ХАБАРҲО
САЙРИ ОСОРХОНАИ ХОДИМОНИ ДИН
- Подробности
- Опубликовано 26.07.2018 08:55
Чанде пеш бо иқдоми бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи беш аз 30-нафараи имомхатибони масҷидҳои панқвақтаву ҷомеъ ва сармутахассисони оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз Осорхонаи миллии кишвар дидан намуданд.
Мақсад аз сайри осорхона намудани ходимони дин пеш аз ҳама ошноӣ пайдо намудани эшон аз макону мавзеҳои таърихиву фарҳангии кишвар ва огоҳӣ доштан аз гузаштагон аст.
Пас аз тамошои осорхона чанде аз эшон зикр карданд, ки тамошои осори ниёгон ва ширкат дар маҷлису ҷорабиниҳои фарҳангӣ рӯҳияи инсонро баланд бардошта, ба асолати миллии хеш ошно месозад. Аз ҷониби дигар яке аз роҳҳои афзали ҷалби ҷавонон ба фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ бо чашми сар дидани кору пайкори гузаштагон аст.
Иқдоми ходимони дин метавонад қалби садҳо ҷавонро ба сӯйи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ бедор созад ва аз сӯйи дигар фарҳангу маърифати ҷамъиятии онҳоро миёни мардум баланд бардорад.