Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

“РЕШАҲОИ НОАЙЁН” ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТ

 

Гумраҳе дар  ботлоқи гумраҳон,

Мезанад даст, мезанад по ҳар замон.

Динфурӯш мазҳабфурӯши беимон,

Ҳамчу хар афтода дар гил ногумон.

Тамошои филми “Решаҳои ноайён”, ки шоми 18 июни соли равон аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионҳои кишвар  намоиш дода шуд ва аз кору пайкори сиёҳи як тан аз хоинони  ватан,  воизи шинохтаи  даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки имрӯз аз карда пушаймону иқрор ба гуноҳи худ аст,  бешак  ҳар фарди мусалмонро ба  андеша водор месозад. Амалҳои Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки ба ботлоқи бадномию  беномусӣ ғуттазадааст, башорат бар он медиҳад, ки  мазҳаби Имоми Аъзам  беҳтарин мазҳаб  будаву ҳар ки онро қабул кардааст дар дигар мазҳабу равия қарор  нахоҳад гирифт. Ва ҳар кӣ инро содир кард чун Саид Қиёмиддини Ғозӣ гумроҳу  “по дар ҳаво” хоҳад монд. Зеро ин шахси имонфурӯш “Чун хар дар гил фитода”-ву бори ваҳҳобиҳоро кашида, ба хизмати онҳо камар баст. Амалҳои худро бешармона дар ин филм ба ёд меорад, ки: "Дар майдони Шуҳадо яке аз суханварҳо ман будам, ман мардумро даъват кардам. Хеле суханҳои обдор задам. Ҳамин суханҳои ноҷо, ҳамин даъватҳои ноҷо, ҳамин майдони ноҷо боис шуд, ки миллионҳо одам муҳоҷир шуд, ҳазорҳо одам бехонумон шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монд.”

Бале ҳамин суханҳои  Саид Қиёмиддини Ғозиву ҳаммаслаконаш ба сари миллати  тоҷик чӣ қадар бадбахтиҳоро пеш овард, ба чизе қиёс ношуданист. Он замон  ин “генерали мардумӣ” ба қавли Шайх Саъдӣ “мискин  хараке орзуи дум кард...” дар фикри  шуҳрату пулу мол даст ба домани хоҷагони  шиамазҳаби хориҷияш  зад. Аз сухану  гуфтори рафтори онҳо берун набаромада худро дар курсиҳои баланди мансабу манзалат тасаввур мекард. Манфиати Ватану  миллат барояш бегона шуда буд, дили сангини ӯву ҳаммаслаконашро  гиряи модару тифлони масъуми ятиммондаи миллати он солҳо ҷафокашида ба раҳму шафқат  моил намесохт.Бо ҳидояти хоҷагони  хориҷӣ ин ғуломони нафс ҳаммиллатони худро сӯи ду роҳи пурхатар –ваҳҳобӣ ва шиагароӣ бурдан мехостанд. Аммо маърифату маънавиёти азалии миллати тоҷик ба фарзандони солеҳаш роҳи ростро  роҳнамун сохт то аз паси ин  тоифаи ватанфурӯшон нараванд.

Эй ғуломи хоҷагони хориҷӣ,

Ҳайф бодат, ҳайфи номи тоҷикӣ.

Рафтию гашти ба гирдоби гуноҳ,

Вой бар ту , вой бар ин содагӣ.

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқоти бахшида ба оғози моҳи Рамазон, ки рӯзи 12 май бо намояндагони ҷомеа  баргузор шуд аз Эшони Қиёмиддин Ғозӣ, яке аз роҳбарони гирдиҳамоиҳои солҳои 1991-1992 дар Душанбе ёдовар шуд ва гуфт, ки ӯ дар бозпурсиҳо гаравиданаш ба мазҳаби шиа ва ҳамкориаш бо идораҳои ҷосусии Эронро эътироф кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки Эронро "кишвари дар нохунак "дӯст”-и мо” ном бурд, гуфт: "Ду моҳ пештар ба ном "генерал” Қиёмиддин, эшони Қиёмиддини Ғозималик, ки яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 буд, дастгир карда шуда, ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак "дӯст”-и мо боз барои ҳамон амалҳои нопоку ғаразноки худ. Пурра, ҳоло худаш иқрор мекунад, ки пурра мазҳаби шиаро ҳамин қадар сол қабул кардааст, пурра бо супориши сохтори ҷосусии ин кишвар зидди миллати тоҷик кор бурда истодааст.”

Саид Қиёмиддини Ғозиву ҳамдастонаш чун диданд, ки  ҳамватанонашон дигар  ба доираи дасти онҳо “рақс” намекунанд, ҷилои Ватан карданд. Ва чи тавре дар филм эътироф мекунад берун аз Ватан  бо саркардагони  ТТЭ ҲНИТ дар фикри табадуллотҳои зиёд шуданд, бо миллионҳо суми хоҷагонашонро  кишварро бо боз ба гирдоби  нооромиҳо кашиданӣ буданд ва  шукр, ки ниҳодҳои қудратии мамлакат   ҳами ин нақшаҳои  нангини онҳоро пешгирӣ карду  мекунад. Воқеан ҳам:

Ҳизби наҳсу ҳизби касрат назҳат аст,

Ҳизби хунхор, ҳизби куштор назҳат аст.

Носирхӯҷа Раҳимов,

сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳия.