Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

РУШД – АСОСИ БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ДЕҲОТ

 

РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ-узви Маҷлиси миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати рушди деҳот дастурҳои мушаххас доданд. Дар сурати амалӣ шудани дастуру тавсияҳои Сардори давлат ҳаёти хушу хуррами сокинони маҳал таъмин магардад.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ноҳия буда, рушди он талаботи ҳамарӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.  Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дур нарафта фаъолияти шашмоҳаи кормандони соҳаро мавриди таҳлил қарор медиҳем.

Дар ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ хаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 51855,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки  ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5671,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда ба 112,3 фоиз баробар мебошад. Кишоварзон дар 5958 гектар майдон кишт гузарониданд: ғалладонагиҳо  3331 гектар,   зироатҳои техникӣ 866 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 220 гектар, картошка 820 гектар, сабзавот  711 гектар.

Зимни иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» имсол бояд дар 667 гектар боғҳои нав бунёд намоем. Ин нақша  аллакай дар ҳадди 47 фоиз таъмин гардидааст.   Ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ба ҳолати 1 июл: ғалла - 1020 тонна, картошка 576 тонна, сабзавот 6 тонна, мева 76 тонна, хӯроки чорво 9000 тонна.  Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ғалладона 16,5 сентнер, картошка 160 сентнер, сабзавот 60 сентнер, хӯроки чорво 22 сентнер ба даст омад.      

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 797 тонна  гӯшт,  6528 тонна шир,  7906,6 ҳазор дона тухм, 55 тонна пашм, 4 тонна пила, 8 тонна асал истеҳсол шудааст. 

Саршумори ҳайвони калони шохдор ба 44043 сар,  модаговҳо ба 21471 сар, бузу гӯсфанд ба 109785 сар, паранда ба 200798 сар, асп ба 1380 сар ва замбури асал  ба 7655 оила расонида шуд, ки нисбати соли гузашта нишондиҳандаҳо беҳтар аст.

Соҳаи чорводорӣ меҳнати ҷиддиро талаб менамояд. Бинобар ин дастур медиҳем, ки баҳри баланд бардоштани истеҳсолот ва маҳсулнокии чорво, паранда, замбури асал кишоварзон тамоми кӯшишу ғайраташонро равона созанд, аз имкониятҳо истифода баранд. Афзоиши натиҷаҳо, рушду тараққии соҳа масъулияти бештари раисони ҷамоатҳо, роҳбарону мутахассисасони соҳаро тақозо дорад.   

Дар шароити кунунӣ ба фаъолияти ҳар як хоҷагӣ аз рӯи вазъи молиявии он баҳо дода мешавад. Бояд гуфт, ки ҳолати молиявии баъзе хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонии ноҳия қаноатбахш нест. Бақияи қарзи солҳои пешинаи андози хоҷагиҳои коллективӣ айни замон 236855 сомониро ташкил медиҳад.

Боиси таассуф аст, ки роҳбарони хоҷагиҳо бо мутахассисон таҳлилҳои соҳавӣ намегузаронанд, баҳри иҷрои камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ намеандешанд.

Дар ноҳия кумитаи идораи  замин фаъолият менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оиди ҷудо намудани китъаҳои замин ба шаҳрвандон, назорати истифодаи замин аз  ҷониби заминистифодабарандагон, бо сертификати истифодаи замин таъмин намудани шаҳрвандон корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Дар ҳудуди ноҳия 16 адад ҳодисаҳои вайронкуниҳои қонунгузории замин ошкор карда шудааст, ки аз ин 2 мавод ба прократура, 10 мавод ба суд барои бо тариқи маҷбурӣ ситонидани ҷарима ирсол гардидааст. Ин сохтор метавонад дар рушди соҳаҳои вобаста ба кишоварзӣ саҳми муносиб дошта бошад. Ин идора дар шашмоҳ фаъолияти як корхона, 16 муассисаю хоҷагиҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро зери назорат қарор дода, 18  супоришу пешниҳод ва амрномаҳо таҳия намуда иҷрои  14-тои онро таъмин кардааст. Нисбати 35 нафар қонунвайронкунандагон ба маблағи 3750 сомони ҷарима баста аст. Кӯшишҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зист баҳри тадбиқи Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия таҳти раками №1150 аз 27.12.2016 сол «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва ободони дар ноҳия» натиҷаҳои хуб доданд. Дар ҳудуди ноҳия 41022 бех ниҳолҳо шинонда шудааст, ки аз он 13727  тоаш ниҳолҳои мевадиҳанда аст. Дар ду тарафи  шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди ноҳия зиёда  аз  4196 ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуда, дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар тавозуни худ 13636 гектар замин дорад. Аз ҷумла заминҳои корами лалмӣ 16 гектар, зинабоғҳо 363 гектар, боғи обӣ 30 гектар, чарогоҳ 6950 гектар, буттазор 3256 гектар. Ин муассиса дар шашмоҳаи аввал 24 гектар ҷангалзорро барқарор карда, барои ҷангалзори оянда дар 8 гектар дарахт шинондааст.

Даромад аз ҷангал тибқи нақшаи солона 60000 сомонӣ, ки иҷроиш то ба имрӯз 42000 сомониро ташкил мекунад.

Дар ноҳия Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А.Назиров фаъолият мекунад, ки самти асосиаш картошкапарварӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки хоҷагӣ тибқи дастури муовини сарвазири кишвар муҳтарам Зокирзода М. бояд дар майдони  200 гектар картошка кишт мекард. То ба имруз ба 124 гектар расондани майдони кишт набояд кишоварзони хоҷагиро қонеъ гардонад.

Мехоҳам мулоҳизаҳои худро оид ба таъмини буҷа сарфу харҷи маблағҳо баён намоям, зеро Сардори давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли  2017) диққати роҳбарони шаҳру ноҳияро ба ин масъала ҷалб намуда буданд.  

Дар ин давра афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин карда шуда, иҶрои буҶа дар Қисми даромад, бо дарназардошти маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ба ҷои 19 млн 791 ҳазор сомонӣ 19 млн 650,4 ҳазор  сомонӣ ё ба андозаи 99 фоизи нақша  маблағ ворид шуд, ки аз нақша  ба маблағи 140,6 ҳазор сомонӣ  кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 762,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз буҷети ҷумҳуриявӣ 11 млн 691,3 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 98,8 фоизи нақша маблағҳои мақсаднок  ворид гардид. Маблағҳои мазкур дар ҷамъи умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 59,4 фоизро ташкил медиҳад.

Аз соҳаҳои иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ  ба ҷои 7 млн 959 ҳазор сомонии нақша 7 млн 959 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз  иҷро гардид, дар ҷамъи умумии қисми даромади буҷети  маҳҳалӣ 40,6 фоизро ташкил медиҳад, ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 928,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Қисми хароҶоти буҷети маҳаллӣ  ба ҷои 22 млн 70,5 ҳазор сомонӣ, 20 млн 712,6 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи  94 фоиз хароҷот  гардид, ки аз нақша 1 млн 357,9  ҳазор кам мебошад.

Бисёре аз андоздиҳандагон уҳдадории худро оид ба пардохти андозҳо дар назди давлат сари вақт ва пурра иҷро накарданд, ки ин боиси пайдо гаштани бақияпулиҳои андозӣ мегардад.

Дар давраи сипаришудаи соли 2018 аз ҳамаи манбаъҳои  маблағгузорӣ  ба маблағи  196 млн 661,3 ҳазор  сомонӣ  корҳои таъмиру сохтмонӣ  иҷро шудаанд, ки аз ин 533  ҳазор сомонии он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблагӣ 207 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ба маблағи 194,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. 195 млн сомонии он аз ҳисоби  гранти Барқи тоҷик ҷиҳати амалӣ намудани хатҳои интиқоли барқи КАСА-1000 мебошад.

Корхонаҳои саноатӣ дар  шаш моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ 6 млн 103,9  ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 525,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои корхонаҳои хурди саноатии ноҳия танҳо дар ҷамъи умумӣ 10,3 фоиз ё ба маблағи 631,7  ҳазор сомонӣ рост меояд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва маҳсулоти ширӣ дар ноҳия кӯшишҳо ба харҷ дода ниятҳо ба амал бароварда мешаванд.

Ба Корхонаи масъулияташ маҳдуди “Хизмат” баҳо дода бояд қайд кунам, ки он дар шаш моҳ ба аҳолӣ ба маблағи 43,3 ҳазор сомонӣ хизмат расонидааст, ки ин нисбати  нақша 108,3%-ро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур 13 намуди   хизматрасонӣ ҷорӣ карда шудааст. Беҳтарин коре, ки анҷом медиҳад, дӯхтани либосҳои мактабӣ мебошад.  Корхона имконият дорад, ки шаклҳои нави хизматрасониро ба роҳ монад, барои рушди соҳаҳои дигари ноҳия мусоидат кунад.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба аҳолии ноҳия ба миқдори 35678,2 ҳазор кВт соат қувваи барқ ворид гардидааст, ки маблағи умумии қувваи барқ 8304,5 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 7108,5 ҳазор сомонии ё ба андозаи 86 % пардохт карда шудааст

Идораи бисёрсоҳавии манзилию коммуналии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи  560  ҳазор сомонӣ  корҳоро ба анҷом расонид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Пардохти маблағҳои комуналлӣ аз тарафи аҳолӣ сари вақт пардохт нагардида, боиси ба вуҷуд овардани монеаҳо барои фаъолияти корхона мегардад. Аз ҷумла қарздорӣ дар ҷамоати шаҳрак ба маблағи 88,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхонаи мазкурро  зарур аст, ки оид ба таъмини оби нӯшокӣ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳо чора андешад

Дар шаш моҳи соли 2018 дар ноҳия 7164 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда,  маблағи умумии нафақапулиҳо 10 млн 303,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки айни замон пурра маблағгузорӣ шудааст.

Сардори давлат ҳамеша таъкид менамояд, ки барои беҳбудии зиндагии сокинони деҳот аз воситаҳои муҳим самаранок истифода бурда шавад. Рушду тараққии соҳаҳои гуногун боиси беҳбудии зиндагӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим мегардад. Бо ҳамин мақсад дуруст ба роҳ мондани кори соҳаҳои фарҳангу иҷтимоиёт аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб мешавад. Бояд зикр кунем, ки давоми шаш моҳи соли равон сохторҳои марбут ба иҷтимоиёту фарҳанг вазифаҳои дар наздашон гузошташударо  то ҳадди имкон ба иҷро расонданд. Бо ин мақсад мунтазам миёни сокинони ноҳия корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва оммафаҳмонӣ доир карда шуд. Мавзӯъҳои асосии суҳбату вохӯриҳоро ба татбиқи дастурҳои Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, одобу ахлоқи ҷавонон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълму тарбияи фарзанд” равона гардид. Яке аз соҳаҳои муҳиму фаъолияти васеъдошта соҳаи маорифи нохия мебошад. Айни замон дар 60 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 21461 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имруз 1389 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки 953 нафари онҳо дорои таҳсилоти олӣ, 149 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус, 52 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра ва 149 нафар дорои тахсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар нохия 4 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он 500 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба тарбияи онхо 30 нафар мураббиён машғул мебошанд.

Бо мақсади мустаҳкам гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 737 компютер, 205 принтер, 54 генераторҳои барқдиҳанда, 12 кабинети технологияи иттилоотӣ ва 48 синфхонаҳои технологияи инфарматсионӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар даври олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар мактаби байналмилалии президентии ш.Душанбе баргузор гардид, 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва соҳиби медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Нафари дигар сазовори унвони аъзои вобастаи Академияи хурди илмҳои ҶТ гардид.

Соли чорум аст, ки дар назди шуъбаи маориф маркази рушди истеъдодҳо амал менамояд, вале,  мутаассифона, ин ниҳод то имрӯз кори назаррасеро анҷом надодааст. Бахши технология иттилоотию коммуникатсионии шуъбаи маориф низ хуб кор намекунад.

Мустаҳкам кардани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ вазифаи шуъбаи маориф аст. Ҳамчунин  омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақвият бахшида, робитаи худро бо оила ҳам мустаҳкам созанд.

Имрӯзҳо баҳри солимии аҳолии ноҳия 15 марккази саломтӣ, 27 бунгоҳи саломатӣ, 6 маркази соҳавӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолият намуда, дар онҳо 105 духтурон ва 434 ҳамшираҳои тиббӣ ба сокинон хизмати тиббӣ мерасонанд. Инчунин дар беморхонаи минтақавии деҳоти Мискинобод ва дар 16 Марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳуҷраҳои махсуси дорои шароити зарурӣ ташкил ва мутахассисон – ҷарроҳони кӯдакона барои гузаронидани амалиёти хатна вобаста карда шуда ва дар оянда дар ҳамаи марказу бунгоҳҳои саломатӣ ҳуҷраҳои гузаронидани хатнаи кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар давраи ҳисоботӣ 175 маротиба рейду санҷишҳои санитарию гигиенӣ гузаронида, 61 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботи санитарӣ ба маблағи 9200 сомонӣ ба ҷаримаи маъмурӣ кашида шудаанд. Инчунин фаъолияти 16 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба қоидаҳои меъёрии санитарию гигиенӣ боздошт шуда, аз мағозаҳои ноҳия ба миқдори 303 килограмму 393 грамм маводҳои хӯроквории муҳлати истифодабариашон гузашта ва 42 номгӯй бозичаҳои кӯдакона аз фурӯш гирифта шудааст, ки маблағи умумиашон 3697 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҷиҳати амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор корҳоро анҷом дод.

Дар шаш моҳи соли  ҷорӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш, имомхатибон, фаъолону собиқадорони маҳаллаҳо бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо гузарониданд, ки муҳтавои суҳбату вохӯриҳоро асосан мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз гароиш ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию осоиштагии мардум ва бунёдкорию созандагиҳо ташкил медод. Кори бахши фарҳанги ноҳия бобати доир намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, иштирок да;р маъракаву чорабиниҳои ҷумҳуриявию ноҳиявӣ қаноатбахш аст.

Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, баҳри иҷрои Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва дигар барномаҳои давлатии соҳа миёни занҳо корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бурда, барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия кори муайянеро ба сомон расонид. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ин давра аз тарафи бахш дар ҳамбастагӣ бо дигар шуъбаву бахшҳои дахлдор оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷ,икистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон ва сокинони маҳаллаҳо вохӯрию суҳбатҳо доир карда шуда, ба ин кор фаъолзанону собиқадорон ҷалб карда шуд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳия озмуни “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Наттоқи беҳтарин”, “Аллаи беҳтарин”, “Наврӯзгоҳи беҳтарин” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангию фароғатӣ аз нуҳ Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оилаҳои намунавӣ ва ҷавонон иштирок намуда, бо сипосномаи раиси ноҳия ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади ташвиқу тарғиби         тарзи ҳаёти солим, донишандӯзӣ, тарбияи насли наврас семинару машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ба нақша гирифта, амалӣ менамояд.  Бо мақсади пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб кормандони бахши мазкур дар якҷоягӣ бо комиссияи ҳуқуқи кӯдак, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миёни ҷавонон ва волидони онҳо мунтазам вохӯрию суҳбатҳои судманд гузаронида, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ доир менамоянд.

Бо қарорҳои раиси ноҳия 87 адад чойхонаҳои ҷамъиятӣ ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва толору марказҳои ҷавонон табдил дода шуданд, ки, мутаассифона, аксари онҳо то имрӯз мавриди истифода қарор нагирифтанд.           

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Дар мақомоти шуғли аҳолӣ 443 нафар шаҳрвандони корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки 298 нафарашон мақоми бекорӣ гирифтанд. Аз ин шумора 242 нафарашон занҳо мебошанд. Дар ин давра ташкилоту корхонаҳо 76 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод карданд. 130 нафар корҷӯён ба курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи касбҳои зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ ва чакадӯзӣ ҷалб гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки кори мақомоти шуғли аҳолӣ бобати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва ба занон омӯзонидани ин ҳунарҳо ғайриқаноатбахш аст. То имрӯз ҷиҳати ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти сеху корхонаҳои атласу адрасбофӣ, эҳёи ҳунарҳои дигари мардумӣ, ташкили корҳои хонагии занон аз ҷониби Агентӣ чораҳои амалӣ роҳандозӣ намегардад.

Дар ин давра ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 41 нафар шаҳрвандони бешуғл ба андозаи 105200 сомонӣ пардохт шуд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2017 5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба 47 нафар шаҳрвандон ба маблаги 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ оиди бекорӣ дода шуд, ки ин нишондиҳанда 78%-и таъмини иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия дар шаш моҳи соли равон дар асоси дастуру супоришхои Вазорати тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва низомномаи бахш ба роҳ монда шуд.

Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба 160 нафар маъюбони гурӯҳи якум ва дуюм, 13 нафар ятимони кулл, 3 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 29 нафар иштирокчиёни Чернобил, 63 нафар нобиноён, 3 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва 57 оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта, ҳамагӣ ба маблағи 5365 сомонӣ кумакҳои пулию молӣ расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо ҳанӯз дар соҳаи маънавиёт камбудиҳо дида мешавад.

Маънавиётро заминаи боэътимоди рушди маҳал бояд ҳисобид. Тарбияи одам, одами солими ҷомеа дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ифтихор аз Ватану миллат тарбия ёфтани инсонҳо сафарбар намудани онҳо ба ободу зебо гардонидани диёр ба маърифати баланд вобаста аст.   

Боварӣ дорем, ки минбаъд низ меҳнаткашони ноҳия дар  амалисозии  нақшаҳои тарҳрезигардида ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, сафарбар намудани сокинони ноҳия ба корҳои ободонию созандагӣ ва иҷрои бемайлону саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат  варзида   дар   ободу зебо намудани  Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.