи моҳӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба яке аз соҳаҳои даромаднок табдил додан мумкин аст.

Хоҷагиҳои зиёде барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ҳарчанд қарори раиси ноҳияро гирифта бошанд ҳам, бо сабабҳои номаълум инкишофи соҳаи моҳипарвариро ба роҳ намондаанд. Бисёр мехостем бо раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки қарор доранду то ҳоло ба парвариши моҳӣ машғул нестанд суҳбат дошта бошем, аммо таассуф, ки на дар идораи кишоварзӣ ва на дар кумитаи заминсозии ноҳия рӯйхати раисони хоҷагиҳои моҳипарвариро дастрас карда натавонистем.

Барои ривоҷи соҳаи мазкур ҳавасмандӣ, ташкилотчигии раисони хоҷагиҳои моҳипарвар зарур аст. Мебоист онҳо ба ташкилу рушди соҳа камар банданд, то ки дастархони мардумро бо гӯшти парҳезии моҳӣ ғанӣ гардонда, ҳамчунин дар иҷрои «Барномаи рушди соҳаи моҳирпарварӣ» дар кишвар саҳм бигиранд.

Т. СОҲИБНАЗАРОВ.