КИШОВАРЗӢ
САРДХОНА БАРОИ 70 ТОННА
- Подробности
-
19 Июль 2018
- Опубликовано 19.07.2018 13:49
Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгў будан ба талаботи замони муосир тақозо мекунад, ки кишоварзон барои нигоҳдорӣ ва пешкаши аҳолӣ намудани молҳои ниёзи мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Сохтмони сардхонаҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Дар яке аз маҷлиси назоратии раиси ноҳия атрофи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода шуда буд.
Соҳибкор Акмал Хоралиев, ки бештар ба боғпарварӣ машғул аст, дар мавзеи Муллотуғмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон сардхонаи замонавиро барои нигоҳдории 70 тонна меваву сабзавот сохт. Дар сохтмони сардхона 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Сардхона меваи боғҳои Акмал ва бародаронашро дар фасли зимистон тару тоза нигоҳ медорад.